Бо ин мақсад, соли 2023 аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 210 ҳазор ниҳоли тут ворид карда шуд. Иқдоми мазкур бо ибтикори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» роҳандозӣ гардид, ки барои ба даст овардани ҳосили хуби пилла мусоидат хоҳад кард.
Тавре зимни суҳбат намояндаи ҶСК «Пиллаи тоҷик» дар вилояти Хатлон Абдуғаффор Қурбонов зикр кард, ниҳолҳои воридшуда ба иқлими вилоят мутобиқ буда, навъи тути «Марҳамат» мебошанд ва баъди се сол аз ҳар як дарахт ба миқдори чор килограмм барг барои хӯроки кирмак ҷамъоварӣ хоҳад шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди вилоят 1340 гектар тутбоғ ба қайд гирифта шуда, соли 2023 майдони 30 гектари он аз нав барқарор карда шуд.
Ин тадбир соли равон низ идома ёфта, дарахтони туте, ки муҳлати истифодабариашон гузаштааст, бо ниҳолони нави сербаргу серҳосил иваз карда мешаванд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»