Таҷлили ҷашни Сада дар Айнию Истаравшан

№ 31.01.2024

26-уми январ дар маркази ноҳияи Айнӣ ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардид.

Роҳбарияти ноҳия ҳозиринро бахшида ба ин рӯзи хотирмон табрику таҳният гуфта, изҳор намуд, ки «ҷашни Сада яке аз анъанаҳои неки ниёгон дар радифи ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон буда, ки  он чун рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Дар гузашта ва имрӯз мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил менамуданд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Аз ин ҷашни бостонӣ то ба имрӯз як силсила расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангию адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд медиҳад».

Дар зимн, иштирокдорон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва хоҷагии ҷангали ноҳия ба маъраз гузошта шуда буд, дидан намуд.
Дар идомаи чорабинӣ барои дар сатҳи хуб ташкил намудани намоиши ҳунарҳои мардумӣ як қатор фаъолон бо «Сипоснома» қадрдонӣ шуданд.

***

Чунин чорабинӣ 27-уми январ дар ҷамоати деҳоти «Қалъачаи калон»-и шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода баргузор гардид.

Зимни баргузорӣ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, навъҳои тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ ва маҳсули меҳнати дастии донишҷӯён ба маърази тамошо гузошта шуд.

Роҳбарияти шаҳр дар суханронӣ сокинонро бо фарорасии ҷашни Сада шодбош гуфта, баргузории чунин ҷашнҳои бошукӯҳро нишонаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинони шарафманд аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуд: «Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст».

Комрони АСЛОН,

 «Садои мардум»