Кӯдакистони замонавӣ бунёд мешавад

№10 (4750) 19.01.2024

20240111_121318Бонки ҷаҳонӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муассисаи томактабии типи нав барои ҷалби кӯдакон ба таҳсил бо шароити наву замонавӣ месозад.

Тавре масъули ҶДММ «Строй — Сентр» Абубакр Шарифов гуфт, сохтмони кӯдакистон моҳи августи соли 2023 оғоз гардида, барои 150 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Бояд ёдовар шуд, ки кӯдакис­тони мазкур дар маркази ноҳия, дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад. Алҳол бунёди таҳкурсии бино пурра ба анҷом расида, хиштчинӣ дар бинои аввали он оғоз гардидааст. Бинои кӯдакистон аз 2 ошёна ва 12 бинои ёрирасон иборат аст.

20240111_111036Аз шуъбаи маорифи ноҳия иттилоъ доданд, ки алҳол дар ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 5 кӯдакистон бо фарогирии 420 кӯдак амал мекунад, ки дар онҳо 21 мураббия ба тарбияи кӯдакон машғул мебошанд. Тибқи маълумоти дастрасгардида, дар ноҳия 16680 кӯдаки синни томактабӣ ба сар мебаранд, ки аз ин 3026 нафар дар марказҳои инкишофи кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»