он бояд сари вақт ба корхонаҳои саноатӣ ва аҳолӣ дастрас шавад
Вобаста ба талаботи рӯз ҷиҳати рушди соҳаҳои саноат ва энергетика ва таъмини аҳолӣ бо гармӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешавад. Имрӯз талаботи корхонаҳои соҳа ва аҳолӣ ба маводи сӯхт, бахусус ангишт, зиёд шудааст. Бинобар ин, истифодаи васеи захираи конҳои ангишти мамлакат ва афзоиши истеҳсоли ин маводи сӯхт тақозои замон аст. Хоса дар мавсими тирамоҳу зимистон талабот ба ангишт хеле зиёд мешавад. Дар робита ба ин масъала хабарнигорамон бо чанд савол ба сардори Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Абдураҳимов муроҷиат намуд.
- Корхонаҳои соҳа ба мавсими тирамоҳу зимистон чӣ гуна омодагӣ мегиранд?
-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаҳо ва суҳбату мулоқот бо роҳбарони вазорату идораҳо мунтазам зарурати омодагии ҷиддӣ ба давраи тирамоҳу зимистонро таъкид менамоянд. Дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Сардори давлат чунин иброз доштанд: «Ташкили корхонаҳои нави истеҳсоли семент ва дигар масолеҳи сохтмон, марказҳои барқу гармидиҳӣ ва рӯз то рӯз зиёд шудани корхонаҳое, ки ангиштро ҳамчун сӯзишворӣ истифода мебаранд, зарурати дучанд зиёд кардани истеҳсоли ангиштро ба миён меорад».
Барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати зиёд намудани истихроҷи ангишт ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешидааст. Дар натиҷаи саъю талош ва андешидани тадбирҳои муассир 15 сентябри соли ҷорӣ корхонаҳои соҳаи ангишт истихроҷи ин маводи сӯхтро ба 520 ҳазор тонна расониданд, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 212 ҳазор тонна зиёд мебошад. Бояд тазаккур дод, ки 82 фоизи ангиштро корхонаҳои давлатӣ истихроҷ кардаанд. Айни замон истихроҷи шабонарӯзии ангишт ба 3500-7000 тонна расонида шудааст, ки талаботи аҳолӣ, муассисаҳои буҷетӣ ва корхонаҳои саноатию энергетикиро пурра қонеъ карда метавонад.
- Ба мушоҳида мерасад, ки аз хориҷи ҷумҳурӣ низ ангишт ворид мешавад. Оё захираҳои ангишти мамлакат барои эҳтиёҷоти корхонаҳо ва аҳолӣ кофӣ нест?
- Айни замон дар 14 кони ангишти ҷумҳурӣ 18 корхона ба истихроҷи ангишт ва гузаронидани корҳои иктишофӣ-геологӣ машғуланд.
Бо вуҷуди он ки захираи ангишт дар анбор ва нуқтаҳои фурӯши дохили кишварамон хеле зиёд аст, дар бозорҳои кишвар ангишти аз Ҷумҳурии Қирғизистон воридшударо низ пайдо кардан мумкин аст. Воридоти ангишт аз ин кишвари ҳамсоя ба ноҳияҳои дурдасте, ки интиқоли ангишти дохилӣ то он ҷо хеле гарон меафтад, бадӣ надорад. Бо дарназардошти ҳамасола зиёд шудани истихроҷи ангишт ва захира гардидани он воридоташ сол то сол кам гардидааст. Аз ҷумла то имрӯз воридот 2500 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 2300 тонна кам мебошад. Нархи миёнаи як тонна ангишти воридгардида 80-110 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нархи як тонна ангишти дар конҳои тарзи кушода истихроҷгардида 2-2,5 маротиба зиёд мебошад.
-Тавре маълум аст, вақтҳои охир, бо дарназардошти норасоии маводи сӯхт (махсусан гази табиӣ), корхонаҳои саноатӣ фаъолияташонро бо истифодаи ангишт ба роҳ мондаанд. Оё талаботи ин корхонаҳо бо ангишт қонеъ гардонида шудааст?
