Сагҳои дайду зиёд шудаанд

№8 (4748) 15.01.2024

Афзоиши сагҳои дайду дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ мушкили ҷиддӣ ба шумор рафта, аз ҷониби мақомоти дахлдор бояд чораҳои муассир андешида шаванд, зеро борҳо ҳолатҳои ҳамла овардани онҳо ба сокинон дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Рошт­қалъа ва дигар ноҳияҳои вилоят мушоҳида гардид.

Ба гуфтаи сокини шаҳри Хоруғ Собири Худобахш, сагони дайду, бахусус дар маркази вилоят, зиёданд.

- Бо сабаби афзоиши сагҳои дайду фарзандонам метарсанд, ки танҳо ба мактаб раванд. Маҷбурам, ки ҳар рӯз онҳоро то мактаб гусел намоям. Баъзан сагҳо ҳатто дар саҳни макотиби маркази вилоят ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ озодона гаштугузор мекунанд, — афзуд номбурда.

Тавре мудири шуъбаи Муассисаи назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят Ховар Марамбеков иттилоъ дод, то моҳи сентябри соли 2023-юм 99 сокини шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла аз шаҳри Хоруғ 30 нафар, ноҳияҳои Шуғнон — 28, Рӯшон — 13, Ванҷ — 19, Роштқалъа — 8, Ишкошим — 2 ва Мурғоб 1 нафар бо далели осеб дидан аз сагҳои дайду барои табобат ба беморхона муроҷиат кардаанд.

Корманди идораи байтории вилоят Муборакшоҳ Паҳлавонов изҳор намуд, ки ҳар як саги хонагӣ бояд ҳуҷҷат ё шиносномаи махсус дошта бошад, то дар он сиҳатӣ, эм шудан ва таҳти назорати байторӣ қарор доштани он, соҳиб, намуд, ҷинс, ранг, солу рақами (нишонаи) инфиродии саг, ташхис ва табобате, ки саг гирифтааст, қайд карда шавад.

Ҳамсуҳбати мо тавзеҳ дод, ки ҳорӣ навъи бемории шадиди сироятиест, ки дар натиҷаи осеби системаи марказии асаб ба амал меояд. Ҳамаи ҳайвоноти ширхӯр, паранда ва ҳам одамон ба ҳорӣ гирифтор мешаванд. Касалӣ одатан бо марг анҷом меёбад. Сироят ҳангоми газидани саги касал ба амал меояд. Паҳнкунандагони хавфноктарини ҳории одамон сагҳои дайду ва ҳории ҳайвонот бошад, асосан рӯбоҳ мебошад.

Сагеро, ки одам ё ҳайвонро газидааст, занҷирбанд кардан лозим. Онро то 12 рӯз барои муайян намудани гирифтор будан ё набудан ба ҳорӣ назорат мекунанд. Агар саг солим бошад, онро зидди бемории ҳорӣ эм кардан лозим.

Дуруст аст, ки саг дӯсти инсон мебошад, вале набояд фаромӯш кард, ки дар ҳолати беморӣ ин дӯсти мо метавонад ба саломатии соҳибаш ва ба атрофиён хатар эҷод намояд. Бинобар ин, нисбат ба саломатии ин дӯст ғамхорӣ намудан, онро аз муоинаи байтор гузаронида, эм кардан ҳатмӣ мебошад.

М. ИМОМНАЗАР,

сокини ВМКБ