Садоқат ба касб инсонро ба қуллаи мақсуд мерасонаду байни мардум соҳибэҳтиром мегардонад. Дар зиндагӣ низ, маҳз онҳое муваффақ мегарданд, ки ҷодаи интихобкардаи хешро бо меҳнати ҳалол тай менамоянд. Сардори шуъбаи муросилот ва хоҷагидории Корхонаи фаръии КВД «Почтаи тоҷик» дар вилояти Хатлон Маҳмадалӣ Хидиров аз зумраи чунин нафарон мебошад.
Мавсуф солиёни зиёд аст, ки дар ин соҳа фаъолият мекунад. Рӯзи кориаш замоне оғоз мешавад, ки мардум ҳанӯз дар хоби нозанд. Ӯ субҳи содиқ ба хонандагон барои гирифтани ғизои маънавӣ ба тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят рӯзномаю маҷалла ва дигар муросилотро равона месозад.
Маҳмадалӣ соли 1967 дар шаҳри Калининобод (ҳоло Левакант) дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1984 мактаби миёнаи умумии №5-и шаҳри Левакантро бо баҳои хубу аъло хатм карда, муддати ду сол дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар шаҳри Москва адои хизмати ҳарбӣ менамояд. Аз соли 1988 то ҳол дар соҳаи алоқа кору фаъолият дорад.
- Бисту яксола будам, ки маро аз ҷониби корхона — Автобазаи алоқаи шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) барои такмили ихтисос ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон фиристоданд, — ба ёд меорад Маҳмадалӣ Хидиров. — Ҳар сол ба шаҳри Тошканд рафта, 40 рӯз дар факултети алоқаи Институти роҳсозии ин шаҳр таҳсил мекардам. Аз соли 1988 то соли 1993 дар ин боргоҳи илму маърифат таҳсил намуда, соҳиби маълумоти олӣ гардидам.
М. Хидиров аз оғози кор дар КВД «Почтаи тоҷик» дар вилояти Хатлон дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла муҳандиси нақлиёт, сардори шуъбаи муросилот ва хоҷагидорӣ, фаъолият кардааст.
- Ҳар ҳафта ба идора то 20 номгӯй, дар маҷмӯъ, тахминан 20 ҳазор нусха рӯзномаю маҷаллаҳо ворид мешаванд. Ҳар рӯз ҳамин теъдоди рӯзномаю маҷаллаҳоро сари вақт ба обуначиён мерасонем, то аз набзи Ватани азизамон, аз сиёсати имрӯзаи давлат, дигаргуниҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва ҷаҳон бохабар бошанд. Бар замми ин, ба идораи мо боз мактубҳою дигар муросилот низ ворид мешаванд, ки онҳоро зуд ба соҳибонашон мерасонем, — мегӯяд Маҳмадалӣ Хидиров.
Ӯ дар коргоҳ бо кормандон ба меҳрубонӣ ва самимияти хос муносибат менамояд. Дили пок дораду роҳнамои кормандони ҷавон аст. Дар тӯли фаъолият боре ҳам касеро наранҷондааст. Дар пастию баландиҳои зиндагӣ ҳамеша паҳлуи ҳамкасбон мебошад. Аз ин ҷост, ки дар идора ҳурматашро ба ҷо меоранд.
Раъногул Раҳмонова, ки 30 сол боз бо қаҳрамони матлаб фаъолият менамояд, ӯро инсони некандешу хушмуомила, чеҳрахандону кордон, меҳнатқарину корозмуда ва пуштибони тамоми кормандон медонад.
- Ман аз ҳаёт розиам, — мегӯяд Маҳмадалӣ Хидиров, — 35 соли зиндагиамро дар ин коргоҳ сипарӣ намуда, ба мардум аз сидқи дил хизмат кардаам. Аз пешаи интихобкардаи хеш пушаймон нестам ва ният дорам, то умр боқист, дар ҳамин соҳа фаъолият намоям.
Заҳматҳояш борҳо аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо сипосномаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст. Ҳамчунин, фаъолияти пурсамари Маҳмадалӣ Хидировро ба назар гирифта, соли 2015 ба ӯ унвони баланди соҳаи алоқа — «Устоди алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро доданд.
«Садоқат ба касб, ки ному нонат ҳамбаста бо ӯст, арҷ бар неъмати худододист», — мегӯянд дар урфият. Маҳз, садоқат ба касби дӯстдоштааш буд, ки Маҳмадалӣ Хидиров 35 соли ҳаёташро дар ин масир сарф карда, бо заҳмати ҳалол зиндагии хешро пеш мебарад.
Дар ин маврид Лоиқи бузургвор барҳақ фармудааст:
Дар осмони ҳафтум ҷовид ҷо бигирад,
Ҳар кас ҷабин бисуда дар остони меҳнат.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»