«Санҷиши қонунӣ ва асоснок будани санадҳои судие, ки судҳои поёнӣ қабул кардаанд, аз тарафи суди болоӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Тартиби бартараф намудани вайронкунии қонунро, ки дар ҷараёни санҷиш муайян карда шудааст, қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд».
Моддаи 96-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 26 июли соли 2014 № 1084)
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегардад. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини шаффофияти фаъолияти тамоми рукнҳои давлатӣ чораҷӯйиҳо менамояд. Фароҳамоварии шароит барои гирифтани иттилоот дар бораи фаъолияти мақомот, пеш аз ҳама, имконият медиҳад, ки аз ҷониби шахсони мансабдору хизматчиёни давлатӣ амалигардонии вазифаҳои хизматӣ мавриди назорату баҳогузории шаҳрвандон қарор гирифта, дар ниҳоят барои самаранокии фаъолияти онҳо мусоидат намояд.
Бо мақсади тавассути воситаҳои ахбори омма мунтазам пайдо намудани иттилоот оид ба фаъолияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва шаффофияти фаъолияти ин мақомот доир ба риояи ҳуқуқи шаҳрвандоне, ки бо арзу шикоят ба онҳо муроҷиат намудаанд, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005 таҳти №АП 1677 роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шудаанд, ки ҳар семоҳа бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор намоянд (тибқи тағйирот аз 17 августи соли 2011 таҳти №10/34.1-01 нишастҳои матбуотӣ акнун дар ҳар шаш моҳ як маротиба дар назар дошта шудааст).
Ин санадҳои ҳуқуқӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар шароити имрӯза барои ҳар як фард воқеан имконият фароҳам оварда шудааст, ки фикру ақидаашро озодона баён намуда, доир ба масоили қобили диққаташ бо тартиби муқаррарнамудаи қонун маълумот пайдо намояд ва онро тариқи шифоҳӣ, хаттӣ, тавассути матбуот ё шаклҳои дигар истифода барад.
Масъалаи дастрасӣ ба иттилоот дар мақомоти судӣ хусусиятҳои ба худ хос дорад ва ба шахсони манфиатдор барои дастрас намудани маълумоти дақиқу возеҳ доир ба фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ (маълумотҳои умумӣ) монеае вуҷуд надорад.
Дар баробари ин, барои дастрас намудани иттилооти алоҳида вобаста ба баррасии парвандаҳои судӣ қонунгузории мурофиавӣ баъзе маҳдудиятҳоро муқаррар намудааст. Аз ҷумла дастрас кардани нусхаи қарорҳои судиро ба шахсони иштирокчии мурофиа иҷозат дода, ҳуқуқи шахсоне, ки нисбати санадҳои судӣ шикоят ё эътироз пешниҳод мекунанд, дар қонуни мурофиавӣ номбар карда шудааст. Ҳамзамон ҳуқуқи шинос шудан бо маводҳои парванда, пешниҳоди далелҳо вобаста ба баҳс низ ба тарафҳо мансуб аст, вале таҳлилу баҳодиҳӣ ба далелҳои парванда ҳуқуқи суд мебошад.
Мавриди зикр аст, ки нақши воситаҳои ахбори омма ҷиҳати дастраси шаҳрвандон гардонидани иттилоот доир ба ҳаёти ҳаррӯзаи мамлакат, фаъолияти мақомоти давлативу ғайридавлатӣ хеле назаррас аст. Табиист, ки ин ё он маълумоти пешниҳодшуда ин ё он нафареро қаноатманд намегардонад ва норозигии ӯро ба миён меоварад.
Дар ҷомеаи демократӣ ин падида муқаррарист. Фарди норизо метавонад бобати ҳифзи ҳуқуқҳои вайроншудааш ба суд муроҷиат кунад. Мутобиқи меъёрҳои кодексҳои мурофиавии гражданиву иқтисодӣ мурофиаи судӣ дар асоси принсипи баробарии тарафҳо ва мубоҳиса сурат мегирад ва суд дар асоси санҷишу таҳлили далелҳои пешниҳоднамудаи шахсони иштирокчии парванда қарори асосноку қонунӣ қабул мекунад.
Моддаи 96-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 26 июли соли 2014 № 1084) чунин муайян намудааст: «Санҷиши қонунӣ ва асоснок будани санадҳои судие, ки судҳои поёнӣ қабул кардаанд, аз тарафи суди болоӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Тартиби бартараф намудани вайронкунии қонунро, ки дар ҷараёни санҷиш муайян карда шудааст, қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд».
Илова бар ин, талаботи қонуни конститутсионии мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» муқаррар намудаанд, ки идораи воситаҳои ахбори омма ва рӯзноманигор ҳуқуқ надорад, ки дар ахбораш натиҷаи мурофиаи судии кори мушаххасро пешакӣ баён кунад ё пеш аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома ё ҳукм ба суд ба тарзи дигар таъсир расонад. Биноан, риояи дақиқи меъёрҳои қонунгузорӣ рисолати ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб рафта, манзур намудани иттилооту маълумоти саҳеҳ ба ҷомеа аз меъёрҳои одоби касбият мебошанд.
Имконияти дигари пайдо намудани маълумот дар бораи фаъолияти соҳа тавассути иштирок дар нишастҳои матбуотӣ ва ё ба воситаи истифода аз сомонаҳои интернетии судҳо сурат мегирад. Инчунин васеъ ба роҳ монда шудани мурофиаҳои сайёри судӣ дастрасӣ ба иттилоотро таъмин менамояд. Масалан, танҳо дар соли 2013 аз 127526 парвандаи судӣ 9092 ададашон дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардидаанд, ки ин шумора нисбати солҳои қаблӣ хеле зиёд аст.
Воситаи дигари дастрас намудани иттилоот роҷеъ ба фаъолияти мақомоти судӣ ширкати бевоситаи шаҳрвандону воситаҳои ахбори омма дар муҳокимаҳои судӣ ба ҳисоб меравад. Моддаи 88 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин кафолат медиҳад: «…Мурофиа дар ҳамаи судҳо ба тарзи ошкоро мегузарад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст».
Бо мақсади амалӣ намудани принсипи мазкур парвандаҳои судӣ дар мурофиаҳои кушод (ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун) баррасӣ гардида, дар онҳо на танҳо барои иштироки шахсони иштирокчии мурофиа, инчунин барои ҳузур доштани ашхоси дигар ва воситаҳои ахбори омма низ шароит фароҳам оварда мешавад. Ҳар як шахси иштирокчии парванда ҳуқуқи шинос шудан бо маводҳои парванда, аз он нусхабардорӣ намуданро доро мебошад. Қарорҳои судӣ дар толор ба таври кушод (ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузор тартиби дигарро пешбинӣ кардааст) эълон карда мешавад. Тартиби истифодаи воситаҳои аксбардорӣ, сабти овозу видео, пахши ҷараёни маҷлиси судӣ тариқи радиову телевизионро қонунгузории мурофиавӣ муайян намудааст. Яке аз масъалаҳое, ки дар таҷриба дучори гуногунфаҳмӣ мегарданд, дар маҷлисҳои пӯшидаи суд баррасии баъзе аз парвандаҳои судӣ мебошад. Қонунгузории мурофиавии амалкунанда ҳолатҳои дар маҷлиси пӯшидаи суд баррасӣ намудани парвандаҳоро пешбинӣ намудааст.
Зимнан боиси зикр аст, ки тибқи дархости тарафҳо, бо мақсади нигоҳ доштани обрӯю эътибори тарафҳо, фош нагардидани маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё худ ҳифзи дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ ва дигар ҳолатҳои вайронкунандаи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, суд ҳуқуқ дорад муҳокимаи парвандаро дар маҷлиси пӯшида таъин намояд.
Бо дарназардошти ин омилҳо вобаста ба фаъолияти амалигардонии адолати судӣ, яъне баррасии парвандаҳои судӣ, дастрас намудани ин ё он маълумоту иттилоот ба ғайр аз риояи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» риояи меъёрҳои қонунгузории мурофиавиро низ тақозо менамояд.
Бобати таъмини дастрасии иттилоот доир ба парвандаҳои баррасишаванда, тибқи Дастурамал оид ба тартиби коргузории судҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дар лавҳаи иттилоотии бинои судҳо маълумот доир ба парвандаҳои баррасишаванда насб карда мешавад, ҳарчанд ки тартиби мазкур ба шароит ва талаботи замони муосиру технологияи иттилоотию коммуникатсионии пешрафта ҷавобгӯй буда наметавонад.
Тӯли солҳои охир барои дастраси ҷомеа будани маълумот доир ба фаъолияти судҳо тадбирҳои зиёд андешида шуда истодаанд. Ҷиҳати иҷрои «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» аз 3 январи соли 2011 бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти судҳо дар баробари сайтҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ дар сомонаи интернетӣ то имрӯз сайтҳои 52 адад судҳо кушода шудаанд.
Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, на дар ҳама судҳо сайтҳо фаъоланд. Ин ҳолат, пеш аз ҳама, бо басти корӣ, омода намудани мутахассисон ва маблағгузорӣ алоқамандӣ дорад. Ғайр аз ин, дар ин раванд гузаронидани тренингу омӯзонидани судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо ба миён меояд ва мақсаднокии ташкили сайтҳо дар ноҳияҳои дурдаст омӯзишро талаб менамояд.
Дар робита ба ин Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаригардида ба ташкилотҳои байналмилалӣ муроҷиат намуда буд. Айни замон дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) бо мақсади сари вақт дастрас гардидани иттилоот ва шаффофгардонии кори судҳо ба шабакаи интернет пайвастани ҳар як судя, бо коркарди Барномаи ягона оид ба низоми коргузории электронӣ дар якчанд судҳо таври намуна (пилотӣ) ба нақша гирифта шудааст. Дар сурати ҷорӣ гаштани механизми мазкур шаҳрвандон метавонанд доир ба фаъолияти судҳо сари вақт маълумоти дилхоҳро дастрас намоянд.
М. ҚАЛАНДАРЗОДА, муовини раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон