Паём – барномаи рушди миллӣ

№1-2 (4741-4742) 03.01.2024

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2023 ироа гардид, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2023 фаро гирифтааст. Бо таваҷҷуҳ ба мазмуну муҳтавои Паёми навбатӣ чанд мулоҳизаи хешро мухтасаран ироа медорем:

Якум. Давра ба давра ва марҳила ба марҳила боло бурдани музди меҳнати хизматчиёни низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар маҷмӯъ, сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардум аз вазифаҳои стратегию барномавии роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Вобаста ба ин, Президенти мамлакат дар Паём таъкид карданд, ки аз якуми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 дарсад зиёд мешавад. Ҳамзамон, Сарвари давлат масъалаи аз 1 июли соли 2024-ум 30 дарсад боло рафтани нафақаҳои суғуртавии меҳнатӣ,  инчунин иловапулии онҳоро ба миён гузошта, дар ин замина ба тасвиб расидани дастуру фармоишоти заруриро тазаккур доданд. Илова ба ин, тибқи таъкидоти Сарвари давлат, аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм,  фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ,  инчунин стипендияҳо 40 дарсад зиёд мегардад. Ба ин тартиб, Президенти кишвар дар доираи Паём изҳор доштанд, ки аз 1 июли соли 2024 ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар мегардад, ки ин тарзи масъалагузории иҷтимоию молиявӣ бесобиқа аст.

Дуюм. Самти маорифи ватанӣ дар сиёсати давлатӣ дар авлавият қарор доштаю дорад. Таваҷҷуҳи асосӣ ба омӯзгор, ки субъекти асосии раванди маорифи ватанӣ ва дар айни замон, шахсияти мафкурасоз ба шумор меравад, ҳамасола дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мегардад. Дар Паёмашон аз 23 декабри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи мафкурасозӣ, раванди давлатсозии миллӣ ва пайванди мазмунию мундариҷавии сохтмони давлат ва ҷомеаро бо шахсияти омӯзгор мадди назар қарор дода, тазаккур дода буданд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф намуда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад».

Ба ин маъно, дар Паёми имсола ҳам ­масъала ва мушкилоти соҳаи маорифи ватанӣ ҳадафмандона мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирифта, Сарвари давлат дар ин замина фармуданд: «Мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳими низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ менамоем. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдом дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Фаромӯш набояд намуд, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад».

Сеюм. Сарвари давлат ба таъриху фарҳанги миллӣ арҷ гузошта, дар тамоми суханронию дидору мулоқоташон ба гиромидошти таъриху фарҳанги аҷдодӣ таваҷҷуҳ карданро таъкид намудаанд. Ин ҳам маълум аст, ки Сарвари давлат фарҳангро ба унвони «ҳастии миллат» эълом кардаанд ва ҷиҳати рушди ин соҳаи маънавиятсоз тадбирҳои судманд меандешанд. Аз ин рӯ, дар доираи Паёми навбатӣ масъалаи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангиро матраҳ карда, аз ҷумла, тазаккур доданд, ки соли 2023-юм 15 ёдгории таърихию фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид. Зимни ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба зарурати ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ таъкид намуда, пешниҳод карданд, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида — Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис дода шавад. Сарвари давлат афзуданд, ки Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бо мақсади гус­тариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин рушди соҳаи сайёҳӣ таъсис дода мешавад.

Чорум. Сарвари давлат дар Паёми нав­батӣ рушди минбаъдаи саноати ватаниро аз ҷумлаи авлавиятҳои сиёсати давлатӣ унвон карда, дар ин замина тазаккур доданд, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи саноати мамлакат солҳои 2022-2026 — «Солҳои рушди саноат» эълон гардид, ки барои амалӣ намудани ин иқдом тайи ду соли охир беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо фарогирии 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Сарвари давлат, аз ҷумла, таъкид карданд: «Бо вуҷуди ин дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашавии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос вуҷуд дорад, ки бояд бартараф шаванд». Ҳамчунин, изҳор гардид, ки соли равон содироти маҳсулоти саноатӣ тамоюли коҳишёбӣ пайдо намуда, нисбат ба соли 2022, ки содироти маҳсулоти соҳа ба 22,8 млрд. сомонӣ расида буд, 19 фоиз кам гардидааст, яъне ҳамагӣ 18,5 млрд. сомониро ташкил додааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи сохтмони аср — НБО «Роғун», ки аз ҷумлаи иншооти бузурги саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад, чунин изҳор доштанд: «Мо тасмим гирифтаем, ки соли 2025 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода диҳем. Ҳоло дар ин иншооти муҳими аср 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон ва 3500 техникаи сохтмонӣ фаъолият доранд». Дар идома Сарвари давлат афзуданд, ки бо ин мақсад дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ равона гардид.

Панҷум. Зимни иртибот гирифтан ба масоили ҳуқуқӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардад. Дар ин замина, дастур дода шуд, ки тамоми сохтори  мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бояд ҳамаи захираю имкониятро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун барои соли 2024, ки 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Ба ин манзур Сарвари давлат фармуданд: «…Конститутсияи Тоҷикистони соҳиб­истиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад».

Шашум. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, ки соли 2023 маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 8,3 фоиз зиёд гардид. Тазаккур ёфт, ки соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, хушксолию камобии солҳои охир дар минтақа ва бо шарофати заҳмати аҳлонаю содиқонаи мардуми сарбаланди мамлакат, соли бобарор гардид. Сарвари давлат дар ин бобат чунин ишора намуданд: «Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд». Ба ин тариқа, ишора рафт, ки қисмати даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардид.

Ҳафтум. Сарвари давлат ҳадафи стратегии давлатро дар Паёми имсола мисли солҳои қаб­лӣ дар таъмин намудани шароити хуб ва ҳаёти арзанда барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ кард. Барои ба вуҷуд овардани шароити арзандаи зиндагӣ, пеш аз ҳама, боло бурдани масъулияти хизматчиёни давлатӣ зарур аст ва ин нуктаро Сарвари давлат на як бору ду бор, балки дар ҳар як Паёмашон таъкид мекунанд. Дар Паёми навбатӣ низ масъалаҳои масъулиятписандӣ, кордонӣ, ташкилотчигӣ, муоширати хуби корӣ, одоби хизматчии давлатӣ, расидагӣ ба мушкилоти мардум, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва давлатӣ, самаранокии мудирияти давлатӣ матраҳ гардиданд. Тақвияти сармояи инсонӣ, даст ёфтан ба нишондодҳои зарурии макро ва микроиқтисодӣ, таъмини амнияти давлатӣ ва миллӣ, рушди бемайлони илму маорифи миллӣ, пайвастан ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ, дарёфти истеъдодҳои нодири миллӣ дар бахшҳои гуногуни илму маориф, бавижа дар илмҳои табиӣ-риёзӣ ва амсоли инҳо, самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

Хулоса, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро фаро гирифта, ба сифати як барномаи муфассали рушду тавсеаи миллӣ роҳро барои зиндагии шоистаю арзанда ҳамвор месозад.

Нодир НУРОВ,

устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода