Зарарро кӣ ҷуброн менамояд?
Се сол мешавад, ки барои тантанаи адолат дари мақомоти зиёдеро мекӯбам, вале то ҳол мушкил ҳалношуда боқӣ мондааст. Бо умед қалам ба даст гирифтам, то шояд масъулон баъди чоп дар рӯзномаи «Садои мардум» аз ҳақиқат огоҳ шуда, ҳақро ба ҳақдор расонанд.
Шаби 19 ба 20-уми майи соли 2022, тақрибан соати 0100, мошини сабукрави тамғаи «Мерседес Бенс», ки ба писарам Амонӣ Қаюмов мансуб буда, дар саҳни ҳавлӣ қарор дошт, аз тарафи шахси номаълум оташ зада шуд.
Алангаи оташро дида, ба ШВКД ва хадамоти оташнишонии ноҳияи Хуросон хабар додам. Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса сарпӯши зарфи пластикиро, ки аз он бӯи ба маводи сӯхт монанд меомад, дарёфт намудам. Сипас, ҳамроҳи аҳли оила ба мақомоти милитсия рафта, дар бораи ҳодисаи мазкур то соати 6-и субҳ баёнот додем.
Ҳамон лаҳза, вақте ки мо дар ШВКД дар ноҳияи Хуросон қарор доштем, шаҳрвандон Фарҳод Набиев ва Меҳрубон Абулов низ буданд. Кормандони милитсия аз мо пурсиданд, ки «зикршудагон низ ҳамроҳи шумоянд?» Мо ин ҳолатро рад кардем.
Пас аз баёнотгирӣ ба ман маълум шуд, ки шаби рух додани ҳодисаи мазкур Меҳрубон Абулов зимни аз роҳ гузаштан шахси ношиноси сару рӯяш пӯшондашударо дар ҳолати давидан дида, ӯро манъ мекунад ва мебинад, ки ӯ Фарҳод Набиев аст. Дар дасти Фарҳод халтаи селофанӣ ва дар дохили он зарфи пластикӣ будааст, ки даҳонаш кушодаю аз он бӯи сӯзишворӣ меомадааст.
Вақте вайро ба ШВКД мебаранд, Фарҳод Набиев иқрор мешавад, ки мошини ба писари ман тааллуқдоштаро оташ задааст.
Санҷиши ҳолати мазкур аз ҷониби корманди ШВКД дар ноҳияи Хуросон Муслиҳиддин Ҳамроев гузаронда шудааст. Минбаъд кормандони милитсия муайян менамоянд, ки Фарҳод Набиев дар манзили тағояш Фирӯз Собиров ҷинояти мазкурро фаҳмонидаанд. Баъди мулоқоти Ф. Собиров бо кормандони милитсия фарзияи оташ гирифтани мошини писарам тағйир ёфт. Гӯё дар натиҷаи гузарондани санҷиш муайян шудааст, ки оташ гирифтани воситаи нақлиёт дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳои дохили нақлиёт ба вуҷуд омадааст, ки ин ҳолат мантиқан нодуруст мебошад, зеро санаи рух додани ҳодиса муҳаррики воситаи нақлиёти мазкур умуман ба кор дароварда нашуда буд.
Аз оташ задани нақлиёт ба оилаи мо зиёда аз 100 000 сомонӣ зарари моддӣ расид, ки то ҳол барқарор нашудааст.
Мутаассифона, кормандони мақомоти ваколатдор ба ҷои он ки ҷиноятро холисона санҷида, ҷинояткору шариконашро ба ҷавобгарӣ кашанд, ҳақиқатро рӯпӯш намуданд.
Ман маъюби гурӯҳи дуюм бошам ҳам, тамоми умр бо меҳнати ҳалол дар пешрафту ободонии диёр саҳм гузоштаам. Мошинро бошад, тавассути қарзи бонк харида будем. Барои ҳақ будани гуфтаҳоям шоҳиду ҳуҷҷатҳои зиёд дорам.
Боварӣ дорам, ки баъд аз чопи номаи ман роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ қазияро зери назорат гирифта, ҳақиқатро рӯи об мебарорад.
Саидаҳмад ҚАЮМОВ,
сокини кӯчаи Х. Муродови ноҳияи Хуросон