Чанде пеш дар деҳоти «Сомонӣ»-и шаҳри Ҳисор дар шафати шоҳроҳи Душанбе Турсунзода маросими пардабардорӣ аз рӯи пайкараи рамзии «Гӯсфанди ҳисорӣ», ки сохтмони он бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор роҳандозӣ шудааст, баргузор гардид.
Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар меҳмононро хайра мақдам гуфта, зикр намуд, ки бо ташаббус ва пешниҳодҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меросҳои моддию фарҳангии зиёди халқи тоҷик, ки аз ниёгон ба мо мерос мондааст, ба Феҳристи ташкилотҳои ҷаҳонию байналмилалӣ ворид гардидаанд. Гӯсфанди зоти ҳисорӣ низ аз ҷумлаи меросҳое маҳсуб меёбад, ки дар идоракунии захираҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ дорои аҳамияти ҷаҳонӣ мебошад.
Ӯ, аз ҷумла, иброз намуд, ки бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-уми майи соли равон дар шаҳри Ҳисор семинари минтақавӣ дар мавзӯи «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ: ҳолат ва дурнамо» доир шуда, олимону мутахассисони соҳа иштирок ва назару андешаҳои хешро баён доштанд. Семинар — машварати минтақавӣ дар самти рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи чорводорӣ, парваришу афзоишдиҳии гӯсфандони дорои нишондиҳандаҳои баланди маҳсулнокӣ ва сифатҳои зотӣ-гӯсфанди зоти ҳисорӣ бахшида шуда буд.
Дар чорабинии мазкур олимони соҳа оид ба таърихи пайдоиш, дастовардҳои илмию истеҳсолӣ, рушди минбаъда, хусусиятҳои маҳсулнокии типи «шаҳринавӣ»-и гӯсфандони зоти ҳисорӣ, усулҳои такмил додани маҳсулнокии типи «фархорӣ»-и гӯсфандони зоти ҳисорӣ маърӯза карда, аз ҷумла, зикр намуданд, ки дар кишвари мо асосан селексияи мардумӣ шуҳрат дошта, шахсоне, ки ба ин кор машғул буданд, дар тӯли солҳои зиёд зотҳои беҳтарини чорворо ба вуҷуд оварданд. Зоти гӯсфандони ҳисорӣ, ки калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон эътироф шудааст, маҳсули селексияи мардумӣ мебошад ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои чорводорӣ, нигоҳ доштани зотҳои маҳаллии чорво, аз ҷумла гӯсфанди ҳисорӣ, таваҷҷуҳи хос дошта, олимони соҳаро ҷиҳати такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии ин зоти чорво пайваста ташвиқ менамоянд.
Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар Тоҷикистон саршумори зоти гӯсфандони ҳисорӣ 1,7 миллион сарро ташкил дода, ба парвариши ин зоти машҳур дар ҷумҳурӣ 7 заводу хоҷагии зотпарварӣ машғуланд. Ин зоти гӯсфанд аз рӯи нишондоди вазни зинда дар ҷаҳон калонтарин дониста шудааст ва минтақаи парваришу афзоишдиҳии зоти ҳисорӣ танҳо дар Тоҷикистон маҳдуд нест. Давоми солҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯсфанди зоти ҳисорӣ ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Украина ва Беларус интиқол шуда, мавзеи парвариши онҳо торафт васеъ мегардад. Нақши гӯсфандони зоти ҳисорӣ дар такмилдиҳии маҳсулнокии гӯсфандони зоти думбадор ва ба вуҷуд овардани зотҳои нав дар Осиёи Марказӣ хеле калон мебошад.
Рӯзҳои 28-29-уми июли соли 2023 бо ибтикори Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ва мавзеи Хоҷа Сангхоки Ҷамоати деҳоти «Зидеҳ»-и ноҳияи Варзоб бо иштироки мутахассисони соҳаи чорводорӣ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, давлати Канада ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар мавзӯи «Дастовардҳои селексионӣ оид ба такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва нақши он дар офаридани зоту типҳои нав» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ доир гардид.
Дар рӯзи аввали кори конференсия олимон ва мутахассисони соҳаи чорводорӣ оид ба роҳҳои рушд додани парвариши гӯсфандони думдор, бахусус оид ба вазъи имрӯзаи гӯсфанди зоти ҳисорӣ дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, мубодилаи афкор карда, дар доираи ҳамкорию шарикиҳои байналмилалӣ, таҷрибаи пешқадами илмӣ, васеъ намудани минтақаи парвариш, беҳтар намудани сифатҳои ирсӣ, маҳсулнокӣ ва афзоиш додани шумораи онро тасмими оқилона ва ба манфиати мардумони кишварҳо арзёбӣ намуданд.
Конференсия дар мавзеи Хоҷа Сангхоки ноҳияи Варзоб идома ёфта, иштирокчиён бо дастовардҳои селексионии олимони тоҷик, инчунин зотҳои ҳисории типи «фархорӣ», «шаҳринавӣ» ва намудҳое, ки бо усулҳои халқӣ такмил ёфтаанд, шинос гардиданд. Идеяи гузоштани пайкараи рамзии «Гӯсфанди ҳисорӣ» дар ҳудуди ватани аслиаш — водии Ҳисор зимни андешаронии олимон тавлид шуд. Пайкараи рамзии «Гӯсфанди ҳисорӣ», ки дар асрҳои VI мелодӣ бо усули селексияи халқӣ офарида шудааст, дар ҳамин водӣ гузошта шуд.
Дар идомаи суханрониҳо муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Машокир Назарзода, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Усмон Маҳмадёрзода, собиқадори соҳаи чорводорӣ, собиқ директори Хоҷагии зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор Турдиҷон Ораев аз иқдоми шоистаи раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар изҳори қаноатмандӣ карданд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»