Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Вақте дари ягона муассисаи фарҳангӣ дар деҳот солҳо баста аст… боз дар бораи клубҳои деҳот»

№10 (4750) 19.01.2024

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» Фарзона Файзалӣ «Вақте дари ягона муассисаи фарҳангӣ дар деҳот солҳо баста аст… Боз дар бораи клубҳои деҳот»-ро, ки 13-уми ноябри соли 2023, №135 (4718) дар рӯзномаи мазкур ба табъ расидааст, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дод.

Дар мақолаи мазкур журналист аз вазъи баъзе муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла клубҳои деҳот, изҳори нигаронӣ намудааст. Маълум шуд, ки дар ҳақиқат дар фаъолияти клубҳои деҳот камбудиҳо ҷой доранд. Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 679 клубу хонаҳои фарҳанг фаъолият мекунанд. Айни замон клубҳои деҳот дар тавозуни мақомоти ­иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо қарор доранд, аммо фаъолияти онҳо зери назорати Вазорати фарҳанг мебошад. Ҷиҳати таъмир ва навсозии муассисаҳои мазкур мақомоти ­иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд. Ҳамчунин, дар доираи амалисозии «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» Вазорати фарҳанг якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сох­тмони муассисаҳои наву замонавии фарҳангиро ба нақша гирифтааст, ки он марҳила ба марҳила идома меёбад. Зимнан, дар ин самт аллакай баъзе корҳо анҷом пазируфтааст.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дар доираи шароиту имкониятҳои мавҷуда барои таъмини фаъолияти босамари муассисаҳои фарҳангии навоҳии кишвар чораҳои зарурӣ меандешад.

Давлат САФАРЗОДА,

муовини вазири фарҳанг