Соли 2023 дар вилояти Хатлон 4 корхонаву фабрикаҳои парандапарварӣ бунёд ва аз ин ҳисоб саршумори паранда нисбат ба соли 2022-юм 418 ҳазору 925 сар ва истеҳсоли гӯшти паранда бошад, 533 тонна зиёд гардидааст.
Феълан дар вилояти Хатлон 35 корхонаю фабрикаҳои парандапарварӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 929 ҳазору 218 сар паранда парвариш карда мешаванд.
Тибқи иттилои масъулини соҳа, то моҳи январи соли равон дар вилояти Хатлон истеҳсоли тухми паранда 36 миллиону 647 ҳазор донаро ташкил додааст, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 6 миллиону 471 ҳазор дона зиёд мебошад.
Аз 35 корхонаю фабрикаҳои парандапарварӣ 10 адади он ба истеҳсоли тухм ва 25 адади дигар ба истеҳсоли гӯшти паранда нигаронда шудааст.
Дар фабрикаю корхонаҳои парандапарварии вилоят истеҳсоли тухм ба ҳар як паранда 172 дона рост меояд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»