Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид.
Зимни суханронӣ раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода иброз дошт, ки Паёми Президенти кишвар барои кулли сокинони мамлакат ҳуҷҷати муҳим ба шумор рафта, он дар баробари таҳлил ва баррасии фаъолияти соҳаҳои гуногун дар соли сипаригардида, инчунин, нақшаҳои амал барои рушди фаъолияти минбаъдаи соҳаҳои гуногуни мамлакатро дар бар мегирад.
- Мардуми шарафманди тоҷик бо амалӣ намудани нуктаҳои Паём ба комёбиҳои нав ноил мегардад ва дар соҳаҳои иқтисодиёту саноат, маорифу тандурустӣ ва илму фарҳанги мамлакат пешравиҳои назаррас рӯи кор меоянд. Ҳамчунин, ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан баҳри рушди саноати ватанӣ ва беҳзистии мардуми кишварамон қадамҳои устувор гузошта мешаванд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кор қарор дода, якдилона ба созандаю бунёдкорӣ иқдом намоем, — афзуд раиси ноҳия.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»