Низом Нурҷонов мунаққид, этнограф, санъатшинос ва муҳаққиқи забардасти театр мебошад. Дар асарҳои ӯ масоили гуногуни мардумшиносӣ, театри анъанавии халқӣ ва касбӣ, мусиқии мардумӣ ва рақсҳои суннатӣ таҳқиқ шудаанд. Вақте китобу мақолаҳои устодро мехонем, шоҳид мешавем, ки бахшҳои гуногуни фарҳанги суннатии тоҷикон бо ҷузъиёт инъикос шудаанд. Чунончи, театри суннатӣ, театри касбӣ, кино, сирки анъанавӣ, масхарабозӣ, рақсҳои мардумӣ, рақсҳои пантомимӣ ё тақлидии ҷонварон, суруду мусиқии суннатӣ, созҳои мусиқӣ, ҷашнҳои миллии мавсимӣ, ҷашни арӯсӣ ва русуми он, бозиҳои бачагона ва дигар самтҳои фарҳанги анъанавии тоҷикон аз ҷониби ин донишманди миллатдӯсту фидокор гирдоварӣ, таҳқиқ ва дар шаклҳои гуногун интишор шудаанд.
Низом Нурҷонов аз шогирдони мардумшиноси маъруф М.С. Андреев ба шумор меравад. Маҳз бо тавсияи ин олими сатҳи ҷаҳонӣ олимони ҷавони тоҷик ба соҳа ва мавзуъҳои муҳими илмӣ ҷалб шуданд, ки Нурҷонов аз зумраи онҳост.
Ҷашнҳои миллӣ дар эҷодиёти Н.Нурҷонов, асосан, дар китобҳои «Театри халқии тоҷик: аз рӯйи маводи вилояти Кӯлоб» («Таджикский народный театр: По материалам Кулябской области», 1956), «Театри суннатии тоҷикон» («Традиционный театр таджиков», 2002) қисман дар «Таджики Каратегина и Дарваза» (коллектив, выпуск 3), «Олами беканори рақси тоҷик» (2004) ва баъзе мақолаҳои ӯ (масалан, «Қадимтарин манбаъҳои театри суннатии тоҷикон» шарҳу тасвир ёфтаанд.
Дар даврони шуравӣ омӯзиш ва тарғиби арзишҳои миллӣ маҳдуд буд ва Ҷашни Наврӯзро баъзе сиёсатмадорон ҳамчун «иди динӣ» ва «хурофотӣ» мешумориданд. Садриддин Айнӣ дар «Ёддоштҳо» (1949) роҷеъ ба Ҷашни Наврӯз, сайрҳои Ширбадан ва Файзобод маълумоти этнографӣ дода, онҳоро ҳамчун иду ҷашнҳои табиат ва кишоварзӣ муаррифӣ намуд.
Баъдан, санъатшиноси тоҷик Н.Нурҷонов соли 1956 дар асараш «Театри халқии тоҷик: аз рӯйи маводи вилояти Кӯлоб» зимни тасвири шаклҳои театри мардумии сокинони вилояти Кӯлоб, ба ҷашну сайрҳои халқӣ ва дигар дилхушиву саргармиҳо таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.
Боби якуми китоби мазкур фарогири шуғлу саргармиҳои фарҳангии тоинқилобии мардуми минтақаи Кӯлоб аст. Дар ин боб муаллиф доир ба маросими гулгардонӣ, Ҷашни Наврӯз, сайри Тамошотеппа, ки ба Соли нави суннатӣ бахшида шуда буд, Сайри гул, идҳои Рамазон ва Қурбон, тӯйи арӯсӣ ва ҷойҳои ҷамъомади мардум ва саргармии онҳо маълумоти муфассал додааст.
Соли 2002 қаҳрамони матлаб асари дуҷилдаи «Театри суннатии тоҷикон» («Традиционный театр таджиков»)-ро ба забони русӣ чоп кард. Дар ин асар драмаҳои халқӣ, рақсҳои тақлидӣ, пантомимаҳо дар образҳои ҷонварону махлуқот, масхарабозӣ, сирки халқӣ, мусобиқаҳои варзишии анъанавӣ, иду ҷашнҳо, корвони шодӣ (карнавал) ва дигар ҳунарҳои халқӣ таҷассум ёфтаанд. Дар боби дувуми асари мазкур, ки «Маданияти намоишии халқӣ» ном дорад, ҷашну маъракаҳо бо шаклҳои намоишӣ ва мусобиқаву бозиҳои мардумӣ шарҳ дода шудааст. Маълумоте, ки Н.Нурҷонов роҷеъ ба Наврӯз овардааст, ба рӯзгори тоинқилобии сокинони шаҳри Кӯлоб ва навоҳии атрофи он марбут буда, муаллиф онро солҳои 1940-1950 аз ин минтақа ҷамъ кардааст.
Анъанаи гулгардонӣ бо истилоҳоти гуногун қариб дар байни ҳамаи тоҷикони Осиёи Марказӣ маъмул аст. Дар вилояти Хатлон гули зардак (гули баҳман)-ро чида, гулдаста баста, хона ба хона мегаштанд. Дар водии Ҳисор дар ин айём гули наврӯзӣ мерӯид, ки он ба гули сиёҳгӯш монанд буда, аммо рангаш зард мебошад. Дар Самарқанд ва водиҳои Зарафшон, Фарғона ва Қашқадарё номи он гули бойчечак буд ва маросимро «бойчечак» ё худ «бойчечакгӯӣ» мегуфтанд. Аҳолии баъзе деҳаҳои болооби Зарафшон онро «бойкандак» ҳам меноманд.
Тибқи иттилои Н. Нурҷонов, расми «бойкандак» дар водии Зарафшон хеле маъмул буда, бачаҳо гулҳои баҳориро ба дарвозаи ҳавлиҳои деҳа бурда, таронасароӣ мекарданд. Як нафар матни асосиро мехонд ва дигарон бо овози баланд «бойкандак» мегуфтанд.
Аммо дар вилояти Кӯлоб ҷавонону наврасон бештар бо созҳои мусиқӣ гулгардонӣ мекарданд. Яке аз наврасон доира мезад, дигарӣ дутор менавохт, боқимондаи бачаҳо сурудхонӣ мекарданд. Соҳибхонаҳо гулҳоро бӯй кашида, ба чашм мемолиданд ва ба бачаҳо гандум, нахӯд, орд, наск ё биринҷ медоданд. Бачаҳо маҳсулоти ҷамъшударо ба яке аз хонаҳо бурда, бегоҳ базм меоростанд.
Дар Ҳисор ҷавонону наврасон аз кӯҳу пуштаҳо гулҳои сияҳгӯш ва гули наврӯзиро (гули баҳман, гули зардак) бо решааш канда, ба хона меоварданд ва онро рӯйи ҳавлӣ шинонда, ба гулҳо оби гарм мерехтанд, то зудтар шукуфанд. Вақте гулҳо мешукуфтанд, маросими гулгардонӣ оғоз меёфт. Ҷавонон гулҳо дар даст хона ба хона мегаштанд. Барои он ки гулҳои сияҳгӯш нағзтар намоянд, онҳоро ба нӯги чӯбҳои дароз бо порчаи матоъҳои рангоранг мебастанд. Кадбону ба иҷрокунандагони гулгардонӣ гандум, нахӯд ё лӯбиё барин ягон навъи ғалладона, ё қанду мавизу ғӯлинг ё баъзан тангаеро туҳфа мекард ва гулҳоро ба абрӯвонаш молида мегуфт: «Илоҳо, ба солу моҳи нав расон ва бедарду ғам кун». Иштирокчиёни гулгардонӣ инъоми соҳибхонаро гирифта, чунин посух медоданд:
Ба имонталаб имон теяд,
Ба муродталаб мурод теяд.
Қучқор барин писар теяд,
Моҳтоб барин духтар теяд!
Ба таъбири Нурҷонов: «дар Бартанг маросими гулгардонӣ «Гулхкуфт» (Гулшукуфт) ном дошт, ки онро дар моҳи апрел, дар айёми шукуфтани гулҳо иҷро мекарданд. Ҳар оила ягон навъи хӯрок омода мекард ва онро ба мазор мебурд. Дар он ҷо ҳамдеҳагон гирд омада, рақсу бозӣ ва хурсандиҳо мекарданд».
Гулгардонӣ намоиши театрӣ мебошад, ки дар ҳавои кушод, бо табиат ва ҷамъият баргузор мешуд. Моҳиятан он пайванди инсону табиатро таҷассум менамуд. Расми гулгардонӣ дар баҳор, возеҳан бо мақсади он иҷро мешуд, ки зимистон зудтар биравад ва баҳори гарму хурсандиҳо фаро расад, хулоса кардааст ӯ.
Солҳои пеш, баҳорон тоҷикон Наврӯзро берун аз шаҳру деҳа, дар муҳити табиат, дар боғу чаманҳо, лаби чашмаву рӯдхонаҳо ҷашн мегирифтанд. Дар ҳар ноҳияву минтақа сайргоҳҳои махсус бо номҳои «сайлҷо», «идҷо», «идгоҳ» мавҷуд буданд, ки мардум сайрҳоро дар он ҷойҳо мегузаронданд.
Суннати дигаре, ки Н.Нурҷонов ба он таваҷҷуҳ зоҳир намудааст, «Сайри лола» ё ҷашни «Гули сурх» мебошад, ки он дар гузашта (то нимаҳои асри ХХ) моҳҳои апрел-май дар манотиқи гуногуни тоҷикнишини Осиёи Марказӣ барпо мешудааст.
Мардумшиносон баргузории ин ҷашнро дар Исфара, Конибодом, Фарғона, Хуҷанд, Истаравшан, Балх, Самарқанду Бухоро, Тошканд, Қашқадарёву Бойсун ва дигар ҷойҳо иттилоъ додаанд.
Баргузории ин ҷашн бо зиёрати мазорҳои бузургворон алоқаманд аст. Дар асоси ин пажӯҳиши номбурда ба хулоса омадан мумкин аст, ки дар замонҳои қадим ҷашнҳои «Гули сурх», «Сайри лола» ва монанди инҳо ба ёди Эзади табиати мирандаву эҳёшаванда барпо мешудаанд. Онҳо дар оғоз мазмунҳои асотирию динӣ доштаанд, аммо тадриҷан бо таъсири ташаккули тафаккури оммаи мардум ва чорчӯбагузории идеологияи давр табдили мафҳум кардаанд.
Дар маҷмӯъ, саҳми устод Нурҷонов дар рушди навъҳои гуногуни фарҳангу санъати тоҷик калон аст. Ӯ ба маънои том устоди фарҳангшинос буд.
Дилшод РАҲИМӢ,
номзади илмҳои филология