Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод намудани Холиқзода Ҳ.Ҳ.

№9 (4749) 17.01.2024

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 16 январи соли 2024, №674