7-уми декабри соли 2023 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар кори конфронс намояндагони зиёда аз 140 мақомоти миллии парлумонӣ иштирок карданд.
Маҳмадтоир Зокирзода ба ҷониби мизбон барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории чорабинии сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки имрӯзҳо мушкилоти тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист аз мавзӯъҳои доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, бидуни ҳамкорӣ ва ҳамгироии байналмилалӣ ҳалли он ғайриимкон гардидааст. Бо мақсади паст кардани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030»- ро татбиқ менамояд.
Яке аз нишонаҳои возеҳи ҳамбастагии обу иқлим обшавии босуръати пиряхҳо мебошад. Тайи чанд даҳсолаи охир аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки манбаи ташаккул ёфтани то 60 фоизи обҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, як ҳазораш пурра об шудааст.
15-уми декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пуштибонӣ аз ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об Қатънома дар бораи эълон кардани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро қабул карда, бо ташаббусҳои дигари Тоҷикистон дар соҳаи об Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид нуҳ қатънома қабул кардааст.
Маҳмадтоир Зокирзода, ҳамчунин, таъкид намуд, ки мо қарорҳои Созмони Милали Муттаҳидро дар раванди ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ва норасоии об бисёр муҳим ва самарабахш медонем, парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ташаббусҳои қонунгузорӣ маркази чорабиниҳои гуногун оид ба ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим мебошад.
- Дар тӯли фаъолияти худ парламенти кишвари мо вобаста ба ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим қонунҳои мукаммалро қабул намудааст.
Маҷмӯан, парламент ҳамарӯза фаъолияти худро баҳри иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист тавассути такмили қонунгузорӣ роҳандозӣ намудааст. Дар ин росто, Тоҷикистон бо риояи меъёрҳо ва ҳадафҳои рушди устувор пайваста барои такмили қонунҳои соҳаи экологӣ тадбирҳо меандешад.
- Ҳоло лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» дар парлумон омода гардида, вобаста ба таҳияи лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо оғоз гардидаанд. Итминон дорам, санади ниҳоие, ки дар натиҷаи чорабинӣ қабул мегардад, ба ташаккули механизми ҳамкориҳо дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ мусоидат хоҳад кард, — иброз намуд дар интиҳо Маҳмадтоир Зокирзода.
8-уми декабри соли 2023 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб бо Раиси Шӯрои миллии федералии Амороти Муттаҳидаи Араб Сақр Ғобаш мулоқот намуд.
Таъкид гардид, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои пурмаҳсулу судманд бо кишвари бародари Амороти Муттаҳидаи Араб таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд, зеро робитаҳои парлумонӣ дар фароҳам овардани заминаҳои қонунӣ барои тавсеаи равобити ҳар ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф нақши муҳим доранд.
Парлумонҳо метавонанд аз тариқи имзои созишномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ ба тавсеаи равобити Ҷумҳурии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб нақши муассир гузоранд. Яке аз абзорҳои муҳими таҳкими ҳамкориҳои парлумонӣ таъсиси гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ аст, ки моҳиятан пули дӯстию ҳамкорӣ миёни ҳар ду маҷлис ва ба таври умум миёни ҳар ду миллат маҳсуб мешаванд.
Дар парлумони касбии мамлакат Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои миллии федералии Амороти Муттаҳидаи Араб таъсис дода шудааст.
25 феврали соли 2021 нахустин машваратҳои байнипарлумонӣ дар шакли маҷозӣ миёни аъзои Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид.
- Мо, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода, — хостори идомаи муколамаи созанда ва пайвастаи парлумонӣ миёни ҳар ду кишвари бародар ҳастем ва табодули сафарҳои дуҷониба дар сатҳи роҳбарият ва вохӯриҳои ҳайатҳои парлумонии ҳар ду кишварро ҷонибдорӣ менамоем.
Дар мулоқот, ҳамчунин, ҷонибҳо устувории худро ба густариши бештари равобити парлумонӣ таъкид намуданд.
8-уми декабри соли 2023 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи сафари кориаш ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб бо Раиси Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳи Амороти Муттаҳидаи Араб Аҳмад ибни Муҳаммад Ал-Ҷарван мулоқот намуд.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки дипломатияи парлумонӣ дар баробари дипломатияи анъанавӣ дар таҳким ва тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаҳои гуногун нақши муассир дорад. Роҳандозии ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб ва созмонҳои гуногуни он борҳо дар вохӯриҳои сатҳи олӣ байни роҳбарони олии сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб муҳокима гардида буданд.
Ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулгароӣ ва сулҳ дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар таҳким ва рушди минбаъдаи робитаҳои дуҷониба такони ҷиддӣ бахшида, чунин ҳамкориҳо яке аз абзорҳои ҳамкории нав маҳсуб мегарданд.
Ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳо байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулгароӣ ва сулҳ дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки ин санади муҳим барои тавсеаи ҳамкориҳои тарафайн имкониятҳои фаровонро боз менамояд.
Дар интиҳои мулоқот таъкид гардид, ки муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб дар сатҳи боварибахш рушд карда истодааст.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон