Шуъбаи маорифи ноҳияи Ишкошим ҷиҳати омода намудани мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба соли нави таҳсил чораҳои зарурӣ андешида, корҳои судмандро ба сомон расонд. Бино ба иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳия А.Қадамалиев, ҳанӯз моҳи апрели соли равон ҳама роҳбарони мактабҳо муваззаф шуда буданд, ки ба таъмири мактабҳо волидайн ва нафарони эҳсонкорро ҷалб намоянд. Ибтидои моҳи июн дар маҷлиси васеи Шӯрои шуъбаи маорифи ноҳия бо ширкати роҳбарони мактабҳо ва кӯдакистонҳо ин масъала мавриди муҳокима қарор гирифт. Ба мутасаддиён ҷиҳати омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш дастуру супоришҳо доданд. Масъулини шуъбаи маориф барои таъмир ва харидорӣ намудани адабиёти илмию методӣ барои китобхонаҳои мактабҳо дар назди Раёсати молияи ноҳия масъалагузорӣ намуд ва маблағҳои дар ин самт пешбинишуда сари вақт пардохт гардиданд.
Барои таъмири мактабҳо аз ҷониби волидон 102 ҳазор сомонӣ, аз буҷети мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 233000 сомонӣ ҷудо гардид, ки баробари мактабҳо, инчунин 36 китобхона ва 36 синфи компютерӣ низ таъмир карда шуданд. Вазъи майдончаҳои варзишӣ, гирду атроф ва ҳавлии мактабҳо дар ҳолати қаноатбахш қарор дорад. Толори варзишии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4, 20 ва 21 аз таъмир бароварда шуданд. Бо дастгирии Бунёди Оғохон ва Оҷонсии «Ҷайка»-и кишвари Япония мактабҳои № 5 ба маблағи 640000, № 7 ба маблағи 340000 сомонӣ хушсифат таъмир гардиданд.
Аз оғози соли таҳсили 2014-2015 мактабҳои рақами 7 ва 25 ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шудаанд. Таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ хуб аст.
- Дар боби камбудии китобҳо ҳанӯз моҳи апрели соли ҷорӣ ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ навишта будем ва рӯзҳои наздик ҳамаи китобҳои заруриро дастрас менамоем, - афзуд сардори шуъбаи маорифи ноҳия. — Вазъи таъмини мактабҳо бо омӯзгорон ҳалли худро ёфтааст. Ҳоло дар мактабҳои ноҳия 950 нафар омӯзгорон кор мекунанд, ки 614 нафарашон дорои маълумоти олианд. Соли ҷорӣ 15 нафар хатмкардагони донишгоҳҳои омӯзгории ҷумҳурӣ ба мактабҳои ноҳия ба кор омаданд.
Ш. ШОҲҚОСИМ, «Садои мардум»