Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода зимни нишасти матбуотӣ 29-уми январ иброз намуд, ки соли 2023 даҳ ихтисоси муҳиму зарурӣ барои иҷтимоиёту иқтисодиёти кишвар — кори табобатӣ, тиббию ташхисӣ, дорусозӣ, математика, физика, кимиё, биология, молия ва қарз, муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқшиносӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, ба муҳлатҳои муайян сертификати байналмилалиро соҳиб шуданд.
Ҳамчунин, соли сипаригардида дар донишгоҳ ихтисосҳои бизнес-маъмуриятчигӣ, электроникаи тиббӣ, биохимияи тиббӣ, химия-биология, фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, фаъолияти судӣ-прокурорӣ-муфаттишӣ, забони хориҷӣ (бо нишон додани забон) ва педиатрия таъсис ёфта, ба нақшаи қабул дар соли таҳсили 2024-2025 ворид карда шуданд.
- Тасдиқ шудани намунаи ягонаи дипломи таҳсилоти олии касбӣ барои хатмкунандагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дастоварди муҳим маҳсуб ёфта, дар самти ба расмият даровардани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ иқдоми аввалин дар кишвар мебошад, — афзуд ректор ва дар идома иброз дошт, ки ифтитоҳи телевизиони таълимии ДМТ дар пояи факултети журналистика низ аз рӯйдодҳои муҳими соли гузашта буд.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»