Дар ҳавоят ҳар замон Ҳикмат ғазалхон дидаям

№112 (3258) 27.09.2014

Армуғон ба гиромидошти 120-солагии Ҳикмат Ризо

х ризо

Бузургдошти ҳамосасаро дарФайзобод

Имрӯзҳо Файзободи файзбахш фазои идона дорад. Шамоли Файзобод садои дутори Ҳофизи халқии Тоҷикистон шодравон Ҳикмат Ризоро тариқи радио ба дуриҳои дур мебарад.

Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар баробари ҷашнҳои миллӣ — 23-солагии Истиқлолияти давлатӣ, солгарди 20-уми қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суруди миллӣ, инчунин саргарми таҷлили 120-солагии сароянда ва гӯрғулисарои мумтоз шодравон Ҳикмат Ризо мебошанд.

Мудири бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Файзобод Ҳабибулло Мирзошарипов мегӯяд, ки омодагиҳо ба зодрӯзи гӯрғулисарои бузурги тоҷик идома доранд. Саҳми ин «Гомери асри ХХ» дар рушду нумӯи жанри «Гӯрғулӣ» намоён мебошад.

Ӯ аз нақша — чорабиниҳо ёдовар шуда, зикр намуд, ки давоми сол ба муносибати ин санаи фархунда корҳо дар тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, бахусус дар Осорхонаи ноҳиявӣ ва ободу зебо гардонидани гирду атрофи нимпайкараи ҳунарманд, бомаром идома дорад. Аммо зимни боздид аз ноҳия аён шуд, ки барои бою ғанӣ гардонидани ин мавзеъ мебояд як силсила корҳои заруриро ба анҷом расонд.

Бо мақсади абадӣ гардонидани номи ин фарзанди фарзонаи миллат бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод аз 31 марти соли 2014 таҳти №235 ва қарори раиси ноҳияи Файзобод Каримиёни Имомназар Хонаи фарҳанги деҳаи Мискинободи деҳоти Мискинобод ба номи Ҳикмат Ризо гузошта шуд.

Мутобиқи нақша моҳи сентябри соли ҷорӣ гузаронидани конфронси илмӣ-оммавӣ дар мавзӯи «Ҳикмат Ризо-Гомери асри ХХ», ташкили хона-музей, баргузор намудани чорабиниҳои тантанавӣ ва консерти идона бахшида ба ёдбуди Ҳикмат Ризо дар назар дошта шудааст.

Фарҳангиёни ноҳия бо изҳори таассуф зикр намуданд, ки насли наврас дар бораи ин навъи санъати миллии тоҷик,  ганҷинаи бебаҳои халқӣ иттилои кофӣ надоранд. Зикр гардид, ки гӯрғулихонӣ аз ҳунарҳои қадимии мардуми минтақа, минҷумла тоҷикон аст, ки таърихи  куҳан дорад. Маъракаҳои мардум дар кӯҳистон бо ширкати гӯрғулисароҳо рангинтар мешуд. Шунавандагон ин навъи санъатро, ки зиёд садо медод,  аз радио гӯш мекарданд ва соатҳо интизорӣ мекашиданд, зеро бештари  достонҳои таърихиро аз забони гӯрғулисаро Ҳикмат Ризо маҳз тариқи радио мешуниданд.

Ризо

Кулбаи ҳофиз

Барои зинда гардонидани эпоси «Гӯрғулӣ» ва муаррифии шахсияти таърихӣ — Ҳикмат Ризо саҳми як зумра соҳибназарон ва аҳли хонаводаи ҳунарманд бузург аст. Зимни боздид аз кулбаи хоксоронаи шодравон, воқеъ дар маҳаллаи Буни Ҳисораки шаҳри Душанбе, аён гардид, ки талоши пайвандони шодравон, бахусус фарзанди ҳунарманд Авази Ҳикмат Ризо дар гирдоварии қисме аз ёддошту китобҳо, сабти овозу дастхату суратҳои ҳунарманд, ки дар сафарҳои ҳунарӣ бо шахсони таърихӣ аксбардорӣ шудааст, беандоза аст. Дар кулбаи шоир асбобҳои ҳунарӣ, дутор ва либосҳои хоси миллие, ки пайваста дар тани ӯ буд, ҳифз шуда, гӯшаи осорхонаеро шабеҳ аст.

Ӯ зимни суҳбат изҳори нигаронӣ намуд, ки бисёриҳо дар бораи ҳунари шоириву ҳофизии падараш тасаввурот надоранд ва эпоси «Гӯрғулӣ»-ро, ки моли арзишманди фарҳанги халқи тоҷик аст, ба бегонагон нисбат медиҳанд.

Аваз дар идома гуфт, ки бузургони мо, ба мисли Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Боқӣ Раҳимзода ва дигар ашхоси шинохтаи адабу сиёсат ба падараш  эҳтироми зиёд доштанд ва ҳунарашро арҷгузорӣ менамуданд. Мавсуф аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев барои зинда гардонидани ин навъи санъат ва номи падараш арзи сипос намуд.

Ду сол муқаддам -15 ноябри соли 2012 дар толори  Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  даъвати чорум  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. Дар ин иҷлосия мутобиқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе кӯчаи Железняки ноҳияи Сино ба номи Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон Ҳикмат Ризо гузошта шуд.

Таваҷҷуҳи Бобоҷон Ғафуров ба «Гомери Шарқ»

Соли 1949 Ҳикмат Ризо бо таклифи Бобоҷон Ғафуров дар ҳайати вакилони Даҳаи адабиёти тоҷик дар Москва иштирок карда, аз «Гӯрғулӣ» порчаҳо хонд. Иштирок дар ин маъракаи маданӣ доираи ҷаҳонбинии гӯрғулихони машҳурро боз ҳам васеъ кард. Ин буд, ки соли 1950 нахустин маҷмӯаи шеъру достонҳои ӯ таҳти унвони «Суруди Ватан» бо сарсухани адабиётшинос Абдулғанӣ Мирзоев аз чоп баромад.

Соли 1960 Бобоҷон Ғафуров чун Президенти Конгресси XXV шарқшиносони ҷаҳон Ҳикмат Ризоро ба Форуми байналмилалии ховаршиносон, ки дар Москва баргузор гардида буд, даъват намуд, то аз «Гӯрғулӣ» порчаҳо сарояд. Вай аз достони халқӣ бандҳои ҷудогонаро месарояд, вакилон садои аҷиби ӯро бо мамнуният ва майлу рағбати зиёде мешунаванд ва ба маҳорати сарояндагиаш баҳои баланд медиҳанд. Муҳлати баромади мавсуф даҳ дақиқа буд ва онро бояд қатъӣ риоя мекард, лекин намояндагони 97 кишвари олам-шарқшиносон илтимос карданд, ки боз хонад. Бобоҷон Ғафуров, ки дар қатори пеш буд, ишора кард, ки идома диҳад ва «луқма» патофт: «Маст шав, акаи Ҳикмат!». Баъди ин Ҳикмат Ризо расо якуним соат порчаҳоро аз «Гӯрғулӣ» хонд.

Шарқшиноси машҳури Эрон С.Нафисӣ, ки дар ин Форум ширкат дошт, аз номи олимон ба гӯрғулисарои машҳури тоҷик миннатдорӣ баён намуд.

Аз қобилияти фавқулодаи гӯрғулисарои тоҷик як зумра журналистони франсуз ба тааҷҷуб омада, вайро чун «Гомери Шарқ» эътироф карданд. Аз муваффақияти ҳамдиёраш Бобоҷон Ғафуров даҳчанд шод гардида буд.

Вазорати маданияти РСС Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба эпоси «Гӯрғулӣ» шавқу рағбати калон доштани сокинони ҷумҳурӣ ва дар тарбияи маънавию эстетикии маҳнаткашон аҳамияти калон доштани онро ба назар гирифта, Конкурс-азназаргузаронии ҷумҳуриявии гӯрғулигӯёнро ташкил карданд.

Ин конкурс-азназаргузаронӣ аз 15 то 19-уми декабри соли 1969 дар Душанбе баргузор гардида буд. Дипломи дараҷаи якум ва мукофотҳои қиматбаҳо ба гӯрғулигӯёни забардасти ҷумҳурӣ Ҳикмат Ризо ва Ҳақназар Кабуд дода шуд. Бобоҷон Ғафуров аз ин ташаббуси Вазорати маданият ва Институти забон ва адабиёти АИ РСС Тоҷикистон дар хусуси конкурс-азназаргузаронии гӯрғулигӯён воқиф шуда, унвони Меҳрубон Назаров ва Раҷаб Амонов чун арзи миннатдорӣ ва дастгирӣ мактуб фиристода, онро ғамхории беназири Ҳукумат бобати ҳифз ва тарғиби эҷодиёти халқ арзёбӣ кард.

Журналист Мақсудҷон Ҳусейнов дар мақолаи «Посдори ганҷи ҳикмат» (рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», 13 октябри соли 1986) саҳми Бобоҷон Ғафуровро дар тарғиби Ҳикмат Ризо нишон дода, дар охир бо сӯзу гудоз зикр мекунад, ки солҳои охир нисбати гӯрғулисароён кам диққат дода мешавад: «Оё мумкин нест, ки дар асоси достонҳои «Гӯрғулӣ» филме ба навор гиранд ё ба шарафи қаҳрамони «Гӯрғулӣ» муҷассамае гузоранд?» — бо чунин савол муроҷиат кардааст муаллиф. «Чунончӣ, -мегӯяд ӯ, -дар пойтахти ҷумҳурии ҳамсоя – Қирғизистон –шаҳри Фрунзе (ҳоло Бишкек) ба шарафи қаҳрамонҳои эпоси «Манас» силсилаи ҳайкалҳо бунёд намудаанд».

Бо тавсияи Бобоҷон Ғафуров нашри русӣ-тоҷикии эпоси халқи тоҷик «Гӯрғулӣ» тайёр карда шуд, ки он соли 1987 дар нашриёти «Адабиёти Шарқ» аз чоп баромад. Нашри мукаммали «Гӯрғулӣ» бо мақолаи муқаддимавии адабиётшиноси маъруф, узви вобастаи АИ РСС Тоҷикистон И.С.Брагинский оғоз шудааст.

Васият ба шогирд

Ҳикмат Ризо тӯли умри худ беш аз 100 шогирд тарбия кард, ки алҳол дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва берун аз он мактаби гӯрғулисароии ӯро идома медиҳанд.

Соли 1989 драматург Сафармуҳаммад Айюбӣ аз рӯи қиссаҳои Ҳикмат Ризо драмаи манзуми «Заволи Ҷамбули Мастон»-ро иншо кард, ки соли 1991 Арбоби ҳунари Тоҷикистон Мирзоватан Миров дар Театри мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ва соли 1997 режиссёри  болаёқат Давлат Убайдуллоев дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов рӯи саҳна оварданд, ки он дар Озмуни театрҳои касбии Тоҷикистон «Парасту» соҳиби Шоҳҷоиза  гардид.

Азизбек Зиёев — фарзанди Зиё Ризоев бародари Ҳикмат Ризо иброз дошт, ки мактаби гӯрғулисароии устодаш буд, ки ӯ то ба имрӯз ин маҳорати гӯяндагиро  идома медиҳад.

А.Зиёев афзуд, ки мухлисони Ҳикмат Ризо беҳад зиёд буданд ва омада аз хонааш ӯро ба маъракаҳояшон мебурданд.

-Шодравон як шахси беозор, ботақво ва хеле заҳматпеша буд. Пайваста ба беморону дармондагон ва нодорону муҳтоҷон дасти ёрӣ дароз мекард. Ба молу сарвати дунё таваҷҷуҳ надошт ва ҳасудпарваронро намеписандид, -гуфт номбурда.

Аз забони Ҳикмат Ризо 120 ҳазор мисраъ достони «Гӯрғулӣ» сабт гардидааст ва ин ганҷинаи бебаҳо дар хазинаи Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст.

-Дар охири умраш ба ман васият кард, ки зимни даъват ба тӯю сури мардум чӣ миқдор маблағе, ки мардум барои ҳофизиат аз дил бароварданд, онро қабул намо ва тамаъҷӯии зиёдативу шартгузорӣ макун,-гуфт Азизбек Зиёев.

Ҳикмат Ризо аз ватандороне ба ҳисоб мерафт, ки ҳамеша бо халқ буд ва бо забони омиёнаи мардум месуруд. Маврид ба ёдоварист, ки риштаи ҳаёти Ҳикмат Ризо 3 феврали соли 1990 канда шуд ва моҳи ноябри ҳамон сол ба хотири гиромидошти ин хунёгари мумтоз дар деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод нимпайкараашро гузоштанд.