28 марти соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум баргузор гардид.
Дар Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявӣ, субъектҳои хизматрасонӣ, соҳибкорӣ, институтҳои шаҳрвандию кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони васеи воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ даъват ва ширкат варзиданд.
Муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷ. Мансуров зимни ҳисоботи худ оид ба рафти иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти № 273 аз 25 майи соли 2012 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи амал оид ба таъсис ва таҷдиду азнавсозии корхонаҳои истеҳсолии саноатии шаҳри Душанбе барои солҳои 2012-2013» аз ҷумла иброз дошт, ки мақсад ва вазифаҳои қарори мазкур аз фароҳам овардани шароит баҳри васеъ намудани доираи истеҳсолот ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти босифати технологии тобовари рақобат дар заминаи бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии корхонаҳо тавассути коркарди ашёи хоми ватанӣ ва ба ин васила таъсиси шумораи бештари ҷойҳои нави кор, афзоиши содироти молу маҳсулоти саноати ватанӣ ва ғанӣ гардонидани буҷет дар асоси азнавкунии фондҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе ба шумор меравад.
Омӯзиши рафти иҷрои қарори мазкур собит сохт, ки тӯли давраи сипаригашта дар аксарияти корхонаҳо самтҳои асосии нақшаҳои пешбинишуда иҷро гардиданд. Тибқи Нақшаи амал дар соли 2012 иҷрои 28 адад чорабинӣ, бо назардошти аз худ намудани 8,6 млн. сомонӣ дар назар дошта шуда, дар ин давра иҷрои 25 чорабинии пешбинишуда таъмин гардида, дар татбиқи онҳо 8,67 млн. сомонӣ (100,8 фоиз) маблағҳо равона ва 454 ҷойи кор (96 фоиз) таъсис ёфт.
Айни замон иҷрои 3 банд, аз ҷумла: азнавсозии роҳи ҳавойии №2 дар ҶСК «Тоҷиксемент» ба маблағи 800 ҳазор сомонӣ, ташкили хати нави истеҳсоли хишти оташбардор дар ҶСШК «Комбинати масолеҳи сохтмонӣ» ба маблағи 174 000 сомонӣ ва таъсиси Корхонаи хурди маҳсулоти қаннодӣ дар ҶДММ «Тара» идома дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади татбиқи чорабиниҳои дар соли 2013 пешбинигардида 0,45 млн.сомонӣ равона ва 108 ҷойи нави кор ташкил гардид. Аз ҷумла дар ҶДММ «Такомул» бо ҷалби 0,146 млн. сомонӣ маблағҳои худӣ ва таъсиси 26 ҷойи нави кор корхонаи хурди сумкабарорӣ ба анҷом расонида, истеҳсоли ду намуди сумка ба роҳ монда шуд.
Дар ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик» низ барои татбиқи чорабиниҳои дар соли 2013 пешбинигардида бо ҷалби 0,3 млн. сомонӣ сехи либосҳои махсуси корӣ ва мактабӣ таъсис ёфт, ки ба ташкили 82 ҷойи нави кор мусоидат намуд.
Маҷмуан дар татбиқи Нақшаи амал 41 адад чорабинӣ (тибқи нақша 28) бо ҷалби 15,5 млн.сомонӣ амалӣ гардид, ки ин ба таъсиси 745 ҷойи нави кор мусоидат намуд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев бо анҷоми музокирарониҳо ва маърӯзаҳои вакилон оид ба ҳисоботи манзурдоштаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷ. Мансуров зикр сохт, ки тадбирҳои амалигардида ҳанӯз ҳам ҷавобгӯйи талабот ва қонеъкунандаи ниёзи истеъмолкунандагон нест. Бинобар ин, месазад, ки роҳбарони субъектҳои хоҷагидории саноатӣ бо ҷалбу фароҳам овардани шароит ба мутахассисони ҷавон масъалаи маркетинг ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири иқтисоди бозориро бори дигар чун масъалаи аввалиндараҷа мавриди таваҷҷуҳу пажӯҳиш қарор диҳанд.
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тибқи рӯзномаи иҷлосия нисбат ба дигар масъалаҳои матраҳшуда низ қарорҳои дахлдор қабул намуда, муқаррар сохт, ки ба ғайр аз нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ оид ба баргузории мулоқотҳо дар шаҳраку маҳаллаҳо, ҳар семоҳа вохӯрии вакилони шаҳрӣ бо интихобкунандагон дар ҳавзаҳои интихоботӣ таври ҳатмӣ анҷом дода шавад ва бардоштҳои вакилон аз мушкилоту пешниҳодоти интихобкунандагон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҷиҳати баррасӣ манзур гардад.
Нисбат ба назорати ҷараёни иҷрои ҳадафманду пурсамари нақшаҳои омодагии ноҳияҳои шаҳр ба таҷлили 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур гардид, ки зимни шунидани ҳисоботи дигар раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар иҷлосияҳои навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе маърузачиҳои иловагӣ аз тарафи роҳбарони кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ таъин карда шаванд.
Дар иҷлосия бо мақсади вусъати тадбирҳо оид ба азнавномгузории кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз нав таъсис шуд ва муқаррар гардид, ки ҷаласаи комиссия дар ду ҳафта як маротиба баргузор ва ҳар моҳ пешниҳодоти он ба Раиси шаҳри Душанбе манзур шавад.
Дар фарҷоми иҷлосия Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҳама мутасаддиён, ҳунармандон ва сокинони шаҳр ҷиҳати иштироки фаъолона дар баргузории чорабиниҳои Наврӯзи байналмилалӣ дар пойтахт изҳори миннатдорӣ намуда, дар иртибот ба рух додани ҳодисаи нангини гум шудани истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ, бинои 30/1, ҳуҷраи 2, духтарчаҳои ноболиғ — Аралова Сабина Улуғбековнаи 5-сола ва Аралова Малика Темуровнаи 6-сола, ботаассуф ва нигаронӣ аз масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзанд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ дастури қатъӣ дод, ки бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда корҳои ҷустуҷӯйиро барои дарёфти онҳо пурзӯр намоянд.
Шавкат САИДОВ, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе