Аз замони таъсиси мақоми олии аудити мамлакат 12 сол сипарӣ гардид. Дар робита ба ин ва дигар паҳлуҳои умдаи фаъолияти ин ниҳод мусоҳибаи хабарнигорамон бо раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода пешкаш мегардад.
- Дар оғоз хуб мешуд, ки дар бораи таърихи таъсиси мақоми олии аудит каме маълумот медодед.
- Таъсисдиҳии Палатаи ҳисоб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 оғоз гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назди гурӯҳи корӣ, ки дар ҳайати аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, вазифа гузоштанд, то ки стратегия ва нақшаи амалро оид ба таъсиси сохтори мустақили аудити беруна таҳия намояд. Сардори давлат таъкид намуданд, ки стратегия ва нақшаи амал бояд ҷавобгӯи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ қабулшуда, мутобиқи талаботи Созмони байналмилалии мақоми олии аудит (INTOSAI) муқарраркарда ва дар эъломияҳои Лима ва Мексика дар бораи мустақилияти мақоми олии аудит инъикосёфта бошад.
Ҳамин тариқ, стратегия ва нақшаи амал бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 тасдиқ шуда, сароғози марҳилаи омодагии ҳуқуқӣ ва институтсионалии зарурӣ барои таъсиси Палатаи ҳисоб гардид.
Моҳи майи соли 2011 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва баъди ҷонибдории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июни соли 2011 онро имзо карданд, ки то нимаи соли 2023 мавриди истифода қарор дошт.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 декабри соли 2011 қарор қабул намуд, ки он барои таъиноти кадрӣ ва ҷудо намудани дигар манбаъҳои зарурӣ барои фаъолияти Палатаи ҳисоб замина гузошт.
Соли 2012 барои фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талабот бино ҷудо карда шуд. Моҳи сентябри ҳамон сол Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии раис ва муовини раиси Палатаи ҳисобро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд, тасдиқ намуд ва баъди он, моҳи ноябри соли 2012 панҷ сараудитор бо расмиёти зикршуда таъин шуданд. Айни замон, теъдоди кормандони Палатаи ҳисоб 128 нафарро ташкил медиҳанд.
Моҳи июни соли равон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул шуд, ки он фаъолияти мақомотро ба танзим медарорад.
- Ваколати Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чӣ иборат аст?
- Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мақоми олии аудит барои арзёбии идоракунии молиявӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар бахши давлатӣ ва пешниҳоди хулосаи мустақилона дар бораи истифодаи маблағҳои давлатӣ аз тарафи муассиса ва идораҳои бахши давлатӣ масъулиятро ба уҳда дорад.
Ваколатҳои амалкунандаи Палатаи ҳисоб дар моддаҳои 1 ва 7- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2023) муфассал инъикос шудааст, ки 24 бандро дар бар мегирад. Аз ҷумла, ташхиси лоиҳаи буҷети давлатӣ ва бо тартиби муқарраргардида пешниҳод кардани хулосаи аудиторӣ ба он, аудити иҷрои буҷети давлатӣ, буҷети ҷумҳуриявӣ, фондҳои мақсадноки давлатӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ, арзёбии фаъолияти мақомоти андоз, гумрук ва мақомоти дахлдори дигар вобаста ба иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ, аудити фаъолияти корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатӣ, ки маблағҳои давлатӣ, моликияти давлатӣ ва захираҳои давлатиро истифода намудаанд.
Мувофиқи моддаи 6-и қонуни зикршуда, Палатаи ҳисоб ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи буҷети давлатӣ, ҳисоботи солонаи маҷмӯии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ ва идоракунии захираҳои давлатӣ, оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молияи давлатӣ ва буҷети давлатӣ маълумоти саҳеҳ ва беғаразона пешниҳод мекунад.
- Робитаи мутақобилаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоҳангии наздик ва ҳамкорӣ байни Палатаи ҳисоб ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад. Аз ин рӯ, Палатаи ҳисоб вазифадор аст, ки хулоса дар бораи лоиҳаи буҷети давлатӣ ва иҷрои онро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Бо назардошти вазифаи гузаронидани аудити беруна, ки ниcбат ба истифода шудани воситаҳои буҷетӣ ва натиҷаҳои аз он бадастомада нигаронида шудааст, баррасии хулосаи Палатаи ҳисоб аз ҷониби ҳокимияти қонунгузорӣ бояд бештар бо таҳлили сиёсат, афзалиятҳо ва самаранокии хароҷотҳои маблағи буҷетӣ алоқаманд бошад.
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт бо Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, ки ба назорати парламентӣ ва идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад, робитаи корӣ дорад. Ин ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки бо натиҷаи кори аудиторҳо беҳтар шинос шуда, ба фаъолияти Палатаи ҳисоб эътимодро тақвият диҳад.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷагирӣ ва хулосаи аудиторҳо дар самти таъмини ҳисоботдиҳии мақомоти давлатӣ нақши муҳимро иҷро менамояд.
- Ҳамкориҳои байналмилалии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом сатҳ қарор доранд?
- Палатаи ҳисоб сол то сол робитаҳои байналмилалиро густариш дода, барои устувор намудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони байналмилалии мақоми олии аудит (INTOSAI), Ташкилоти осиёии мақомоти олии аудит (ASOSAI) ва ғайра саъй менамояд. Бо ин мақсад, бо ҳамтоён аз кишварҳои Федератсияи Россия. Қазоқистон, Молдова, Эрон, Хитой, Беларус, Покистон, Латвия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Арабистони Саудӣ Созишномаи ҳамкорӣ ва Ёддошти тафоҳум ба имзо расонидааст.
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 64-уми Шӯрои роҳбарон моҳи октябри соли 2013 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ба узвияти INTOSAI пазируфта шуд. Ташкилоти мазкур, ки Мақомоти олии назорати молиявии давлатҳои Созмони Милали Муттаҳидро ба ҳам пайваст менамояд, соли 1953 таъсис ёфта, айни замон 194 мақомоти олии назорати молиявӣ аъзои комилҳуқуқи он мебошанд.
Ғайр аз ин, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 47-уми Шӯрои роҳбарони Мақомоти олии назорати молиявӣ, ки моҳи сентябри соли 2014 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, ба узвияти ASOSAI (Ташкилоти байналмилалии Мақомоти олии назорати молиявии Осиё) пазируфта шуд. Он соли 1979 аз ҷониби мақомоти аъзо таъсис ёфтааст, ки ҳоло теъдоди онҳо ба 46 адад расидааст.
Инчунин, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 18-уми Шӯрои роҳбарони Мақомоти олии назорати молиявӣ, ки моҳи декабри соли 2013 дар шаҳри Теҳрон баргузор шуд, узви Ташкилоти байналмилалии иқтисодии Мақомоти олии назорати молиявӣ (ECOSAI) гардид.
Палатаи ҳисоб ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар доираи Шӯрои роҳбарони Мақомоти олии аудит (МОА)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) роҳандозӣ намуда, солҳои 2020-2023 раёсати Шӯрои роҳбарони МОА-и ИДМ-ро ба уҳда дошт. Соли 2025 бошад, баргузории ҷаласаи Шӯрои роҳбарони МОА-и СҲШ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе дар назар аст.
Ҳамкориҳои мунтазами мутақобила бо ташкилотҳои зикршуда ва мақомоти олии аудити дигар кишварҳо ба беҳтар гардидани самаранокии фаъолияти Палатаи ҳисоб мадад хоҳад кард.
- Принсипҳои калидии фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?
- Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои вазифаҳо ва баланд бардоштани самаранокӣ, бо риояи принсипҳои мустақилият, садоқат, фаъолияти дастаҷамъона, эҳтиромгузорӣ, фикрронии стратегӣ, мубодилаи ошкорои иттилоотӣ, касбият ва эҳтиром ба шахсият амал мекунад.
Мутобиқи «Стратегияи рушди Палатаи ҳисоб барои солҳои 2019-2023», калид барои ташаккули мақоми олии аудити босамар таъмини мустақилияти он мебошад.
- Зимни фаъолияти аудиторон шаффофият чӣ гуна риоя мегардад?
- Ба функсияи мақоми олии аудит таъмини шаффофият ва огоҳсозии ҷомеа аз натиҷаи аудит дохил мешавад. Бо ин мақсад, Палатаи ҳисоб дастурамал оид ба иртиботро таҳия карда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки онро дар амал татбиқ намояд. Бо воситаҳои ахбори омма низ робитаи доимӣ барқарор буда, дар сомонаи расмӣ оид ба натиҷаи фаъолият мунтазам иттилооти зарурӣ ҷойгир карда мешавад.
Ғайр аз ин, дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон китобхона амал мекунад, ки дар он дастрасӣ ба тамоми сарчашма ва стандартҳои касбии аудит, инчунин ҳисоботи дигар аудитҳо барои истифода ҳангоми зарурат таъмин аст.
- Тайи дувоздаҳ соли фаъолият раванди муайян намудани қоидавайронкуниҳои молиявӣ ва маблағҳои барқароршуда чӣ гуна ҷараён дошт?
- Соли 2013 маблағи қоидавайронкуниҳои молиявӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти аудитории Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид, 15,6 миллион сомониро ташкил дод. Аз он 2,4 миллион сомонӣ барқарор гардид, ки фоизи барқарорӣ 16 дарсадро ташкил дод. Соли 2022 маблағи қоидавайронкуниҳои молиявӣ 376,9 миллион сомонӣ ва маблағи барқароргардида 375,5 миллион сомониро ташкил дод. Яъне, фоизи барқарорӣ аз 16 фоизи соли 2013 ба 99,6 фоиз дар соли 2022 расид.
Тавре аз рақамҳо бармеояд, самаранокии фаъолияти мақомоти олии аудити кишвар торафт бештар мешавад. Ин, албатта, аз ҳар гуна ҷиҳат ба торафт баланд шудани малака, тахассус ва салоҳияти кормандон вобастагӣ дорад. Бинобар ин, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалигардонии фаъолияти доманадор стандартҳои миллии аудитро бо назардошти таҷрибаи пешрафтаи стандартҳои байналмилалии мақоми олии аудит таҳия ва ҷорӣ намуда, ҳамчунин тартиби банақшагирӣ ва омода намудани ҳисобот аз натиҷаи аудитро ба роҳ мондааст.
Тайи се соли охир дар фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти куллӣ ба амал бароварда шуда, дид, биниш ва нигоҳи кормандон аз низоми назорати молиявии замони шӯравӣ меросмонда дигаргун гардид ва рӯ ба аудити мустақили берунаи мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи замони муосир оварданд. Ҳамин тариқ, аз марҳилаи такмили заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ то ба қисман рақамикунонии раванди аудити мустақил ба таври таҷрибавӣ ноил гардида, минбаъд нақшаи гузаронидани аудити фосилавиро роҳандозӣ менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26-уми декабри соли 2018 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳими фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад».
Бинобар ин, кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти ҳаррӯза қарор дода, кӯшиш мекунанд, ки хулосабарории ҳар як аудити гузаронидашударо воқеъбинона, одилона, созанда ва бомувозина пешниҳод намоянд.
Мусоҳиб Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»