Соли 2023 аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд зиёда аз 135 ҳазор сайёҳ, аз ҷумла беш аз 8 ҳазор сайёҳи хориҷӣ боздид намуданд, ки ин теъдод нисбати солҳои қаблӣ зиёд мебошад.
Тибқи иттилои Абдумаҷид Раҳимов — мудири шуъбаи сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят алҳол дар қаламрави вилоят 41 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ — Шурои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии «Зарафшон» фаъолият менамоянд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 205 хатсайри ширкатҳои сайёҳӣ ташкил гардидааст, ки тамоми мавзеъҳои таърихию фарҳангиро фарогир мебошанд.
Дар вилоят алҳол 40 осорхона ва 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла 97 зиёратгоҳ, воқеъ буда, аз мавзеъҳои писандидаи сайёҳон маҳсуб меёбанд.
Мухтори Абдулло,
«Садои мардум»