Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Абдуллозода Тағой Маҳкам иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№746
АБДУЛЛОЗОДА Тағой Махкам
аз 2 марти соли 2021 дар мансаби муовини якуми раиси ноҳияи Ёвон кор мекард.
Соли таваллуд 6 августи соли 1976 Ҷои таваллуд ноҳияи Ёвон
Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ
соли 1998 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (рӯзона), соли 2006 Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст
Ихтисос зоотехник, ҳуқуқшинос
Унвони илмӣ надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷ.Балхӣ
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
Вазъи оилавӣ оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1998-2001 | Зотпарвари хоҷагии С.Ҷумаеви ноҳияи Ҷ.Балхӣ |
Солҳои 2001-2002 | Ҷонишини роҳбари хоҷагии С.Ҷумаеви ноҳияи Ҷ.Балхӣ |
Соли 2002 (07-11) | Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси вилоят |
Солҳои 2002-2005 | Сармутахассиси шуъбаи комплекси агросаноатии вилоят |
Солҳои 2005-2012 | Муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят |
Солҳои 2012-2013 | Сардори филиали Муассисаҳои давлатии Трести чарогоҳу мелиоративии минтақаи Бохтар |
Соли 2013 (03-08) | Зоотехники хоҷагии деҳқонии фермерии «Бобои Абдулло» ноҳияи Ҷ.Балхӣ |
Солҳои 2013-2014 | Мутахассиси пешбари хадамоти назорати давлатии зотпарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2014-2015 | Мутахассиси шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон |
Солҳои 2015-2018 | Мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон |
Солҳои 2018-2021 | Муовини якуми раиси ноҳияи Ҷ.Балхӣ |
аз марти соли 2021 то ҳол | Муовини якуми раиси ноҳияи Ёвон |