Сафари Маҳмадтоир Зокирзода ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб

№149 (4732) 07.12.2023

5-уми декабри соли 2023 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо даъвати Раиси Шӯрои миллии федералии Амороти Муттаҳидаи Араб Сақр Ғобаш ҷиҳати иштирок дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйир­ёбии иқлим ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб сафар намуд.

Дар кори Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим намояндагони зиёда аз 140 мақомоти миллии парлумонӣ иштирок менамоянд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон