Дар шаҳри Панҷакент дар доираи омодагӣ ба таҷлили 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ вусъат меёбад.
Чунончи, дар арафаи соли нави мелодӣ дар деҳаи Ворӯи шаҳри Панҷакент бинои нави муассисаи таълимӣ ва бунгоҳи тиббӣ, дар маркази шаҳр бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдову хизматрасонӣ, дар деҳоти Чинор бинои беморхонаи сироятӣ пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бунёди иншооти мазкур бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент, шарикони рушд ва соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ гардида, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ободии маҳал ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинони шаҳр мусоидат менамояд.
Мухтори Абдулло,
«Садои мардум»