Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Идизода Зарина Фузайлшо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№748
ИДИЗОДА Зарина Фузайлшо
аз соли 2020 дар мансаби Муовини якуми Раиси ноҳияи Рашт кор мекард.
Соли таваллуд 2 майи соли 1979 Ҷои таваллуд ноҳияи Рашт
Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ
Соли 2000 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро (рӯзона) хатм кардааст.
Ихтисос забон ва адабиёти тоҷик
Унвони илмӣ надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
Вазъи оилавӣ оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 2000-2009- | Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, ноҳияи Рашт |
Солҳои 2009-2013- | Сардори шуъбаи тарбияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт |
Солҳои 2013-2015- | Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт |
Солҳои 2015-2016- | Сармутахассиси Маркази сифати таҳсилоти Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт |
Солҳои 2016-2017- | Мудири кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт |
Солҳои 2017-2019 | Мудири маорифи ноҳияи Рашт |
Солҳои 2019-2020 | Муовини Раиси ноҳияи Рашт |
Солҳои 2020-2022 | Муовини якуми Раиси ноҳияи Рашт |