Насиҳат гӯш кун, ҷоно...

Аз уҳдадории падару модар то рисолати фарзанд

№3 (4743) 05.01.2024

мобильникиДар боби 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ташаккули рушди маънавию ахлоқӣ аз нуктаҳои асосӣ маҳсуб меёбад. Чунончи, дар сатри аввали моддаи 3-и боби мазкур омадааст: «Мақсади асосии тар­бияи ватандӯстии шаҳрвандон аз инҳо иборат аст:  ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандон…». Воқеан, шахсе, ки сифати баланди ахлоқиро доро аст, ҳувияти миллӣ ва номуси ватандорӣ дорад ва ҳеҷ гоҳ ба Ватан хиёнат намекунад, ҳамеша ба донишандӯзӣ, такмили ақли худ ва корҳои хайру савоб машғул мебошад. Бинобар ин, тавре дар қонуни зикршуда ишора шудааст, дар сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон тарбияи ахлоқӣ мавқеи асосиро ишғол мекунад.

Бузургони илму адаб дар осорашон инсонро ба накукорӣ, касби хулқу атвори нек, рӯзгори солим, ҷавонмардӣ даъват кар­даанд. Воқеан, инсонро ахлоқи наку ҳусн мебахшад ва соҳиби иззату обрӯ мегардонад. Шахси боодобу бомаърифат ҳеҷ гоҳ бадиро ба дигарон раво намебинад. Аз ин хотир, имрӯз низ дар ҷомеаи мо баҳри рушди маънавии шаҳрвандон, бахусус наврасону ҷавонон, кӯшишҳо ба харҷ дода мешавад. Вазъияти ҷаҳони имрӯза, яъне рақобатҳои шадиди геосиёсию иқтисодӣ, мухолифатҳои мазҳабӣ ва кӯшишҳои кишварҳои абарқудрат барои таҳти назорат гирифтани минтақаҳои алоҳида аз ҳар як нафар тақозо менамояд, ки барои мустаҳкаму поянда нигоҳ доштани нишонаҳои асосии давлатдории миллӣ, яъне истиқлолу озодӣ, ваҳдату ягонагии миллат, якпорчагии давлат ва арзишҳои таърихию фарҳангии халқи худ саъю талош варзад. Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Мо, хусусан, бояд ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ­эътибори ҷиддӣ диҳем ва онҳоро тавре ба камол расонем, ки боиси ифтихори падару модарони хеш гарданд, эҳтироми калонсолонро ба ҷо оранд, соҳибихтисос шаванд ва ба Ватани аҷдодии хеш содиқона хизмат намоянд. Агар мо имрӯз, яъне дар марҳилаи коҳиш ёфтани арзишҳои ахлоқӣ ба масъалаи таълиму тарбия таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир накунем, фардо дер мешавад ва чунин муносибат нисбат ба сарнавишти насли наврас дар оянда боиси мушкилоти ҳам оила ва ҳам ҷомеа мегардад. Бинобар ин, падару модарони арҷманд, омӯзгорон, аҳли зиё ва умуман, бузургсолонро зарур аст, ки фарзандонро дар рӯҳияи шукргузорӣ аз давлатдории миллӣ, фазои орому осудаи кишвар ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ тарбия намоянд.». (Аз суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и шаҳри Ваҳдат, 2 августи соли 2019).

Аслан мардуми тоҷик аз қадим дорои маънавиёти баланд буд ва бинобар ин нобиғаҳои зиёд дошту аз онҳо чун сарчашмаи оби софу ҷонбахш ҷаҳониён баҳраманд гаштаанд. Вусъат ёфтани сиёсати ҷаҳонхоҳӣ ва кашмакашҳои зиёд ба маънавиёту фарҳанги халқҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикон, бетаъсир намонд. Сабаби костагии ахлоқи шаҳрвандон, бегонапарастӣ, тақлиди кӯр-кӯрона ба фарҳанги бегона аз ҳамин зуҳурот маншаъ мегирад.

Масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон, ки ояндаи ҷомеаанд, хеле бузург аст. Бо дарки ин нукта соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул шуд. Дар боби 2 моддаи 7-и қонуни мазкур, ки «Уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ном дорад, таъкид шудааст, ки -»- барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанди худ ғамхорӣ намоянд; фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд; аз ҷониби фарзанд ҷойгир ва паҳн намудани ахбори ғайриахлоқиро тавассути телефонҳои мобилӣ ва воситаҳои электронӣ пешгирӣ ва манъ намоянд; ба фарзанди ноболиғ тамошои филмҳои ғайриахлоқӣ, фаҳш ва хусусияти зӯроварӣ, экстремистӣ, террористидоштаро манъ намуда, аз тамошои ин гуна филмҳо худдорӣ намоянд…».

Дар ин замина, ба мушоҳида мерасад, ки на ҳама падару модарон ин вазифаю уҳдадориҳои хешро ба ҷо меоранд. Имрӯз шояд ангуштшумор бошанд наврасону ҷавононе, ки аз телефони мобилӣ истифода набаранд. Чанде пеш дар дохили мусофирбар ҳолатеро мушоҳида кардам, ки бозгӯи ин гуфтаҳост: Модари ҷавоне бо ду писараш вориди нақлиёт шуд. Азбаски ҷойи холӣ зиёд буд, он зан дар як курсӣ ҳамроҳи писарчаи хурдиаш ва навраси тахминан 10-12-солаи вай дар паҳлуи ман ҷой гирифтанд. Писарча хеле хушҳол буд ва телефони нави дар дасташ бударо ба ҳар паҳлу гардонда тамошо мекард. Ман аз ӯ пурсидам, ки ин телефони худат аст?

- Ҳа, модарам ба ман гирифта дод.

- Нархаш чӣ қадар аст?

- Се ҳазору ҳафтсад сомонӣ, ака..

Ана ҳамин хел телефонҳои қиматро барои фарзандонамон дастрас мекунем, аммо китоберо ба қимати даҳ, бист ва ё сӣ сомонӣ намехарем!

Акнун қазоват кунед, ки дар роҳи тарбияи наврас китоб муҳим аст ё телефон? Дар дохили ин телефонҳо ҳоло тамоми «дарсҳои одаму одамгарӣ» мавҷуд аст ва ин «дарс­ҳо» насли наврасу ҷавонро ба сӯи бадиҳо мебарад. Ҳоҷат ба шарҳи ин мавзуъ нест, зеро ҳар кадомамон ҳар рӯз инро мушоҳида мекунем. Ҳатто, як модари ҷавон чунин иброз дошт: «Писарчаи навзодамро на бо сухан, бозича ва ё зангӯла, балки бо телефон метавонам ором кунам».

Ин мавзуъ доманадор аст ва метавон мисолҳои зиёде овард. Хуб мебуд, масъулон ва муаллимон, падару модарон ва тамоми аҳли ҷомеа ба ин масъала ҷиддӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва дар таълиму тарбияи фарзандони сазовор саҳмгузор бошанд.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»