Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва вакилони парлумон Муҳаммад Шодиён ва Сарвиноз Маҷидзода 27-уми январи соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён вохӯрӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Маҳмадалӣ Ватанзода зимни баромади хеш зикр кард, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвари маҳбуби мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади барномавие мебошад, ки дар бораи ҷамъбасти соли сипаришуда ва нақшаҳо барои оянда ва дар маҷмӯъ, тамоми самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро ба мардум пешниҳод мекунад.
Дар Паёми Президенти мамлакат гуфта шуд, ки соли 2023 новобаста аз мушкилоти он ҳамчун соли бобарор эътироф гардид.
- Дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд, — афзуд М. Ватанзода.
Муҳаммад Шодиён Паёми Президенти мамлакатро падидаи муборак унвон карда, қисмати зиёди баромади хешро ба соҳаи маориф бахшид. Мавсуф зикр кард, ки ироаи Паём танҳо аз ҷониби роҳбари сиёсии кишварҳои соҳибистиқлол сурат мегирад. Яъне, роҳбари сиёсии кишваре, ки Истиқлолияти давлатии комил дорад, ба воситаи Паём ба аҳли ҷамоатчигӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии хешро мустақиман эълон менамояд.
Муҳаммад Шодиён дар идомаи баромади хеш афзуд, ки ҳар як нафар, аз аъзои Ҳукумат то зинаҳои поёнии роҳбарикунанда, хизматчиёни давлатӣ, фаъолон ва ҳар як шаҳрванд, метавонанд барои хеш барномаи кору фаъолияту зиндагии ояндаашро дар асоси Паём тарҳрезӣ намоянд.
Дар идомаи вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвиноз Маҷидзода зикр кард, ки Паёми ироагардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз самтҳои асосӣ оид ба зиндагии ҳар як фарди кишвар ва оид ба рушди иқтисоди миллӣ равона гардидааст. Изҳор гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти асосии сарҷамъкунандаи миллати тоҷик буда, дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудаанд.
***
Ҳамин гуна як мулоқоти судманд бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуснигул Одиназода бо интихобкунандагон 27 январи соли ҷорӣ дар ноҳияи Дӯстӣ баргузор гардид.
Ҳуснигул Одиназода зикр намуд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба соҳаи илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва зиндагии шоистаи халқи шарифи Тоҷикистон хеле зиёд буда, нисбати ин соҳаҳо ҳамасола ғамхории бештар зоҳир менамоянд. Натиҷаи чунин ғамхориҳо ба сокинони мамлакат мебошад, ки қариб ҳамасола музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ ва нафақапулиҳо зиёд карда мешавад.
Тавре дар Паёми имсолаашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, аз моҳи январи соли 2024 музди меҳнати кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз зиёд ва аз моҳи июли соли ҷорӣ музди меҳнати омӯзгорон, табибон, хизматчиёни давлатӣ, кормандони фарҳангу варзиш ва стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда мешаванд.
Ҳамчунин, дар баробари ин аз моҳи июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ низ 30 фоиз зиёд карда мешавад.
Иштирокдорони вохӯрӣ ба вакили парлумон суолу таклифҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»