Ҳанӯз аз аҳди қадим фарзонафарзандони миллати фарҳангпарвару тамаддунофари тоҷик роҳи маърифат ва илму донишро равшан карда, дар пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Душманону бадхоҳони миллати тоҷик дар замири нопоки хеш орзуи ғасби сарзамин ва маҳви илму фарҳанги онро парварида, барои пешрафти он монеа эҷод менамуданд.
Хушбахтона, бо вуҷуди ноҷавонмардию хиёнат, халқи шарифи тоҷик ҳамеша аз хиради азалии хеш кор мегирифт. Дар саргаҳи ин раванд аз аҳди давлатдории Каёниёну Ҳахоманишиён, Сосониёну Сомониён, Саффориёну Тоҳириён, Ғуриёну Сарбадорон, Оли Курт то кунун шахсиятҳои миллатдӯсту меҳанпараст қарор доштанду доранд.
Пас аз Ҷанги якуми ҷаҳон, ки тақсимоти дигарбораи ҷаҳон оғоз шуд, барои аксар халқияту миллатҳо душвориҳои зиёд пеш омад. Аз ҷумла, Осиёи Марказӣ чун гавҳари кашфношуда ва дорои захираҳои бузурги табиӣ диққати тамоми абарқудратҳоро ҷалб намуд. Мисоли равшани инро дар Осиёи Марказӣ дар ҳузури сиёсӣ пайдо кардани пантуркистон ва ба ин марз интиқол додани ҷараёни пантуркизм, ки нимаи дуюми асри XIX дар Қрим таъсис ёфта буд, мушоҳида карда метавонем. Бисёр донишмандони аз нигоҳи этникӣ мутааллиқ ба миллати тоҷик чеҳра иваз карда, бештар аз бегонагон теша ба решаи худ заданд. Маҳз, бо сабаби хиёнаткории чунин нафарон миллати куҳанбунёди тоҷикро хатари пурра аз байн рафтан ва фарҳангу тамаддуни онро комилан маҳв шудан таҳдид мекард.
Дар ин марҳилаи ҳассос фарзонагони миллати сарбаланди тоҷик, ба монанди Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Иброҳим Исмоилов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Саидаҳмад Анваров, Аббос Алиев, Абдуқодир Муҳиддинов (дар аввал пантуркист буд, бо фаҳмондадиҳиҳои аллома Айнӣ иштибоҳашро дарк кард ва ислоҳ шуд) ва дигарон бо далерӣ, ҷасорат ва шуҷоатмандӣ аз зуҳури хеш дарак доданд. Дар қатори ин ҷонфидоёни миллат ва таъсисгарони давлати навини Тоҷикистон ҷаҳду талошҳо ва заҳмату машаққати беназири фарзанди фарзонаи миллат Шириншоҳ Шоҳтемур бештар қобили ёдоварӣ ва шоистаи таҳсин аст.
Дар шароите ки душманони миллати мо афзалият дошта, аз нигоҳи низомӣ, сиёсӣ ва идеологӣ комилан мусаллаҳ буданд, масъалаи миллиро матраҳ кардан ниҳоят душвор буд. Дар он вазъияти мураккабу хатарзо баррасии масоили миллӣ, махсусан тоҷикият ва дифоъ аз арзишҳои миллӣ, ба баҳои ҷон баробар буд. Дар чунин шароит Шириншоҳ Шоҳтемур баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва бунёди давлати миллӣ талош варзид.
Ин марди далеру ҷасур ва таҳамтансирату қавиирода аз душманон заррае наҳаросида, чанде аз фаъолони сиёсии тоҷикро ҷамъ оварда мегӯяд: «Дар шароите ки пантуркизм ҳукмфармо аст, масъалаи миллиро ҳал кардан ниҳоят душвор, илова бар ин, мутаассифона, қисми равшанфикрони тоҷик таҳти ин вабои мудҳиш сару ҳисобашонро гум кардаанд. Тақдири одамонро набояд як гурӯҳи одамони оҷиз ҳал кунанд. Онҳо ҳуқуқ доранд ҷумҳурии мухтори худро дошта бошанд, вазъияти ҳозира инро талаб мекунад. Мо ба ин ноил мегардем».
Ба ҳамин ҷаҳду талош Шириншоҳ Шоҳтемур ва фарзонагони ин миллат баҳри ташкили Тоҷикистон ва ба ин восита бароварда кардани орзуҳои чандҳазорсолаи миллати хеш камари ҳиммат бастанд ва дар ниҳоят худро қурбону миллати тоҷикро соҳибватан гардониданд.
Аз ин рӯ, барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ огоҳ будан аз зиндагӣ, фаъолияти давлатию сиёсӣ ва хидматҳои Шириншоҳ Шоҳтемур ҳам қарз асту ҳам фарз. Огоҳ будан аз паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ, кору пайкор ва хидматҳои мондагори саркардагони масири истиқлолу озодии миллат ва бунёдгузорони давлатҳои миллӣ, аз ҷумла Шириншоҳ Шоҳтемур, мояи ифтихор ва сарфарозӣ хоҳад буд. Фаъолияти давлатию сиёсии ӯ аз лаҳзаи фаъолият дар шуъбаи русии мактаби меҳнатӣ-педагогии шаҳри Тошканд оғоз меёбад, ки дар он ҷо ба узвияти Ҳизби коммунист (болшевикон)-и Россия пазируфта шуд. Моҳи майи соли 1921, бинобар нарасидани озуқа дар шаҳрҳои Туркистон, бо супориши Кумитаи иҷроияи марказӣ Шириншоҳ Шоҳтемур дар ҳайати 500 «донишҷӯи пролетарӣ» дар тақсимоти озуқавории волости Дилварзини Хуҷанд ширкат варзидааст. Пас аз чанде ӯро ба КИМ-и Туркистон даъват намуда, дар ҳайати сегонаи фавқулодаи ҳарбӣ-сиёсӣ барои барпо намудани Ҳокимияти шӯроҳо ҳамроҳи Т. Дяков ва Ҳ. Ҳусейнбоев ба Бадахшон (Помир) мефиристанд. То охири соли 1922 дар он ҷо кумитаҳои инқилобӣ таъсис дода мешавад ва пас аз бозпас хондани Т. Дяков ба Тошканд Шириншоҳ Шоҳтемурро раиси Кумитаи инқилобии Помир интихоб менамоянд. Дар баробари ташвиқи зарурати таъсиси кумитаҳои инқилобӣ дар Помир вай дар оғози фаъолият ба ислоҳоти замину об ва тақсими одилонаи он ба деҳқонон, таъсиси анборҳои захираи озуқа барои дастгирии камбағалон, ташкили мактабҳо барои маҳви бесаводӣ ва тайёр намудани кадрҳои маҳаллӣ шурӯъ менамояд.
Бо назардошти хизматҳои бенуқсон, дониши фарох ва малакаи баланди корӣ соли 1924 ба Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Туркистон даъват гардида, инспектори зершуъбаи ақаллиятҳои миллӣ дар шуъбаи тоҷикӣ таъин шуд. Марҳилаи нави фаъолияти сиёсии Шириншоҳ Шоҳтемур маҳз дар он ҷо оғоз меёбад. Ҳарчанд мақомоти ҳизбию давлатии ҷумҳуриҳои Туркистон – Бухоро ва Хоразм баҳри амалӣ кардани тақсимоти марзию миллӣ корҳои зиёди ташкилию фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд, вале зимни шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳо Шириншоҳ Шоҳтемур доир ба мавҷудияти миллати худ, ҳамчун халқи асосию таҳҷойии Осиёи Марказӣ, ҳатто ишорае ҳам пайдо накард. Чун шахсияти сар то по миллӣ буд, дарҳол дарк намуд, ки миллатгароён зери ниқоби сиёсати миллии ҳизб ва Ҳокимияти Шӯравӣ мақсади ташкил намудани давлати ягонаи туркиро дар Осиёи Миёна ба амал бароварданианд.
Албатта, чунин муносибат нисбат ба тақдири миллат Шириншоҳ Шоҳтемури миллатдӯсту меҳанпарастро ором нагузошт. Ӯ дар баробари Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Иброҳим Исмоилов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Саидаҳмад Анваров, Абдуқодир Муҳиддинов ва равшанфикрони миллӣ ба воситаи мактубу муроҷиатнома ба унвони Бюрои осиёимиёнагии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Россия ва КИМ-и Туркистон эътироф намудани ҳуқуқу манфиатҳои миллии халқи тоҷикро қотеона талаб кард. Далели равшан ва раднопазири ин гуфтаҳо «Гузориш ба Сталин дар бораи мавқеи маданӣ-иҷтимоӣ ва иқтисодии тоҷикон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» мебошад.
Сипас, солҳои 1925-1926 Шириншоҳ Шоҳтемур дар вазифаҳои корманди масъули Инспексияи коргару деҳқони Тоҷикистон, намояндаи ваколатдори КМ Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва ҳамзамон, Комиссари халқии молияи Тоҷикистон, роҳбари комиссияи ҳукуматӣ оид ба муҳофизати аҳолӣ ва барҳам додани ҳаракати босмачигарӣ дар навоҳии минтақаи Кӯлоб фаъолият кард. Солҳои 1926-1929 намояндаи доимии Тоҷикистон дар Шӯрои комиссарони халқии Ӯзбекистон таъин гардида, дар як вақт чун шунавандаи Университети коммунистии меҳнаткашони Шарқ ба номи И.В. Сталин таҳсил намуд. Соли 1929 фавран ба Тоҷикистон даъват шуда, котиби аввали Кумитаи ҳизбии вилояти Тоҷикистон, пас аз ташкили Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон котиби дуюми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб гардид. Соли 1932 барои такмили дониш ба шаҳри Москва меравад ва соли 1933 ба Тоҷикистон даъват гардида, то соли 1937 вазифаи раиси КИМ РСС Тоҷикистон ва ҳамзамон, яке аз муовинони раиси Комитети иҷроияи марказии Иттиҳоди Шӯравиро иҷро кард.
