Ба ифтихори 60-солагии Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Аз ҳар замон номе дар забон

№4-5 (4744-4745) 08.01.2024

холмурод шариповПас аз хатми Академияи илмҳои ҷамъиятии КМ Партияи коммунис­тии ИҶШС (Москва) Холмурод Шарифов чандин вазифаҳои масъули давлатӣ, ҷамъиятӣ ва сиёсиро ба ҷо овардааст. Аз ҷумла, вай солҳои 1990-2002 раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикис­тон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буд, ки 60-солагии он дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта шуд ва китобе бо номи «Ҷоизае боэътибору баракатбор» дар таҳияи Низом Қосим ва Ибодулло Машрабов ба табъ расид.

Қарибиҳои нимрӯз буд. Ба хӯрокхӯрӣ мерафтем, ки ҷавоне ҷузвдон дар бағал ба ҳуҷраам омад.

- Мирзоев кӣ? — пурсид ӯ.

Аз ҷоям бархостам. Саломалейк гуфтем.

- Холмурод Шарифов фирис­тоданд, — ҷузвдонашро кушода чанд варақ коғаз баровард. Ҳикояе будааст. Гирифтам, ҷавон гӯё вазифаашро ба ҷо оварда буд, ки ақиб гашта, ба роҳи омадааш рафт.

Баъди ин, ба мисле ки ҳангомае дар идораи рӯзнома ба вуқӯъ омад. «Холмурод Шарифов ҳикоя фирис­тодаанд?».

Ба як ҳамкорамон, ки аз муҳибону ҳамнишинони муҳаррир ҳисоб меёфт, Худо дода буд:

- Ба шумо доданд ҳикояи Холмурод Шарифовро? — ва мунтазири ҷавобам нашуда биафзуд: — Ин хел мақолаҳои аз болоомада бояд тавассути муҳаррир ба рӯзнома ворид шаванд. Дар ин масъала банда нисбат ба муҳаррир беҳурматӣ карда будаам, аҷаб не, ба дилашон гап меомадааст. Ё Холмурод Шарифов шумоя мешиносанд? Ҳамшаҳрӣ? — ба ақидаи худаш ӯ таҳковӣ мекард.

- Медонанд, ки дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор мекунам, мудири шуъба ҳастам.

- Ин ҷо ягон гап будагӣ барин, — маккорона хандид ва ба суханаш давом дод:

- Аз афташ шумоҳо ошноед?

Ҷониби ошхонаи боғи марказии шаҳр равон будем, ӯ аз ман ҷудо набуд. Мавзуи гапу ҳарфаш Холмурод Шарифов. Аз лаби домони костюмам дошта ақиб кашид, ишора кард, ки аз ҳамроҳон ақибтар роҳ равем.

- Ҳикояашон калон аст?

- Ба хаёлам аз даҳ варақ зиёд.

- Ба Худо Холмурод Шарифов аз одамони хеле баобрӯи ҷумҳурӣ мебошанд, мудири шуъбаи КМ ПК Тоҷикистон, депутати Шӯрои Олӣ, узви ҳукумат ҳастанд, хоҳанд ба ҳар шиносашон вазифа медиҳанд, баъзеҳо дар сояи давлаташон роҳат доранд. Агар бо он кас одам шинос бошад, нағз аст. Ҳамин рӯзҳо як гапи муҳаррири худамон ҳам Холмурод Шарифов шудаву ду гапашон ҳам. Медонед-ку аз болояшон навиштаанд… Агар Холмурод Шарифов ба он кас мадад мерасонданд…, — пас аз лаҳзае таваққуф ӯ боз суханашро давом дод: — Лекин чаро ҳикояашонро ба муҳаррир нею ба шумо фиристодаанд? Шумо муғамбир, дамдузд, — гӯё ким-чӣ сирреро кашф карда буд, ки қаноатмандона табассум дошт ва дар пӯстинаш кайк даромадагӣ барин ором намешуд.

Аз пурсусанҷ ва ба ин дараҷа тағйир ёфтани ҳоли ҳамкорам ба ҳайрат омада будам. Дар асл ба ақидаи банда ҳеҷ воқеае рух надода. Як муаллифи дар ҳақиқат соҳиби вазифаи баланд ба рӯзнома, ба унвони банда ҳикоя фиристода, онро мехонам, ба чоп омода месозам. Аз ҷиҳати дигар ӯ — Холмурод Шарифов аҳли фазл, олим, нависанда, асарҳояшро хондаам, писандам афтода онҳо.

Дар як шумораи «Садои Шарқ» хотираҳои дӯстону азизон аз зиндагӣ ва рӯзгори шоири маҳбуб Мирзо Турсунзода, ки ҳамин сол аз олам гузашта буд, ба табъ расид. Миёни онҳо мақолаи Холмурод Шарифовро ҳам хондам, хушам омад он. Лаҳзаҳои видоъ бо шоир бо сӯзу гудоз оварда шуда. Ҳама мегирянд, гӯё замину осмон гирён. Аз ҷумла, навишта шуда:

«26 сентябри соли 1977. Офтоб бо ҳама гармиаш издиҳоми одамонро, ки дар майдони «800-солагии Москва» ҷамъ омада буданд, парешон карда наметавонист… Майдон пур аз одам. Одамон ба якдигар ҷафс шуда, барои видоъ бо шоири маҳбуб шитоб доштанд.

…Ҳозирон аз бори андуҳ сархам, ҷасади ӯро гӯё бар дӯши худ бардошта, ба сӯи боғи Лучоб раҳсипор гардиданд, ки манзили абадии ӯ қарор ёфта…».

Хаёлам ба Мирзо Турсунзода, ҳамроҳи Холмурод Шарифов ба кишварҳои ҳамсоя, ба мамлакатҳои дур сафар карда. Бо ҳам меҳрубон, бародар, дӯст… Мирзо Турсунзодаро пас аз марг тавассути қиссагӯиҳои Холмурод Шарифов зинда, дар ҳаёт медидам.

 Зери таъсири навиштаҳои Холмурод Шарифов будам. Ҳушу хаёлам ба ӯ, аз хӯрокхӯрӣ баргаштам. Акнун ба паси мизам гузашта будам, ки дари ҳуҷра кушода шуд. Ҳамон ҳамкорам. Дар лабонаш табассум.

- Кароматулло, — гуфт ва аз дар даромад, — ин тараф биоед, — ба долон хонд ӯ маро. — Назди муҳаррир дароед, — бо ҳамон ҳоле, ки дар лабонаш табассум мавҷ мехӯрд, фармоиш дод.

Муҳаррир интизорам будааст.

- Шинед, — ба курсии наздаш гузошташуда ишора кард. — Холмурод Шарифов ҳикоя фиристоданд? — пурсид аз ман.

- Ҳа.

- Хондед?

- Алҳол нахондаам.

- Нағз нашудааст, бояд мехондед. Агар ба ман сим зананд, чӣ ҷавоб мегуфтам? Мегуфтам, ки ҳоло нахондаем. Ин хел мақолаҳоро зудтар хонда, ба чоп супоридан зарур.

- Вақти зиёд нагузаштааст, ду-се соат пештар оварда буданд.

- Як соат ҳам ҳақ надорем, чизи фиристодаи Холмурод Шарифовро нигоҳ дорем. Ё намедонед, ки он кас кистанд? Лекин ман ҳайрон ҳас­там, ки чаро ҳикояашонро ба шумо фиристоданд? Рӯзнома муҳаррир дорад, ман набошам, ҷонишин, баъд котиби масъул ҳаст. Ё шумоҳо шинос ҳастед?

- Бале, он кас маро мешиносанд.

- Ин тавр бошад, аз шумо тарсидан лозим. Эҳтиёт мешавем.

- Чаро ин тавр мегӯед?

- Шӯхӣ кардам. Аммо аз як чӣ ҳайрон ҳастам. Медонед — а, аз болои муҳаррир навиштаанд. Албатта, дар он имзои шумо нест. Ташаккур мегӯем. Лекин Холмурод Шарифов аз куҷо ҳамаи гапу ҳарфи идораи рӯзномаро медонанд? Ҳайрон будам, фикр мекардам…

- Хаёл мекунед, ки ман ба он кас хабар мебарам?

- Оташин нашавед, мулло Кароматулло, — аксар дар лаҳзаи қаноатманд набуданаш аз ягон мақола ё кору амалам ҳамин тавр муроҷиат мекард ба банда муҳаррир, — нагуфтам, ки шумо хабар мебаред, шуморо медонам. Лекин ман ҳайрон, ки бо Холмурод Шарифов чӣ хел шинос ҳастед? Ё баъзе миш-мишҳо, ки шумо ҳам аз водии Зарафшонед… — муҳаррир ҳам ба мисли он ҳамкорам дар андеша будааст.

Табассум кардам, бо ҳамон ҳол ба ёдаш овардам: — Ба деҳаи мо равуо доранд, шиносҳояшон он ҷоанд. Боз гуфтам, ки гоҳе ба банда телефон мекунанд. Ҳикояҳоямро дар «Садои Шарқ» хонда будаанд. Баъд боз гуфтам, ки худам ҳам ба он кас сим зада будам, як ҳикоя­ашон ба ман писанд шуд.

Муҳаррир давом намуд:

- Корҳо он қадар нағз нест, ба наздикӣ тафтиш мекунанд, маҷлис мешавад, шояд Холмурод Шарифов ҳам оянд. Агар шинос бошед, ҳақиқати ҳолро ба он кас бигӯед, фаҳмонед, ки дар идораи рӯзнома мансабхоҳон ҳастанд, иғвогарҳо бисёр, кор кардан душвор. Худатон медонед, мешиноседашон. Ё дурӯғ мегӯям?

Ҷавоб нагардондам.

- Нашунидед, чӣ гуфтам? — димоғаш сӯхт, ранги рӯяш дигар шуд, аз ҷояш бархост, аз як шишаи болои миз чанд панҷа об ба рӯяш зад.

- Имрӯзҳо мегузаранд, додарам, — гуфт норизоёна ва таъкид кард, ки ҳикояи Холмурод Шарифовро дераш то соати ёздаҳи пагоҳ ба дасташ супорам ва гӯшаки телефони дохилиро бардошт, котиби масъулро пурсид. Ба ӯ фармуд, ки ба ҳикояи Холмурод Шарифов дар шумораи оянда ҷой гузорад.

Ба идораи рӯзнома комиссияҳо омаданд. Лек, чӣ хеле ки муҳаррир чашмдор буд, Холмурод Шарифов наомад.

Шарифобод

Пирамард вақте ба бӯстонсаро наздик омад ва ба таги дарвозаи дуқабатаи оҳанини боҳашамат расид, борхалтаашро аз китф ба канори ҷӯй, ба сояи дарахти тут гузошт ва такя ба асо рӯ ба лавҳае, ки бо ҳарфҳои хоно «Шарифобод» навишта шуда буд, биистод. «Шарифобод», пирамард такроран ин калимаро ба забон овард. Пеши назараш дарёи пуртуғёни Кофарниҳон, ки мавҷҳои он сар ба сангҳои соҳил мехӯрданд, дарахтон, гулу буттаҳо, хуллас, манзараҳои зебои зиёде намоёнтар гаштанд. Боғ, бӯстонсаро…

Пирамард деҳу мавзеъҳоеро медонад, ки бо номи одамон омада: Муъминобод, Мискинобод, Ҷобиробод, Қосимобод… Ва ҳоло бӯстонсарое — Шарифобод.

Аз афташ, ин марди некрой ин боғу майдонро бунёд ниҳода, «Офарин, хушбахт буда ӯ, Худодод». Пирамард гӯё ба Шариф ном шахс аҳсант мехонд, ки аз вай дар ин дунё ном монда, нишон монда…

Пирамард лаҳзаҳо зери сояи тути канори дарвоза биистод, дам гирифт, хастагиаш рафъ гашту ба суолаш ҷавоб пайдо накарда, борхалтаашро ба китф бардошт, боз қадам ба роҳ бурд.

Имрӯзҳо, ки аз набудани мошинҳои роҳ, автобусҳо аксари мардуми деҳаҳои атрофи Ромит гоҳо пиёда мемонанд, аз канори бӯстонсарои Шарифобод мегузаранд, бо ҳамин роҳ боз ба кулбаҳояшон бармегарданд. Бисёранд мусофирон, ба қавле беҳисоб. Ва табиист, ки нигоҳи аксари онҳо ба лавҳаи «Шарифобод», ба бӯстонсаро бармехӯрад. Мисли пирамард аз худ суол мекунанд: Шариф кӣ бошад: чаро ин бӯстонсаро номи ӯро дорад?

Албатта, аҳолии аксари деҳаҳо — роҳгузарҳо ба саволи худ ҷавоб ёфтаанд, ба дигарон гуфтаанд, нақл кардаанд, ки ин боғу майдон чӣ тавр ва бо чӣ душвориҳо ба вуҷуд омада ва кӣ сабабгор гашта.

Он вақт Холмурод Шарифов акнун ба вазифаи сарварии Кумитаи давлатии табъу нашри ҷумҳурӣ омада буд. Соҳаи нобасомон, парешон, шароити зисти мардум бад, аксар бесарпаноҳ, осуда набуданд. Агар ҳол чунин бошад, аз онҳо чӣ тавр меҳнати босамар бихоҳӣ, иҷрои нақшаҳояшон бипурсӣ?

Бо фаъолияти ӯ аз ҳама аввал сохтмони хобгоҳҳо, хонаҳои истиқоматӣ оғоз ёфтанд, ташвиши кормандони соҳа баҳри бӯстонсаро ҳам ҳамон рӯзҳо сар шуда.

Замине ки бо розигии ҳукумати шаҳри ҳоло Ваҳдат бо ин мақсад ҷудо шуд, санглох, санг, ҳама санг буд ва он ҳам бо осонӣ ба даст наомада. Ба гуфтае, ки Холмурод Шарифов таги дари ҳуҷраҳои бисёр мансабдорҳоро охурча карда, обрӯю эътибори бузургаш дар ин роҳ ба ӯ мадад расонд.

Баъд кор шурӯъ шуд. Ташвиш, таҳлука: мошин ёб, трактору кран биҷӯ. Ҳашар мекарданд. Матбаачиён, ноширон ба ҳашар меомаданд, рӯзҳои дамгирӣ дар соҳили дарё мегузашт. Худи Холмурод Шарифов ҳама рӯз то бегоҳ бо онҳо. Корҷома дар бар бо дигарон заҳмат мекашид. Ҳаво гарм, сангҳо аз тобиши офтоби сӯзон метафсиданд, даст ба онҳо бурда намешуд. Гӯё офтоб паст фаромада. Канори дарё мисли оташдон. Як ниҳоли сабз, дарахте набуда, то сар панаҳ барӣ, дар сояаш биншинӣ. Ҷои боғ — бӯстонсарое, ки ҳоло роҳгузарҳо, мардум дар он лавҳаи «Шарифобод»-ро мебинанд, ана ҳамин гуна мавзеъ буд. Ҷое, ки ниҳол, дарахте наменамуд, ҳоло гулафшон, ба мисли дастагуле. Бо меҳнат онро бунёд карданд. Холмурод Шарифов пешдаро, корфармо. Хонаҳо сохтанд. Дар солҳои сарварии Холмурод Шарифов Кумитаи давлатии табъу нашр дур аз Душанбе, дар соҳили дарёи шӯху пурталотуми Кофарниҳон соҳиби истироҳатгоҳ гашт. Мардуме, ки дирӯз ин ҷо ниҳол мешинонданд, ба кулбаҳо пойдевор мегузоштанд, акнун ҳафтаҳо, рӯзҳо дар ин ҷо, дар соҳили дарё дам мегирифтанд, бо аҳли оилаашон меомаданд. Дар қатори даҳҳо истироҳатгоҳҳои дар дараи хушманзараи Ромит, қад-қади дарёи Кофарниҳон ҷой ёфта боз як осоишгоҳ.

Солҳо ноаён мегузаштанд, ба мисли обе, ки аз дарёи Кофарниҳон рӯ ба водиҳо ҷорӣ шуда. Соли 1979 Холмурод Шарифов раиси Кумитаи давлатии табъу нашри ҷумҳурӣ таъин гардид. Соли 1990, соле, ки кормандони соҳаи табъу нашр ӯро бо обрӯю эътибори зиёд ба кори дигар — мушкилтар ва бошарафтар мегуселонданд, мӯйҳои сараш сафед шуда, ба монанде, ки ба ҳисоби ҳар як тори он ба мардум, ба Ватан нафъ оварда, беҳуда рӯз нагузаронда, беҳуда мӯйҳои сиёҳашро сафед накарда…

Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии табъу нашри ҷумҳурӣ, ки дар он хизматҳои Холмурод Шарифов ба хотир оварда мешуд, аз вай изҳори миннатдорӣ мекарданд, иштирок доштам. Дар ҳаққаш суханҳои нек мегуфтанд. Банда ҳар рӯзҳои шиносоӣ ва баъд бо ӯ ҳамкор буданамро ёд меовардам, ёди нек, шахси некхоҳ, боадолат. Он рӯз роҳи тайнамудаи вай, ба назарам хеле тӯлонӣ, пурпечутоб, душвор,менамуд, пеши назарҳо меомад, худаш низ ба хаёл монда, ба хаёли рӯзҳои рафта, ҷавонӣ… Аз рӯзҳои роҳбарии ӯ дар соҳили Кофарниҳон боғ-бӯстонсаро. Ва ҳамон рӯз бо таклифи вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Бобохон Маҳмадов аҳли ҷаласа қарор доданд, бӯстонсаро ба номи Холмурод Шарифов гузошта шавад, имрӯз акнун он Шарифобод ном гирифта. Дарёи Кофарниҳон аз канори Шарифобод равон, мисли умри одамӣ даргузар. Вале ном, номи Шариф монда, Шарифобод зикри забонҳо.

Рӯзҳои ҳамкорӣ

Дар идораи рӯзномаи «Тоҷикис­тони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») мудири шуъбаи адабиёт ва санъат шуда кор мекардам. Ба ҳуҷраамон директори нашриёти «Маориф» муҳтарам Собир Хоҷаев даромаданд, саломалейк кардем. Бе ягон истиҳолаю андеша ба банда муроҷиат намуданд:

- Кароматулло, мо туро ба вазифаи мудири шуъбаи адабиёти бачаҳо ва ҷавонон ба кор мегирем. Талабгорҳо бисёранд. Холмурод Шарифов ҷонибдори худат. Хоҳиши худам ҳам ҳамин, — гуфт Собир Хоҷаев ва пас аз лаҳзаи сукунат биафзуданд: — Чӣ мегӯӣ, ба нашриёт ба кор мебиёӣ?

Розӣ шудам.

Моҳҳои аввали корам дар нашриёт, аз афташ, Холмурод Шарифов ба ман кумак расондан мехостанд. Вомехӯрдем. Тавассути директори нашриёт, сармуҳаррир ё ҷонишинаш аз ҳолу аҳвол, корҳоям пурсон мешуд, ба онҳо дар омади гап мегуфтааст, ки ба банда, ки таҷрибаи ноширӣ надоштам, мадад расонанд. Ба як семинари ноширон, ки дар шаҳри Тошканд барпо гашта буд, ба ҷои кадом як мудири шуъбаи «бообрӯ»-и нашриёт худи Холмурод Шарифов номи маро нависонда, дар чанд ҷаласаҳои ҳайати мушовара бо хоҳиши раис аз номи аҳли нашриёти «Маориф» баромад кардам. Ғамхориҳои раиси Кумитаи давлатии табъу нашри ҷумҳурӣ дар ҳаққи банда баъзеҳоро ба кӯчаҳои фикру андеша мебурд. Гӯё баҳри ба вазифаи баландтаре соҳиб шудан маро ба нашриёти «Маориф» овардаанд, баъзе соҳибмансабҳо норизо, дар шубҳа. Ҳамон чанд ҳарфи дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» шунидаам боз ба гӯшам меомад: «Банда ҳам аз водии Зарафшон, аз ноҳияи Айнӣ?».

Гап-гапи ташкил ёфтани нашриёти нави адабиёти бадеӣ – «Адиб». Яке аз онҳое, ки баҳри бунёди он мекӯшид, Холмурод Шарифов буд. Моҳи апрели соли 1987 нашриёти «Адиб» таъсис ёфт. Шуъбаҳои адабиёти бадеии нашриётҳои «Ирфон», «Маориф» ба он ҳамроҳ. Кормандон, ноширонаш ҳам. Ҳар кадоме ба ҳар вазифае. Банда ба сармуҳарририи адабиёти ҷавонон ва наврасони нашриёти «Адиб» тавсия шуда будам, назди Холмурод Шарифов даромаданам лозим будааст.

- Чӣ гап, мулло Кароматулло? — лабони Холмурод Шарифов моили табассум буданд. Ӯ пайкарашро ба пушти курсии нишастааш рост кард.

- Намедонам, ба худатон маълум будагист, — навиштаҳои ба номи раис расидаро дар назар доштам.

- Беҳуда, — бо ханда афзуд Холмурод Шарифов, — дар интихоби роҳбари нашриёт маҳалҳо ба ҳисоб гирифта шавад, гуфтаанд, мардум шубҳа кардаанд, — ва пас аз андаке таваққуф биафзуд: — Фармон имзо шуд. Шумо сармуҳаррир, муваффақият мехоҳам. Табрик.

Холмурод Шарифов аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии табъу нашри ҷумҳурӣ рафтанд. Банда сармуҳаррири нашриёти «Адиб», аз он кас хурсанд, миннатдор. Дар ёдам мондаанд. Чанд лавҳа навиштам.

Кароматуллоҳи Мирзо,

Нависандаи халқии Тоҷикистон