Ҷашни меҳру фаровонӣ

Намоди шодзистӣ ва ҳамбастагӣ

№14 (4754) 29.01.2024

Sada-dar-Dushanbe-21Мусаллам аст, ки ҷашн ё ид фарогири маънавӣ, фарҳангӣ ва отифии як халқияту миллиятро дар паҳнои зиндагии башарӣ муаррифӣ месозад. Ҷашн қолаби фарҳангиест, ки ҳолати равонӣ ва фикрию ахлоқии мардумро дар макону замон ва ҷуғрофиёи мушаххас ­таъйину таъ­йид мекунад. Дар ин қолаби фарҳангӣ хамирмояи ҳувияти қавмӣ ва миллӣ рехта мешавад ва чун риштаи дарозе дар бастаи фарҳанги маънавӣ печиш мехӯрад ва бо ­гузашти замон устувор мегардад.

Ин аст, ки мардум аз бомдоди вуҷуд барои осудагию оромиши хотир ҷашну оинҳо барпо менамуданд ва барои тақвияту идомати онҳо маросими махсус ихтисос дода, бад-ин минвол умри ҷашнҳоро дароз мекарданд. Рабт додани оину ҷашнҳо ба ҳодиса ё воқеае дар силсилаи таҷлилоти оинӣ ва ҷашнии мардуми тоҷик аз воқеъбинии ишон гувоҳӣ медиҳад. Дигар ин ки мардум ва дастандаркорони ҷашнҳои бос­тонӣ барои хушҳолӣ ва болидагии рӯҳию равонии ҷомеа, ҳамчунин, баҳамойӣ ва ҳамбастагии қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ маросими вижа тартиб мекарданд ва аз ин тариқ оинҳоро машрӯият мебахшиданд. Бар ин асос ҷашну оинҳои бостонии Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Ялдо, Сада ва амсоли инҳо, ки барномарезиҳои инсонӣ дар қиболи мушкилоти рӯзмарраи зиндагӣ маҳсуб меёбанд, созмон ва давра ба давра интиқол ёфта, то ба замони мо расидаанд. Аз ин ҷост, ки ҷашну маросими миллию мардумӣ ифодагари ҳувияти миллӣ буда, собиқаи умри фарҳангу маънавиёт ва сиёсату ахлоқи ҷомеаро ифода мекунанд. Аз ҷониби дигар, силсилаҷашнҳои миллӣ оину суннати шодзистию ҳамбастагиро ифода мекунанд.

Чанд нуктаро аз ҷашни Сада хидмати хонандагон арз медорем: Ба назари донишмандон, ҷашни Сада аз куҳантарин ҷашнҳои гурӯҳӣ ва иштирокии мардуми ориёнтабор маҳсуб меёбад. Дар шомгоҳи даҳуми баҳманмоҳ мардум ба баландии кӯҳҳо ва бомҳо баромада, оташ меафрӯхтанд ва ин суннат то имрӯз дар баъзе минтақаҳо боқӣ мондааст. Мардум дар гирди гулхан ҷамъ омада, шеъру таронахонӣ мекарданд ва хуршеду гармиро даъват менамуданд. Дар баъзе минтақаҳо ба хонишҳои садавӣ, ҳамчунин, бозӣ ва дигар намоишҳои ҷамъӣ зам мешуданд. Пажӯҳишгари эронӣ Ризо Муродии Ғиёсободӣ дар матлаби ихтисосии «Ҷашни Сада: Ҷашни бузурги оташ бо хостгоҳи кайҳонӣ» бар он ишора мекунад, ки Сада дар гузашта дар густараи паҳноваре аз Осиёи Сағир (Онотолӣ) то вилояти Синкёнги Чин таҷлил мегардидааст. Ба ин тартиб, дар миёни ҳама ақвому табор, новобаста аз адёну мазоҳиб, Сада ҷашн гирифта мешудааст ва монанди Наврӯз сарчашмаҳои таърихӣ аз он ёд кардаанд. Ризо Муродии Ғиёсободӣ ба он ишора менамояд, ки Сада бо номҳои гуногун миёни мардум маъруфият дошта, мардум, новобаста аз тааллуқоти миллию нажодӣ ва динию мазҳабӣ ҷашн гирифта мешуданд. Мардум оғози шомгоҳи даҳуми баҳманмоҳ болои бом баромада, ҳезум ҷамъоварӣ карда, гулхан меафрӯзанд. Даҳуми баҳманмоҳ чиҳилумин рӯзи таваллуди хуршед аст ва мардум дар доираи ҷашни Сада чиҳилумин рӯзи таваллуди хуршедро таҷлил мекунанд. Вожаи «Сада» дар «Авасто» ба маънии тулӯъ ва ғуруб ва фарозу фуруди хуршед омадааст. Ин аст, ки Сада дар баробари ҷанбаҳои ойинию маросимӣ, иҷтимоию маданӣ, фалсафӣ, ҳамчунин, ҷанбаи кайҳонӣ низ дорад ва тулӯву ғуруби ду ситораро ба ин мисол меоваранд.

Аз сатҳи ҷашну суннату маросими шодию баҳамойӣ то ба сатҳи барномаи стратегии сиёсию мафкуравӣ боло бардоштани Сада ташаббусоту ибтикороти зиёдеро бояд рӯйи даст гирифт, аз ҷумла:

- ба ҷашни хонаводагӣ, миллию меҳанӣ ва ҷашни карнавалӣ табдил додани Сада ва дар ин замина ташкил кардани гаштугузору саёҳати ҷашнӣ. Хусусияти карнавалӣ гирифтани Сада ва соири ҷашнҳои миллӣ маънои густурдагӣ ва паҳнои маданию марзии ҷашнро дорад, чун аз тариқи карнавали садавӣ мардум либосҳои рангоранги идона пӯшида, бо шодию сурур хушҳолӣ мекунанд ва якдигарро ба созу тараби ҷашнӣ даъват менамоянд;

- аз тариқи воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиби саросарии Сада ва маросими ҷашнӣ;

- бо баргузории маросими Сада роҳандозӣ намудани барномарезиҳои тарбиятии миллию дунявӣ, мубориза бо хушкандешони мазҳабӣ ва хурофазадагону ифротгароёни динӣ.

Бегонагон ва душманони миллат ҳамеша бо Сада, ҳамчуноне ки бо Наврӯзу Меҳргону Ялдо ҷанг эълом карда буданд, сарсахтона мубориза бурданд. Аз назари бузургон, ба хатар афтодани ҷашнҳои Наврӯзу Сада маънои ба хатар мувоҷеҳ гардидани сарзамин ва марзу бумро дош­тааст. Масалан, вақте ки Баҳроми Чӯбин аз хатари вуруди лашкари Совашоҳи турк сухан дар миён меорад, бонги изтироб мезанад:

Аз ин зоғсорони беобу ранг,

На ҳушу на дониш, на ному на нанг.

Ҳам оташ бимирад ба оташкада,

Шавад тира Наврӯзу ҷашни Сада.

Илова бар ин, Фирдавсӣ эҳтирому арҷгузорӣ ва нигаҳдорию ҳифзи оину ҷашнҳои миллии Наврӯзу Садаро аз мушаххасоти ҳувиятию  инсонӣ талаққӣ карда, аз ҳамватанон даъват ба амал овардааст, ки тавассути ҳифзи ҷашнҳои куҳани аҷдодӣ обрӯю иззати миллатро нигаҳбонӣ кунанд:

Нигаҳ дорад оини ҷашни Сада,

Ҳамон фарри Наврӯзу оташкада.

 Хушнудию хушҳолӣ ва шӯхию бозӣ асоси ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Садаро ташкил медиҳад. Ҳаким Низомӣ дар «Шарафнома» аз оину суннат ва маросими ҷанбаи миллӣ-дунявидоштаи ҷашнҳои куҳани Наврӯзу Сада ёдовар мешавад:

Ба Наврӯзи Ҷамшеду ҷашни Сада,

Ки нав гаштӣ оини оташкада,

Зи ҳар сӯ арӯсони нодидашӯй,

Зи хона бурун тохтандӣ ба кӯй.

Муғона майи лаъл бардошта,

Ба ёди муғон гардан афрошта.

Зи Барзини деҳқону афсуни Занд

Бароварда дуде ба чархи баланд.

Ҳама корашон шӯхию дилбарӣ,

Гаҳ афсонагӯйӣ, гаҳ афсунгарӣ.

Ҷашни Сада қабл аз ислом, дар замони исломӣ, давраи Хоразмшоҳиён ва то ҳамлаи муғул миёни амирону ҳокимону мардуми одӣ таҷлил мегардид. Бузургтарин ва машҳуртарину бошукӯҳтарин ҷашни Сада дар замони бунёдгузор ва нахустин амири Дудмони Зиёриён Мардовиҷ ибни Зиёр соли 323 ҳиҷрӣ дар Исфаҳон баргузор гардид. Ӯ ҷашни бошукӯҳе тартиб дод ва дар охири ҷашн ба дасти мухолифонаш кушта шуд. Ҷашни дигаре, ки дар хотири мардум боқӣ мондааст, дар замони Султон Масъуди Ғазнавӣ дар соли 430 ҳиҷрӣ доир карда шуд.

   Дар доираи маросиму тадорукоти ин ҷашн мардум аввал барои ҷамъоварии ҳезум таҷаммӯъ карда, дар болои кӯҳ ва ё бомҳо гулхан меафрӯхтаанд ва гирди гулхану оташ мегаштаанд, навозандагону мутрибон навоҳои ҷашнӣ менавохтаанд, суруд мехондаанд, ба рақсу бозиҳо мепардохтаанд. Ҳарчанд ки Сада ҷашни динӣ нест, зардуштиён ба он созу баргҳое илова карда, бар мабнои муътақидоти оинӣ маросиме сохтаанд. То хомӯш шудани оташ ва поин рафтани гулхан мардум гирди он менишастанд, шодию нишот мекарданд, рақсу бозиҳо менамуданд, афсонаю қиссаҳо мепардохтанд ва ҳамин гуна хушҳолӣ менамуданд. Баъдан хокистари оташро деҳқонону кишоварзон ғундошта, ба киштзору мазрааҳо мерехтанд, ба умеди баракату серҳосилии замин.

Дар маҷмӯъ, Сада ҷашнест, ки мардумро, новобаста ба тааллуқоти қабилавӣ, қавмӣ, этникӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва рангу пуст, гирди ҳам меоварад ва онҳо даст ба дасти ҳам дода, суннату маросимро якҷо гузаронда хушҳолӣ мекунанд. Ин аст, ки Сада намоди шодзистӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамшарикии мардум маҳсуб меёбад.

Нозим НУРЗОДА,

пажӯҳишгар