Бо фароҳам омадани суботи сиёсиву иқтисодӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон соли 1999 барои тайёр кардани пули миллӣ, ки таърихи гузашта ва фарҳанги имрӯзаи халқи тоҷикро инъикос менамояд,иқдом намуд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2000 таҳти № 415 дар хусуси аз таърихи 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар — «Сомонӣ», ки ба ифтихори бунёдгузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849-907) номгузорӣ шудааст, эълон гардид. Рӯйи пулҳои «Сомонӣ» чеҳраҳои як зумара аз қаҳрамонони миллат ва бузургони донишу фарҳанги тоҷик нақш бастааст. Масалан, акси орифи шаҳир Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1314 — 1384) дар рӯйи пули коғазии 10 сомонӣ бо ранги норинҷӣ ва бунафш ҷой дода шудааст. Тарафи дигари ин воҳиди пулиро сурати мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, воқеъ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва намунае аз ашъори ин мутафаккир оро медиҳад:
Ҳар кӣ моро ёд кард, Эзид мар-ӯро ёр бод,
Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархӯрдор бод.
Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,
Ҳар гуле, к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод.
Дар ду олам нест моро бо касе гарди ғубор,
Ҳар кӣ моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод.