Мужда

Ғалабаи навбатии футболбозони тоҷик

№14 (4754) 29.01.2024

футболҒалабаи навбатии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар даври 1/8 финалии мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё на танҳо мухлисони футбол, балки тамоми сокинони Тоҷикистонро шод кард.

Футболбозони тоҷик дар бозии навбатӣ, ки дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Давҳа баргузор шуд, бар мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) дастболо шуда, ба даври 1/4-финалии мусобиқа роҳ ёфтанд.

Бозӣ дар вақти асосӣ мусовӣ анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 30-юм пас аз партоби Зоир Ҷӯрабоев ҳамдастааш Ваҳдат Ханнонов кушод. Дар дақиқаи 90+5 ба футболбозони араб муяссар шуд, ки ҳисобро баробар кунанд.

Дар силсилаи зарбаҳои 11-метра (пеналти) футболбозони мо тавонистанд 5 зарбаро ба дарвозаи ҳариф ворид намуда, дарвозабони Тоҷикистон Рустам Ятимов як зарбаи футболбозони арабро баргардонад.

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ изҳор карда буд, ки «Дар бозӣ бо тими миллии АМА мо то садои ҳуштаки ниҳоӣ мубориза хоҳем бурд. Умед дорам, ки дар Ҷоми Осиё боз як бозии таърихӣ дорем. Ин маҳз ҳамон чизест, ки ман мехоҳам, зеро дар се рақобати марҳилаи гурӯҳии мусобиқа футболи хуб нишон додем».

Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар даври чаҳорякфиналӣ мунтахаби миллии футболи Тоҷикис­тон бо ғолиби ҷуфти Ироқ — Урдун рақобат мекунад. Ин бозӣ 2 феврали соли ҷорӣ баргузор мешавад.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»