Зӯроварӣ дар оиларочӣ тавр пешгирӣ намоем?

№154 (4737) 25.12.2023

DSC_5866Нуздаҳуми декабри соли равон дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» суҳбати гирди миз баргузор гардид. Дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари намояндагии Хазинаи нуфуси аҳолии СММ (UNFPA) ширкат варзиданд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки дар Тоҷикистон барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, бахусус занону духтарон, қонуну фармонҳо ва барномаҳои давлатӣ таҳия ва роҳандозӣ гардидаанд.

Дар баробари ин, Ҷумҳурии Тоҷикис­тон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла «Эъломияи ҳуқуқи башар» ва «Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз
нисбат ба занон»-ро эътироф намуд, ки онҳо қисми таркибии низоми ҳуқуқӣ маҳсуб гардида, меъёрҳои онҳо тад­риҷан ба қонунгузории ҷумҳурӣ ворид ва иҷрои онҳо барои беҳдошти вазъи занон
дар ҷомеа равона шудааст.

- Бо назардошти фаъолгардонии кӯшишҳо дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила, таъмини сиёсати самараноки гендерӣ дар кишвар, роҳ надодан ба зӯроварию табъиз дар муносибатҳои оилавӣ, ташаккули низоми созандаи муносибатҳо, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шахс ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии аъзои ҷомеа соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул ва мавриди амал қарор гирифт, — иброз намуд Дилрабо Мансурӣ.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода иброз намуд, ки зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон зуҳуроти дар ҷаҳон аз ҳама зиёд паҳншуда мебошад, ки оқибатҳои нохуш ва фоҷиабор дорад. Ҷомеаи байналмилалӣ солиёни зиёд ба масъалаи зӯроварии гендерӣ дахолат намекард, зеро чунин меҳисобид, ки ин масъала хусусияти инфиродӣ дошта, конвенсияҳои байналмилалӣ ба он таъсир намерасонад.

Ассамблеяи генералии СММ 20-уми декабри соли 1993 «Эъломия дар бораи решакан кардани зӯроварӣ нисбат ба занон»-ро қабул намуд. Моддаи 2-юми он оид ба зӯровариҳои ҷисмонӣ, ҷинсӣ ва равонӣ нисбат ба занон дар оила ва ҷомеа ва ҳама гуна муҳити дигар боиси таваҷҷуҳи махсус мебошад.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода таъкид намуд, ки таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандони кишвар яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, инсон ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҷавҳари Конститутсияи давлати ҳуқуқбунёди моро ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки пешгирии зӯроварию хушунат дар оила яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад, ки ҳалли он дар маркази диққат ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон қарор дорад.

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», ки 19 марти соли 2013 қабул ва то имрӯз амал карда истодааст, аз 4 боб ва 26 модда иборат буда, мақсад, мафҳум ва аломатҳои зӯроварӣ дар оила, ваколату вазифаҳои мақомоти дахлдорро муқаррар ва ба танзим медарорад. Ҳамзамон, дар заминаи қонуни мазкур «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014 — 2023» ба тасвиб расида, «Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» татбиқ ва мавриди иҷро қарор доранд, — иброз намуд Солеҳа Холмаҳмадзода.

Сардори шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҷавоҳир Акобирова ёдовар шуд, ки нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014 — 2023» аз 6 банд ва 39 зербанд иборат буда, то имрӯз иҷрои 99 фоизи бандҳои он таъмин гардидааст.

Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 42000 нусха маводи тақсимотӣ, аз ҷумла брошюра ва буклетҳои «Насли ҷавон ҳаёти бе зӯровариро интихоб мекунад», «Мақсади мо: муҳофизат ва нигоҳ дош­тани оила», «Зӯроварии хонаводагӣ ҷиноят аст», «Бетараф нашавед», «Хушдоман», «Чаро борон борид?», тақвими «Оила бе зӯроварӣ» ва дигар маводи зарурӣ ба чоп расонида, дар доираи чорабиниҳо ба иштирокчиён ройгон тақсим карда шуд.

Намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Дилшод Холмуродзода зикр намуд, ки дар ШВКД-и шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Ваҳдат, Ҳисор, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҷайҳун ва Дӯстӣ 17 нафар нозирони минтақавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила фаъолият мекунанд. Соли 2022 аз ҷониби шаҳрвандон 2589 арзу шикоят вобаста ба зӯроварӣ дар оила ворид шуда буд.

 Дилрабо Мансурӣ дар поёни чорабинӣ иброз намуд, ки соли ҷорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон барои мукаммал гардонидани
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» якчанд тағйиру иловаҳо пешниҳод шуд, ки айни ҳол мавриди баррасӣ қарор дорад.

Моро зарур аст, ки миёни шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам пурзӯр намуда, ҷиҳати бартараф намудани пешгирии зӯроварӣ дар оила тадбирҳои муассир биандешем.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