Аз нишастҳои матбуотӣ

Роҳи аэронавигатсионии Тоҷикистону Чин ба истифода дода шуд

№16 (4756) 02.02.2024

DSC_7701Соли 2023 аз фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба кишварҳои дигар ширкати ҳавопаймоии ватанӣ — ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва 11 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ парвозҳои мунтазамро иҷро намудаанд.

Дар ин бора директори Агентии авиатсияи гражданӣ Дилшод Сафарзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Бино ба гуфти ӯ, соли сипаришуда ба фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар 12 ҳазору 238 хатсайр аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ анҷом ёфта, тавассути онҳо 3 миллиону 678 ҳазору 500 мусофир интиқол дода шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки КВД «Тоҷик­аэронавигатсия» соли 2023 ба 51 530 ҳавопаймо хизмат расонд, ки нисбат ба соли пеш 11 дарсад зиёд мебошад. Дар ин давра 25971 парвози транзитӣ амалӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 10 дарсад афзоиш ёфтааст.

- Соли 2023 бо мақсади зиёд намудани теъдоди парвозҳои транзитӣ тавассути фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон долони нави ҳавоии FUNSE дар сарҳади кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба истифода супорида шуд. То ин давра байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Чин роҳи ҳавоии аэронавигатсионӣ мавҷуд набуд. Бинобар ин, дар асоси ҳамкориҳои дуҷониба соли гузашта розигии мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Мардумии Чин барои кушодани роҳи ҳавоии аэронавигатсионии POMIR (нуқтаи аэронавигатсионӣ дар дохили Тоҷикистон) — AGVUT (нуқта дар сарҳади Тоҷикистону Чин) гирифта шуд. Барои кушодани роҳи аэронавигатсионии мазкур фармоиши муштараки Вазорати мудофиа ва Агентии авиатсияи гражданӣ ба тасвиб расида, он 28-уми декабри соли 2023 ба истифода дода шуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»