- Мехоҳам тазаккур диҳам, ки алҳол зиёда аз 165 адад корхонаҳои саноатию энергетикӣ ба истифодаи ангишт гузаронида шудааст. Бо дарназардошти бо иқтидорҳои нав ба кор даровардани корхонаҳои сементбарорӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, ноҳияи Ёвон ва Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» талабот ба ангишт беш аз як миллион тоннаро ташкил медиҳад. Сарфи назар аз он ки истихроҷи ангишт сол то сол афзоиш ёфта бошад ҳам, лекин имконоти молиявӣ ва техникии корхонаҳои соҳаи ангишт имконияти пурра таъмин намудани талаботи истифодабарандагони ангиштро надошта, бинобар нарасидани техникаҳои махсуси карерӣ ва боркаш технологияи коркарди конҳо, тибқи тартиби муқарраргардида, риоя намешавад.
Фурӯши ангишт то имрӯз 498,7 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ин нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 230 ҳазор тонна зиёд аст. Зиёд гардидани фурӯши ангишт асосан аз ҳисоби корхонаҳои саноатию энергетикӣ ба вуҷуд омадааст, ки 83,7 фоизи фурӯшро ташкил медиҳад.Барои мисол, ба Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2»- 130 ҳазор тонна ва КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» — 45 ҳазор тонна ангишт кашонида, захира карда шуд.
-Таъмини аҳолӣ бо ангишт чӣ гуна ба роҳ монда шудааст ва дар мавриди истихроҷу фурӯши ин маводи сӯхт кадом мушкилот мавҷуданд?
- Мувофиқи маълумоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дар кишвар 1328 адад нуқтаҳои фурӯши ангишт, аз ҷумла дар ВМКБ -70 адад, вилоятҳои Суғд-702 адад, Хатлон-340 адад, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе -216 адад фаъолият дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар нуқтаҳои фурӯш ҳаҷми пешбинишудаи ангишт захира нагардидааст. Таъмини талаботи аҳолӣ бо ангишт, барасмиятдарории нуқтаҳои фурӯши ангишт, захира ва назорати фурӯши ангишт ба ваколати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» вогузор шудааст. Бинобар ин, лозим аст, ки масъалаи захираи ангишт ва нархи фурӯши он мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Бо мақсади сари вақт таъмин намудани аҳолӣ ва муассисаҳои буҷетӣ бо ангишт, инчунин, бо дарназардошти хусусияти мавсимӣ доштани истихроҷи ангишт дар конҳо, вазорат моҳҳои феврал ва августи соли ҷорӣ ба унвони раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот», вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои азими саноатӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ мактуб ирсол намудааст. Мувофиқи маълумоти расмии вазорату идораҳои дахлдор талаботи муассисаҳои буҷетӣ 46200 тоннаро ташкил дода, ба санаи 12 сентябри соли ҷорӣ 34400 тонна ангишт захира шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки харидории ангишт аз тарафи муассисаҳои маориф ва тандурустӣ нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида кам гардидааст. Масъулин сабаби мазкурро дар сари вақт ҷудо нагардидани маблағҳои буҷетӣ арзёбӣ менамоянд.
Аз тарафи Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо корхонаҳои соҳа шартнома барои харидорӣ намудани 30190 тонна ангишт ба имзо расида, то санаи 10 сентябр 18879 тонна ангишт кашонида шудааст. Айни замон 1057 адад нуқтаҳои фурӯши ангишт бо захираи 4610 тонна фъолият доранд.
Захираи ангишти хушсифат то имрӯз дар анборҳои корхонаҳои соҳа, бо дарназардошти бақияи соли сипаригардида, зиёда аз 80 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Корхонаҳои соҳаи ангишт омодаанд иловатан 20-25 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намоянд. Бинобар ин, сохторҳои марбутаро лозим аст, ки бо дарназардошти мавсимӣ будани конҳои ангишт, ҳаҷми кашонидани ангиштро аз ҳозир зиёд намуда, сари вақт пешпардохт намудани маблағҳоро барои харидорӣ намудани ангишт таъмин намоянд.
Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»