Ситораҳои Болливуд

«Артист»-и бебарор, вале тоҷири муваффақ

№110 (3256) 23.09.2014

КуналСоли 1984 ба экранҳои кинои советӣ филми нави ҳунарии «Артист» (режиссёр П. Самбасива Рао) баромад. Мухлисони кинои ҳиндӣ дар Тоҷикистон филми навро хеле гарму ҷӯшон истиқбол карданд. Иҷрокунандаи нақши асосӣ Равӣ Кумар – Кунал Госвамӣ баъди нахустнамоиши филм актёри дӯстдоштаи ҷавонон гардид. Он айём сурудҳо аз ин филми ҳунарӣ вирди забони ҷавонон буд. Вале тақдири фоҷиавии қаҳрамони асосӣ Равӣ  Кумар мухлисонашро хеле ғамгин сохт, зеро поёни филм бо марги ситораи эстрада анҷом ёфт. Ҷавондухтарон бо ашкҳои шашқатор аз толори кино берун мешуданд.

Баъди филми ҳунарии «Артист» мухлисон интизори нақшҳои нави Кунал Госвамӣ дар кино буданд, аммо аз чӣ бошад, ки актёри дӯстдоштаашонро дигар дар экрани кино надиданд. Овоза паҳн шуд, ки гӯё ӯ пас аз иҷрои нақши Равӣ вафот кардааст. Яъне, танҳо дар филми ҳунарии «Артист» нақш офаридаасту халос.

Он солҳо дар бораи Кунал Госвамӣ маълумот пайдо кардан ғайриимкон буд. Хушбахтона, имрӯзҳо Сафоратхонаи  Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад ва мо метавонем аз он ҷо дар бораи актёрҳои дӯстдоштаамон маълумот гирем. Ё тариқи шабакаи интернет бо режиссёру актёрҳои писандидаамон гуфтугӯйи электронӣ дошта бошем.

Ба ҳаводорони Равӣ Кумар аз филми ҳунарии «Артист» расонданием, ки Кунал Госвамӣ сиҳату саломат буда, имрӯзҳо  яке аз тоҷирони муваффақи Ҳиндустон ба ҳисоб меравад.

Тибқи  маълумоти бадастомада, Кунал Госвамӣ 24 ноябри соли 1971 дар Ҳиндустон таваллуд шудааст. Вале, агар санаи зодрӯзашро бо истеҳсоли филми ҳунарии «Артист» (соли 1983) муқоиса кунем, ӯ нақши Равӣ Кумарро гӯиё дар 12 – солагиаш офарида бошад. Дар филм бошад, мо як ҷавони баркамолро мебинем.

Мавриди зикр аст, ки мавсуф аз ҳамаи актёрон дида бештар имкон дошт, ки дар кино нақш офарад, зеро падараш  Маноҷ Кумар актёр, режиссёру сенарист ва продюсери шинохтаи Ҳиндустон ба шумор мерафт.Маноҷ Кумар чун режиссёр филмҳои ҳунарии «Нилуфари кабуд» (1968), «Нони хушк» (1974), «Ғавғо» (1972), «Қалби гарм»  (1981)  ва ғайраро таҳия кардааст. Аз рӯйи сенарияи  ӯ режиссёри машҳур Раҷ Капур филми ҳунарии «Номи ман масхарабоз»-ро соли 1972 таҳия  карда буд. Ҳамчунин падараш чун режиссёр бунёдгузори усули нав-филмҳои ватандӯстона дар кинои Ҳиндустон шинохта шудааст. Падар  то охири ҳаёташ ба сабку равишаш содиқ монд. Ҳол он ки дар он айём режиссёрҳои аллакай маъруфу машҳур Раҷ Капур, Дев Ананд ва Дилип Кумар истеҳсоли филмҳои шавқангез, пурҷӯшу хурӯшро (пафосные филмы)  пеша карда буданд.

Маноҷ Кумар мехост, ки ба писараш дар кинокарера кумак расонад. Аввалин нақши Кунал дар кино ин нақши наврас Крантӣ дар филми ҳунарии «Қалби гарм» (режиссёр Маноҷ Кумар, соли 1981) буд. Дар ин филм ситораҳои кинои Ҳиндустон Дилип Кумар, Шаши Капур  ва Хема Малини низ нақш офарида буданд. Кунали наврас аз ҳамкорӣ бо ин ситораҳо фахр мекард.

Kalakar_Bollyfan.ru_

Баъди ду сол актёри ҷавон Куналро шуҳрати беандоза  интизор буд. Режиссёр П.Самбасива Рао ба таҳияи филми ҳунарии «Артист» шурӯъ намуд ва барои иҷро кардани нақши асосӣ – Равӣ Кунал Госвамиро даъват кард. Метавон гуфт, ки ӯ қадамҳои нахустини хешро ба сӯйи  шаҳраки киносозони Ҳиндустон – Болливуд  гузошт.

Иҷрои нақши Равӣ дар филми ҳунарии «Артист» ба Кунал Госвамӣ шуҳрати беандоза овард. Метавон гуфт дар кино ин аз ҳама нақши бобарори ӯ буд. Пас аз нахустнамоиши филм — 9 декабри соли 1983 ҳамагон дар экран ҷавони зебо ва дилрабо, болобаландро дида, аз ояндаи дурахшонаш сухан мегуфтанд.

Овозхони ҷавон баъдҳо ситораи эстрада Равӣ Кумар (Кунал Госвамӣ) бо ҳунар, истеъдод ва чеҳраи саҳназебаш дили ҳазорон мухлисони киноро ба даст овард. Дар филми ҳунарии «Артист» Кунал Госвамӣ бо ситораи кино Шридеви партнёр буданд. Ду ҷавони зебо ва ба ҳам муносиб. Ҳар ду ба қуллаҳои орзуяшон мерасанд, аммо…

Бемории ногаҳонии Равӣ Кумар дар як мижа задан тақдирашонро дигар кард. Марги онҳо як навъ саҳнаи фоҷиаи «Ромео ва Ҷулетта»-ро ба хотир меовард. Дар асл тақдирашон  якранг баромад. Равӣ ба ҳалокат мерасаду Радха заҳр хӯрда, худкушӣ мекунад. Ин филм натанҳо ба ҳаёти Равӣ Кумар хотима мегузорад, балки ҳаёти ҳаррӯзаи иҷрокунандаи нақш Кунал Госвамиро низ аз мухлисонаш паноҳ кард. Албатта, ӯ батамом аз кино дур нашуд. Минбаъд, дар филмҳои ҳунарии «Тақдири раққоса» (1983), «Бозии охирин» (1989), «Пулҳои ифлос» (1990) ва «Ҳимоятгар» (1991) нақшҳои асосӣ ва дувумдараҷаро бозидааст, аммо ин филмҳо барои ӯ бебарор буданд. Актёр натавонист, ки тавассути образҳои офаридааш ба мухлисонаш шодию фараҳ ё ғаму андӯҳ бахшад.

Дар соли 1991 ӯ дар ду филми ҳунарӣ  нақш офарида  буд, аммо боз бебарор…

Умуман, чаҳор филме, ки Кунал Госвамӣ дар онҳо баъди филми ҳунарии «Артист» нақш офарида буд, он қадар камёб нашуданд. Яъне, артисти дӯстдоштаи мо паси парда монд. Дар маҷмӯъ, номбурда дар 11 филми  ҳунарӣ нақш офаридааст.

Бояд зикр намуд, ки солҳои 90-ум ба кинои Ҳиндустон актёрҳои ҷавону боистеъдод Салмон Хон, Шоҳрух Хон, Акшай Кумар, Адҷай Девган ва дигарон ворид шуданд. Кунал Госвамӣ бо вуҷуди он ки аллакай тавассути филми ҳунарии «Артист» машҳур гашта буд, бо ин ситораҳои нав рақобат карда натавонист. Дар ин роҳ ҳатто падари машҳураш  оҷиз монд.

Дар он айём падараш Маноҷ Кумар низ киноро як сӯ гузошт, зеро актёрон ва режиссёрони навҷӯ бо диди тоза ва услуби хеш вориди кино шуданд. Инҳо – Адитя  Чопра, Рохит Шетти, Каран Ҷоҳар  ва ғайраҳо.

Он солҳо филмҳои ҳунарии дар мавзӯйи ватандӯстӣ таҳияшуда талабгор надоштанд. Ӯ маҷбур шуд, ки киноро  як сӯ гузошта,  ба тиҷорат машғул шавад. Чанд муддат ӯ дар шаҳри Деҳлӣ ба тиҷорат дар бахши тарабхонаҳо машғул шуд. Дар тиҷорат кораш ба зудӣ барор гирифт. Падараш соли 1998 дубора ӯро ба кори кино ҷалб карданӣ шуд. Кунал дар филми ҳунарии «Jai Hird» (1999) дар нақши асосӣ баромад кард. Лекин сенария ва режиссураи филми нав дар рақобат бо кинои муосир ва замони нав тоб наовард. Кунал Госвамӣ боз шикаст хӯрд.

Дар ниҳоят, ӯ қатъиян киноро тарк карда, ҷиддӣ ба тиҷорат машғул шуд. Танҳо соли 2008 розигӣ дод, ки дар филми кӯтоҳметраи «Contract Online» (Маврикий,  соли 2008) нақше офарад.

Тақдири кинематографии ин ҷавони зебо мунаққидони кино, режиссёрон ва продюсерҳоро бетараф нагузошт. Онҳо фикру андешаҳояшонро баён мекарданд. Дар Болливуд ақидае буд, ки агар Кунал Госвамӣ режиссёр ва продюсерашро иваз мекард ва аз «маслиҳатҳои» падараш баъзан дур мерафт, ба чунин бӯҳрони эҷодӣ дар кино дучор намешуд. Зеро, тақдири ӯро дар кино  падараш  ҳал  мекард. Дар кадом филми нав бояд бозӣ  кунад ё бо кадом режиссёр ва продюсер шартнома бандад.

Алҳол Кунал Госвамӣ аҳён-аҳён дар чорабиниҳои фарҳангӣ пайдо мешавад, зеро бештари вақташро ба тиҷорат бахшидааст. Дар баробари ресторанҳо ӯ ширкатҳои сайёҳӣ низ дорад, ки ҳамеша мизоҷонаш зиёданд.

Тоҷири бобарор Кунал Госвамӣ соли 2002 сенарияе пайдо карда, хост  ин навбат ба режиссура даст занад. Сенарияро омӯхт, маблағи муайян низ ҷудо кард, аммо боз шикасти навбатӣ. Вай натанҳо дар кино, балки дар оиладорӣ низ сахт шикаст хӯрдааст. Мебоист аз рӯйи маслиҳати пешакӣ Прие – духтари тоҷири калон Винода Чопраро ба занӣ мегирифт, аммо дар арафаи тӯй арӯсшаванда ҳамроҳи дӯстдораш мегурезад. Ин ҳам зарбаи дигаре буд ба ӯ.

Танҳо соли 2005 ба Кунал муяссар гардид, ки ба Рита ном ҷавондухтари зебое хонадор шавад. Имрӯзҳо ӯро бо ҳамсараш танҳо дар ҷашну маъракаҳои хурсандӣ мебинанду халос. Кино барояш чун пештара азиз аст, аммо танҳо дар хотираҳо боқӣ  мондаасту бас. Мунаққидони кино Кунал Госвамиро «Ромеои кинои Ҳиндустон» номидаанд. Ӯ дар кино «Артист»-и бебарор, вале дар тиҷорат тоҷири муваффақ шуд.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»