Таҷлили ҷашн ва қадршиносии арзандаҳо

№ 31.01.2024

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба ҷашни Сада чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо афрӯхтани гулхан ҳамчун рамзи ҷашни Сада оғоз шуд. Сипас, иштирокчиён аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ, гиёҳҳои шифобахш, рустаниҳои ҳамешасабзу ороишӣ, техникаҳои кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд.

Раиси вилоят аз эҳёи анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии тоҷикон, хоса ҷашни Сада дар замони Истиқлолияти давлатӣ изҳори хушнудӣ намуда, аз ҷумла гуфт, ки кишоварзон Садаро рамзи фаровонию серҳосилӣ медонанд ва барои фаровонию серҳосилӣ зиёд заҳмат мекашанд. Соли 2023 дар ҳама шаклҳои хоҷагидории вилоят истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 35 млрд. 326 млн. 251,2 ҳазор сомониро  ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2022  зиёд мебошад.

 - Соли 2023 дар вилоят 1 миллиону 86 ҳазор тонна ғалладона, 229 ҳазор тонна пахта, 227 ҳазор тонна картошка, 1 миллиону 800 ҳазор тонна сабзавот, 764 ҳазор тонна полезӣ, 276 ҳазор тонна мевагӣ, 92,6 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардид. Афзоиш аз 1,2 фоизи соли 2022 ба 16,8 фоиз  баробар шуд,- иброз дошт  Давлаталӣ Саид.

Раиси вилоят барои саҳми арзанда дар рушди кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ғанӣ намудани хони мардум, истифодаи дурусти замин ба деҳқонону кишоварзони вилояти Хатлон миннатдорӣ намуда,  як гурӯҳ заҳматкашону фаъолони вилоятро бо сипоснома ва туҳфа қадрдонӣ кард.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»