Қонун ва иҷрои он

Худшиносӣ паймони ақлу тафаккури инсонист

№9 (4749) 17.01.2024

Соли 2011 зарурати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба миён омад. Он бо ибтикори хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифт. Қонуни мавриди назар аз сертаваҷҷуҳтарин қонуни миллист, ки муқаддастарин рисолату тақозои насли одамӣ — тарбияи насли шоистаи даврро муҳимтару саривақттар баррасӣ намуд.

Манзур аз матлаб чист? Дар таркиби қонуни мазкур дар радифи дигар мафҳумҳо «тарбия» омадааст, ки як ҷаҳон маънӣ дорад. Дар ин таркиб манзур на танҳо одоб омӯхтан аст, балки он фарогири дигар ҷанбаҳои масъулият – худшиносӣ ва ҳувияти миллист. Аз он чунин маънӣ бармеояд, ки падару модар аз рӯзҳои нахуст – аз он рӯзе, ки фарзанд қадам дар ақл устувор мекунад, барои ӯ асбоби тарбия муҳайё созад, дарси бедорӣ, ҳаё ва номус омӯзонад, ҳарчанд ин асбоб бояд барои миллате, ки фарҳанги пурғановат дорад ва ҳар як матлабаш дарси худшиносист, мушкиле надошта бошад. Агар мушкиле дошта бошад, аввалан бори он мушкилиро падару модар ба дӯш мекашад. Чунки падару модар бояд донанд, ки фарзанди онҳо дар сар чӣ андеша дорад. Гаравиш ва ба банду қайде моил шудани ­фарзандро низ нахуст падару модар, баъдан мактабу ҷомеа эҳсос мекунанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пеш аз ҳама, волидон ва баъдан омӯзгору ҷомеаро барои ба камоли маънавӣ расидани фарзанд масъул мекунад. Тавре аз қоидаҳои тиллоии илми педагогика бармеояд, фарзанд дар ягон ҳолат айбдор дониста намешавад, зеро ӯ гунаҳкор нест, ки дар оилаи носолим таваллуд шудааст ё дар боғча таълими шоиста нагирифтааст. Дар тарбияи насли наврас нақши мураббӣ ва омӯзгор бояд назаррас ва ин ду шахс ба дарки ҳолатҳои педагогӣ фарогирифта бошанд, дониши онҳо таъсиргузор бошад, то шогирдро ором нагузорад ва ба амалҳои нек ҳидоят кунад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд: «Сухан аз маърифати кулли ҷомеа меравад, ки бо ҳамкориву робитаи зичи се ниҳод — оила, мактаб ва ҷомеа ҳамбастагӣ дорад». Агар бунёди тафаккури падару модар аз худшиносӣ ва худогоҳӣ тиҳист, пас худи онҳо дар дуроҳаи роҳгумӣ мемонанд. Тасаввур кунед, фарзанди аз домони шумо сабзида, ки пояю бақои умри оила аст, побанди як аҷнабӣ мегардад, тафаккури ӯро дар қаламрави тан ҷо медиҳад ва мунтазири амри онҳо мегардад. Арбоби сиёсии андешавари давлатии рус П. А. Столипин ҳанӯз як аср пеш гуфта буд: «Қавми маҳрум аз худшиносии миллӣ, мисли поруест, ки ба рӯйи он қавмҳои дигар рушд ва нумӯъ мекунанд».

Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихию фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсияти дорои ҳувияти миллӣ ва ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад. Мо зиёд дар бораи музаффарияти бо ҷону хун бадастоварда — сулҳу ваҳдати миллӣ, осоишу амният ва якпорчагии марзу бум ҳарф мезанем. Боисрор бояд гуфт, ки фақат худшиносии миллӣ қодир аст пойдории ин музаффариятро таъмин созад, арзишҳои аз маҳрумиятҳои таърих — забон, фарҳанг, расму оин раҳидаамонро ҳифз намояд. Падару модар бояд ин хислатҳоро дар мағзу ҷони фарзанд ҷо карда, пеши роҳи ҳар гуна тамоюлу гаравишро гиранд, чароғи миллатро фурӯзон кунанд, агар наметавонанд, пас ин аз заъфи рӯҳи миллии онҳост.

Бояд гуфт, ки амалҳои гаравиш худ аз худ сурат нагирифта, бештар аз бемасъулиятӣ нисбат ба таълиму тарбия сар мезанад. Як манзараи ҷавобгӯи матлаб: Дараи Варзоб яке аз мавзеъҳои хушманзари кишвар маҳсуб меёбад. Солҳост, ки лаб-лаби дарё ҷойи истироҳат ва меҳмонпазироист. Дар ошхонаҳои он ошпазҳои таҳҷойӣ беҳтарин хӯрокҳоро омода мекарданд. Ҳоло яке аз мавзеъҳои он тағйири ном кардааст — Измир. Табдили ном кардани Чорбед ба Измир шояд он қадар ҷойи сӯз набошад. Ҷойи сӯз дигар аст: аз писарбачаи пешхизмати навхат пурсидам: — Чӣ ном дорӣ? Бо лаҳни монанд ба ифтихор гуфт: — Наврӯз. — Пас чаро дар сари синаат «Конор» навишта шудааст. Ин кадом Конор аст?- боз пурсон шудам. Ӯ каме ошуфта гашту «Ин ҷо ҳамин хел аст», — кӯтоҳ ҷавоб дод. Шояд, ин аз тариқи аҳду паймони корфармо бошад, бо ин тарз онҳо аввал фазои ҷомеаи моро месанҷанд. Ин шакли ташхиси онҳост, вале дар ин ҳол, эҳсосоти миллӣ роҳ намедиҳад, кас хомӯш истад. Ҳама чиз аз андак сар мешавад.

Суоле ба ин серталабӣ матраҳ мешавад: Ба фарҳанги бегона майл кардан аз хотири чист? – эътиқод, таҳоҷуми фарҳангӣ, манфиат, эҳтиёҷ…? Ин суолест, ки дилхоҳ зеҳнро машғул мекунад.

Мутаваҷҷеҳ шавед: — Ҷойҳои дилфиребамон ба онҳо маъқул шудаасту номҳои фарзандонамон не! Дар ҳеҷ як ҳолат наметавон аз номи суннатии як миллат ҳазар кард. Ном арзишмандтарин сарвати маънавии инсон аст, ки аз падару модар мерос мемонад. Ба хотири фарҳанги суннатӣ номи фарзанд бо лаҳни шево, назокат ва маънии луғавӣ монда шавад, то фарзанд маънои онро сарфаҳм равад. Номи наку фардо боиси хушҳолӣ ва тафохури фарзанд мегардад, ки он, бешубҳа, аз масъулияти падару модар бармеояд. Он як нишонаи ҳифзи ҳувияти миллӣ мебошад. Расул Ғамзатов мегӯяд: «Марди кӯҳистонӣ бояд ду чизро эҳтиёт кунад: кулоҳ ва номи худро. Номро касе эҳтиёт карда метавонад, ки дили пуроташ дошта бошад».

Агар тоифае аз номҳои мо ор кунанд, ин шояд ба манфиати мақсаду мароми онҳост, вале мо чӣ? Мо эътиқод ва расму оини ҳазорсолаҳо ҳифзнамудаи ниёгонамонро зери шубҳа мегузорем? Ин агар дар назар як ҳолати одӣ намояд ҳам, як ҷаҳон задухӯрди маънавиро дар худ печида мегирад ва роҳи паймудаю санҷидаи ақлу тафаккури инсониро собит месозад.

Ба ҳодисаҳои муҳим хулосаҳои шитобкорона баровардан камоли ҳунар нест, лекин чаро мо ба бегонагон изн гузорем, ки ба фарҳанги суннатии номгузориамон дахл кунанд? Ин як воситаи озмоиш аст, ки донистан мехоҳанд дар шараёни хуни мо то чӣ дараҷа ҳувияти миллӣ ҷӯш мезанад ва иродаамон то кадом дараҷа устувор аст? Ин «лаборатория»-и онҳоро чӣ тавр метавон нодида гирифт? Фикр мекунам, мо дар пухтупаз аз ҳеҷ як халқу миллати дигар кам нестем.

Дар таркиби ном ҳисси худшиносӣ нуҳуфта ва дар таркиби мафҳуми худшиносӣ бошад, қисмати талху ширини фардои ин халқу ин марзу бум ниҳон аст. Чӣ тавр онро ба хотири кадом як манфиат қурбони номҳои бегона кунем? Магар ҳамон маблағе, ки хориҷӣ медиҳад, ошпазҳои маҳаллӣ имкони додани онро надоранд? Ҳаққулзаҳмати зиёдтаре, ки хориҷӣ медиҳад, аз ҳисоби нархҳои дандоншикан мебошад. Дар бораи нархҳои дандоншикани анвои хӯроку газакҳои гуногуне, ки фақат аз «окорочка» омода мешаванд, ҳоҷати гап нест.

 Ватандорӣ аз гӯшаи имон аст. Кадом ватандор метавонад ба осонӣ фарҳанги бегонаро қабул кунад. Оё падару модар ба онҳо дарси садоқат ба ин марзу бумро наомӯхтаанд? Мо бояд ҳисси худшиносию худогоҳиро дар ниҳоди фарзанд то он дам ташвиқ намоем, ки бедор шаванд ва ҳувияти гарми миллиро эҳсос намоянд.

 Ба фарҳанги бегона рағбат пайдо кардан дар дигар ҳолатҳо низ дида мешавад. Тарзи либоспӯшӣ, дароз давондани риш, шеваи рафтор, ки имрӯз сарусадоҳои зиёдеро фарогир аст, фақат аз рӯи ҳавою ҳавас буда, аз як тақлиди кӯр-кӯронае беш нест. Риш ҳеҷ як ҷавонро ба биҳишт намебарад, чунки роҳи биҳишт аз роҳи хирад аст, на аз риши дароз. Ниёгони мо санъати ришмонӣ доштанд. Он суннати муқаддас аст ва бояд онро пос дошта, хосияту моҳият ва манзалати хоси онро ҳифз кард. Дар он як рисолати ақлсолорию хирадгароӣ маҳфуз аст. Шахси ришдор барои ҷавонони навхат намуна буд ва шахси рӯзгордида маҳсуб мешуд, ки дар шикасту рехти зиндагӣ обутоб ёфтааст.

Ё худ дар ин равиш либосҳои дарози ба баркардаи ҷавондухтаронро бинед. Маълум нест, ки он аз роҳи сат­ру имондорист ё аз муҳаббат ба мӯд. Онҳо моро бо ин молу матоъ озмоиш мекунанд, қудрати иродаамонро меозмоянд. Агар он либосҳоро духтарони мо бо мақсади сатру намоз пӯшанд, донис­та монед, ки он ҳеҷ гоҳ намозӣ шуда наметавонад, чунки чунин пироҳанҳои дароз кӯчаҳоро рӯфта- рӯфта меравад ва кӯчаю паскӯча ҷойи тоҳир нест, дар он ҷо саг ҳам бавл мекунад, гурба ҳам.

Вақте ки мебинем, фарзанди як шахси худогоҳу худшинос ба мартабае мерасад, ба нозу неъмат ғарқ мегардад, намуди зоҳириаш зуд мегаравад, ҳатто аз арзишмандтарин сармояи худовандӣ – забони модарӣ ор мекунад. Ҳайрат аз он аст, ки ба таъбири Иқболи Лоҳурӣ ин тамоюл аз заъфи фарҳанг аст ё аз «қуввати фаранг?». Ин маълум нест, вале дар ин ҳол шаҳболи хаёл кас­ро ба шоҳсуханҳои «Доғистони ман»-и Расул Ғамзатов мебарад.

Вақте ки Расул Ғамзатов дар Париж як рассоми доғистонии таркиватанкардаро дучор мешавад, баъди бозгашт хешу табори ӯро пайдо карда, лаб аз ҳикояти фарзанди ғарибафтода мекушояд. Модараш мепурсад:

- Ба аварӣ гап задед?

- Не, ба воситаи тарҷумон. Ман ба русӣ, писаратон ба фаронсавӣ. Модар рӯяшро бо либоси сиёҳ пӯшонд, чунон ки ҳангоми шунидани марги фарзанд мепӯшонанд.

Пас аз хомӯшии дурударозе модар гуфт:

- Ту ғалат кардӣ, Расул, писари ман кайҳо мурдааст. Вай писари ман не, писари ман забони ман, забони модари авар ёддодаро фаромӯш намекунад.

Ё дар ҷои дигар бо лаҳни монанд ба накуҳиш мегӯяд: «Ман касонеро дидаам, ки забони модариро ба чашми кам мебинанд ва ба ҷустуҷӯи забони бою маъруфтаре, бузургтаре камар бастанд, аммо тақдирашон ба бузе аз афсонаи аварӣ монанд шуд: Бузе ба беша меравад, ки думашро ҳамчун думи гург дароз карда биояд, аммо аз шохҳояш ҳам маҳрум шуда бармегардад».

Зикр кардан бамаврид аст, ки ҳатто навиштаҷоти мантиқан хатои овезаҳои ташвиқотӣ — «мусиқии зинда» (воқеӣ), «гулҳои зинда» (табиӣ), «нони очагӣ» ва дар маҷмӯъ, эҳтирому риоя накардани қоидаҳои имлои забони давлатӣ (он шояд баррасии дигарро тақозо кунад), ки дар ҳар сари қадам вомехӯранд, аз ноогоҳии миллӣ сар задаанд. Беэҳтиромӣ нисбат ба забони давлатӣ, ки аз нохудшиносӣ бармеояд, дар ниҳоди шахс як ҳиссиёти ноқаноатмандию ошуфтагиро ба вуҷуд меорад ва ин соҳибкорони худкома онро ба мардуми як шаҳр ташвиқ мекунанд, ки зеҳни бинанда ба ҳамин шакли ғалат нақш мебандад. Дар сурати нагирифтани пеши роҳи ин «бемориҳои маънавӣ» он метавонад сироят кунад ва бори мушкилоти забонро зиёд намояд. Дар ин сурат, мо бояд ҳама ҳунари худро ба он равона созем, то худро шиносем ва асолати фарҳанги миллии хешро дифоъ намоем. Бояд зикр кард, ки ин мисраъҳои Лоиқ аз сӯзанд, на аз соз.

Худоро мешиносӣ, ҳамдулиллоҳ,

Агар худро шиносӣ, боз беҳтар.

Надонистан, нашинохтан ва қадр накардани арзишҳои миллӣ аз ноогоҳии миллӣ ва заъфи мафкура аст. Дар ин бора бисёр гуфтем ва ёдовар мешавем, ки ташвиқи аз ҳад беши «самбӯсаҳои ӯйғурӣ» низ аз ҷумлаи надонистани арзишҳои суннатӣ ва ҳамин «беморӣ»-ҳои маънавианд, ки ҳувияти миллии таббохҳои моро равшан карда, боиси озурдагии хотири шахси худогоҳ мегардад. Шахсро андешае водор мекунад, ки чаро номи як анвои таоми миллати бегона шаҳрро «пахш» кардааст. Чаро соҳибдӯконҳо манфиати худро баландтар аз арзишҳои миллӣ қабул доранд? То ҳол маълум нест, ки дилбастагии мардум ба номи ин навъи самбӯса аз кадом ҳисоб бошад, ҳол он ки ташвиқу тақлиди ноҷову ботил эътибори фарҳанги таомпазии миллии моро зери шубҳа мегузорад.

Он чӣ вобаста ба тамоюл ба фарҳанги бегона ва эътиқоду самимият ба забони давлатӣ гуфтем, бояд як ҳушдоре бошад дар мавзуи таҳоҷуми фарҳангӣ ва ҳифзи хештаншиносӣ. Мо бояд мақоми масъул ва ваколатдори ҳифзи ҳувияти миллӣ дошта бошем ва дарди бедорӣ кашем.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»