Ин роҳбари хирадманду донишвар дар бунёд ва кушодани мактабҳои шӯравӣ дар ҳама гӯшаю канори Тоҷикистони навташкил ташаббускори асосӣ буд. Маъхазҳои зиёди таърихӣ собит менамоянд, ки саволи аввалини Шириншоҳ Шоҳтемур зимни сафару вохӯриҳо «Шумо мактаб доред?» будааст. Ӯ ҳамчун роҳбари миллатдӯсту меҳанпараст ба хубӣ дарк мекард, ки рушди босубот ва ҳамаҷонибаи Тоҷикистон бе тарбияи кадрҳои болаёқату босаводи миллӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, таъсиргузор шудани сохти нав ва рушду пешрафти соҳаҳои фаъолиятро дар манотиқи мухталифи кишвар, пеш аз ҳама, дар маҳви бесаводӣ, бахусус, байни ташкилотҳои ҳизбӣ ва аъзои онҳо медид. Ӯ худ мактабшинос буда, аз 17 ҳуҷҷати расмии мавҷудаи шарҳиҳолиаш, дар 5-тояш касби хешро коргар, дар 6-тояш омӯзгор, дар 1 ҷой педагог ва дар 5-тои дигар корманди ҳизбӣ навиштааст. Бо назардошти касбият ва зарфияти дониш муддате роҳбарии ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба маҳви бесаводиро ба уҳда дошт.
Азбаски Шириншоҳ Шоҳтемур шахсияти миллатдӯст ва марди огоҳ буд, аз ин рӯ, ба ҳайси раиси комиссияи таҳия ва қабули Конститутсия, Нишон, Парчами давлатӣ фаъолияташ пурсамар буд. Ҳамчунин, ин дар саргаҳи ташаккули қонунгузории ҷумҳурӣ ва ҳуҷҷатҳои муҳими дигар низ қарор дошт. Масъулият ва ҷуръати беандозааш буд, ки моҳи марти соли 1937 аз минбарҳои баланд ба муқобили вайронкунии қонуният, ҳуқуқи инсон ошкоро сухан кард ва беасос маҳбас шудани як қатор ходимони ҳизбию давлатиро маҳкум намуд. Дар баробари ин, Шириншоҳ Шоҳтемур дар поягузории матбуоти тоҷик баробари устодони бузург Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Саидризо Ализода, Аббос Алиев ва Нисор Муҳаммад дар таъсис ва нашри аввалин рӯзномаҳо саҳми арзанда гузошт. Ҳамроҳи устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ дар соли 1934 ҷашни 1000-солагии достонсарои бузурги ҷаҳонӣ Ҳаким Фирдавсиро баргузор намуд, ки нишонаи баланди миллатдӯстию меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати хеш мебошад. Аз ин рӯ, дар таърихи бунёдгузорӣ ва пешрафти Тоҷикистони азизи мо Шириншоҳ Шоҳтемур аввалин фарзонафарзанди миллат аст, ки дар сатҳи олии сиёсӣ расман аз тақдири миллату меҳанаш дифоъ намудааст. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд, ки «аз тоҷик будани худ ифтихор дошт ва аз рушду нумӯи Ватанаш меболид».
Бо вуҷуди ин ҳама хидматҳои мондагор, ҷаҳду талошҳо дар роҳи эҳёи миллат ва бунёдгузории давлати миллӣ ин сарвари миллатдӯсту меҳанпараст ба гирдоби фитнаю дасисаҳои иғвогарону ҳасудхӯрон афтод ва бо ҷурми бофтаи «миллатчии буржуазӣ» ва «агентураи душман» аввал ба ҳабс ва сипас бо ҳукми Коллегияи ҳарбии Суди Олии ИҶШС ба қатл расонида шуд. Ҳарчанд, пас аз 19 соли ба шаҳодат расидан, 11 августи соли 1956 бегуноҳии Шириншоҳ Шоҳтемур собит гардид, вале сад афсӯсу дареғ, ки ӯ аз ноадолатиҳои таърих тарки ҷаҳон карда буд.
Хушбахтона, бо дамидани субҳи истиқлол ва вазиши сабои озодӣ миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик дар соли 1991 ба Истиқлолияти давлатии комили сиёсӣ даст ёфта, зимоми давлатдориро шахсияти таърихсозу давлатсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст гирифтанд. Дар масири дигарбораи эҳёи таъриху тамаддун, илму фарҳанг, арзишҳо ва суннатҳои миллӣ, гиромӣ доштани хотираи неки фарзонафарзандони миллат қадамҳои комилан нав гузоштанд. Бо назардошти хидматҳои мондагору саҳми бузургаш дар ташкил ва ташаккули давлатдории тоҷикон фарзанди фарзонаи миллат – Шириншоҳ Шоҳтемурро соли 1999 бо ордени «Дӯстӣ» ва соли 2006 бо унвони олӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон қадрдонӣ намуданд.
Номвар ҚУРБОН,
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон