Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъин намудани Набизода Ф.А.

№15 (4755) 31.01.2024

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Набизода Фаррухиддин Амрудин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№745

Набизода Фаррухиддин Амурдин

9аз 10 апрели соли 2023 дар вазифаи сардори Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон кор мекунад.

 Соли таваллуд  4 апрели соли 1975      Ҷои таваллуд н. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

  Миллат            тоҷик                                   Таҳсилот           олӣ

    соли 1994 Техникуми кооперативи шаҳри Душанбе,

    соли 2006 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро  хатм кардааст

Ихтисос      агрономӣ, олим — агроном

Унвони илмӣ   надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад    русӣ, англисӣ бо луғат

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не           не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не   бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2022, №417 бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

 Вазъи оилавӣ   оиладор

 Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2002-2003

-

ёрдамчии ҷангалбони хоҷагии ҷангали ноҳияи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ
Солҳои 2006-2009

-

агрономи соҳавии Раёсати хоҷагии ба номи Карл Маркси ноҳияи Ҳисор
Солҳои 2009-2012

-

мутахассиси пешбари шӯъбаи зироатҳои техникӣ ва ғаллаи Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2012-2014

-

мутахасиси пешбари Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 23.01.2014

то 03.03.2014

-

 сармутахассиси Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2014-2018

-

сармутахассиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2018-2019-

-

муовини сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2019-2023

-

сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 10.04.2023
то 30 январи соли 2024

сардори Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон