Понздаҳуми сентябри соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазир ва муовинони ӯ, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ ва масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат масоили омодагӣ ба зимистон ва вусъат додани корҳои кишоварзӣ баррасӣ шуд.
Дар назди масъулин доир ба омода кардани тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа — захираи маводи ғизоию сӯзишворӣ, омодасозии шабакаҳои барқӣ, нақлиётӣ ва дигар зербинои коммуникатсионӣ ва ҳамчунин оид ба ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, тайёрӣ ба кишти тирамоҳию барвақтӣ, афзун намудани шумораи гармхонаҳои сабзавоткорӣ ва анҷом додани дигар корҳои таъхирнопазир вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Таъкид гардид, ки корҳои омодагӣ ба зимистон бояд ҷиддӣ, сари вақт ва босифат анҷом дода шаванд.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки майдони кишти картошка, пиёз ва дигар сабзавоти барвақтӣ бояд афзун карда шавад, зеро талабот ба ин маҳсулот дар бозори дохил ва хориҷи кишвар хеле афзудааст.
www.president.tj