Муҳокимаи парламентӣ

Иқдоме, ки боиси беҳшавии ҳолати мелиоративии 46718 гектар замин шуд

№154 (4737) 25.12.2023

DSC_582319-уми декабри соли 2023 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» муҳокимаи парламентӣ баргузор шуд.

Рустам Латифзода зимни суханронӣ изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд: «Солҳои охир, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, пайи ҳам омадани хушксолӣ ва маҳдудсозии содироти озуқаворӣ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, маҳз бо заҳмати шабонарӯзии кишоварзони мамлакат амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуд».

Дар заминаи ин сиёсат ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию иқтисодии соҳаи кишоварзии мамлакат дар самти истифодаи самараноки замин барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришаванда тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд.

Иҷрои барномаҳои давлатӣ ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» нишон медиҳанд, ки корҳои муайян дар ин самт амалӣ гардидааст. Тибқи таҳлили мутахассисон, дар иҷрои сифатноки корҳои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ мушкилоти гуногун ҷой доранд.

- Бо сабаби нокифоягии маб­лағгузорӣ, риоя нагаштани талаботи агротехникӣ, тоза накардани заҳбуру заҳкашҳои дохилихоҷагӣ, ҳолати техникии пойгоҳҳои мелиоративӣ, барои обёрӣ истифода бурдани оби заҳбуру заҳкашҳо, вазъи мелиоративии заминҳои кишоварзӣ то андозае мураккабтар шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми декабри соли 2022 қайд намуданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва таҷдиду барқарорсозии иншооти обёрӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад. Маҳдудияти заминҳои барои таъиноти кишоварзӣ истифодашаванда моро водор мекунад, ки ба самаранокии истифодаи онҳо бештар аҳамият диҳем, — зикр кард номбурда.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Файзулло Қосимӣ изҳор дошт, ки бо мақсади ба гардиши кишоварзӣ ворид намудан ва беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ тибқи барномаҳои давлатӣ солҳои 1996 — 2015 дар 151,4 ҳазор гектар корҳои мелиоративӣ гузаронида шуд. Дар доираи «Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2000-2004» ҳолати мелиоративии 30,6 ҳазор гектар, солҳои 2005-2009- ум 60,2 ҳазор гектар ва солҳои 2010-2014-ум 51,7 ҳазор гектар беҳтар гардид.

- Бо мақсади идома додани ин раванд Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» аз 1 августи соли 2018 таҳти №374 қабул гардид. Тибқи қарори мазкур, беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришаванда дар 48661 гектар бо харҷи 51 миллиону 16 ҳазор сомонӣ, аз он ҷумла 11 млн. 908 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ, 33 млн. 12 ҳазор сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ ва 6 млн. 243 ҳазор сомонӣ аз буҷети мутамарказ пешбинӣ гардидааст.

Аз маълумоти Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки солҳои 2019-2022 ва 10 моҳи соли 2023 корҳо 44 млн. 999 ҳазор сомонӣ ё 88 дарсад маблағгузорӣ гардида, вазъи мелиоративии 46718 га (96 фоиз) замини кишоварзӣ беҳтар шудааст. Ҳамин тариқ, солҳои 2019-2022 ва даҳ моҳи соли 2023 аз ҳисоби 51,2 млн. сомонии ба нақшагирифташуда 33,4 млн. сомонӣ аз худ шудааст, ки 66,0 фоизро ташкил медиҳад. Аз рақамҳои мазкур бармеояд, ки сабаби пурра иҷро нагардидани нақшаи мазкур маблағи зарурӣ ҷудо нагардидан аз ҳисоби буҷети давлатӣ мебошад, — зикр кард Ф. Қосимӣ.

Сардори раёсати ҳавзавии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шафоат Назифов доир ба рафти иҷрои қарори зикршуда маълумоти муфассал дод. Бино ба гуфти ӯ, дар доираи барномаи мазкур солҳои 2019 — 2022 ва 11 моҳи соли 2023 нақшаи корҳои мелиоративӣ ба маблағи 45709,0 ҳазор сомонӣ (89 фоиз), аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ 23210,0 ҳаз. сомонӣ (195 фоиз), буҷети маҳаллӣ 10825,0 ҳаз.сомонӣ (33 фоиз), буҷети муттамарказ 411,0 ҳаз.сомонӣ (7 фоиз), лоиҳаҳои сармоягузорӣ 736,0 ҳаз. сомонӣ, фонди Оғохон 1248,0 ҳаз. сомонӣ, ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об 1446,0 ҳазор сомонӣ, фонди хайрия 128,0 ҳаз. сомонӣ ва аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ 7705,0 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, ҳолати мелиоративии 47415 гектар (97 фоиз) заминҳои ғайриқаноатбахши мелиоративӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ беҳтар гардид.

 - Бо мақсади тавсеа бахшидан ба ин раванд дар заминаи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ «Барномаи рушди вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» таҳия шуда, дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. Маблағи барои амалигардонии барномаи мазкур пешбинишуда 100 158,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки дар доираи он ҳолати мелиоративии 81248 гектар заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон беҳтар мешавад, — изҳор дошт Ш. Назифов.

Дар муҳокимаи парлумонӣ, ҳамчунин, намояндагони Палатаи ҳисоб, Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, вобаста ба ин мавзӯъ фикрҳояшонро баён карданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳояшон аз масъулин посух гирифта, ҳамчунин пешниҳоду тавсияҳо манзур намуданд.

Дар охир, бо назардошти таклифу дархост ва пешниҳодҳои иброзгардида қарор ва тавсияҳои парлумонӣ қабул шуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