Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон оғоз гардид

№13 (4753) 26.01.2024

Тибқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январ то 5-уми феврали соли ҷорӣ ҷиҳати мулоқот бо интихобкунандагон ба вилоят­ҳои Хатлону Суғд, ВМКБ ва ­ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба сафари корӣ мебароянд. 

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар муддати 10 рӯз бо интихобкунандагон мулоқоту вохӯриҳо гузаронда, роҷеъ ба Паёми нав­батии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору қонунҳои ба тозагӣ қабулнамудаи ин мақоми олии қонунбарор гузориш медиҳанд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, дар маҳалҳо бо коллективҳои омӯзгорон, духтурон, намояндагони сохторҳои қудратӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мулоқот намуда, дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта мусоидат менамоянд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон