Рӯзномаи «Садои мардум» се сол қабл, дар шумораи №100 (4050) 20.08.2019 матлаберо бо номи «Мушкилоти бистсолаи панҷ оила дар Кӯшониён» ба табъ расонда буд, ки дар он панҷ оила аз надоштани барқу набудани роҳ ва аз таълим дур мондани фарзандон шикоят карда буданд.
Ин оилаҳо шикоят карда буданд, ки соли 1999, дар натиҷаи баланд шудани сатҳи оби дарёи Вахш манзилҳои зисти онҳо дар шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён зери об монд. Бо ваъдаи бунёди инфрасохтори зарурӣ мутасаддиёни ҳамонвақта онҳоро се километр дур аз шаҳрак бо замини наздиҳавлигӣ таъмин карданд. Аммо бо гузашти 23 сол ва бо иваз шудани панҷ раиси вилояту панҷ раиси ноҳия ҳамоно мушкилоти ҷойдошта роҳи ҳал пайдо накардааст.
Аз миёни ин панҷ оила хонаводаи Одинаевҳо низ бо умеди беҳ шудани шароити зист ба сар мебаранд. Маҳмадалӣ Одинаев, фарзанди ин хонадон, иброз дошт, ки ба ниҳодҳои дахлдор перомуни ин масъала расман муроҷиат кардааст.
- Чандин маротиба гурӯҳҳои корӣ омада, вазъияти зиндагии моро диданд. Ваъда доданд, ки дар зудтарин фурсат ин мушкилот ҳал мешавад. Лекин ваъдаҳои онҳо кай амалӣ мешаванд, номаълум, — бо таассуф зикр кард М. Одинаев.
Номбурда ҳамчун омӯзгори ҷавон барои ҷудо намудани қитъаи замин дар ягон мавзеи наздики деҳа ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат кардааст, аммо муроҷиатҳои бешумори ӯ натиҷа надод.
Раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода дар чанд нишасти матбуотӣ ваъда кард, ки мушкилоти ин оилаҳоро бартараф мекунад. Боре гуфта буд, ки ба ин мавзеъ хати барқ кашида мешаваду роҳи он сангфарш мегардад. Дафъаи дигар ваъда дод, ки ин оилаҳоро ба дигар мавзеъ, ки дорои инфрасохтори зарурист, мекӯчонад. Собиқ раиси вилояти Хатлон низ дар нишасти матбуотӣ (моҳи августи соли 2022) ваъда дода буд, ки то фарорасии зимистони ҳамон сол мушкилоти ин оилаҳоро ҳал менамояд. Аз супориши раиси нави вилояти Хатлон низ, ки дар нишасти матбуотӣ (15 августи соли 2023) ба масъулон дода буд, қариб шаш моҳ сипарӣ шуд.
Дар он мавзеъ, ки ба ин панҷ оила замин ҷудо гардидааст, имкони ба дигар оилаҳо ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ вуҷуд дорад. Агар ба 15-20 оилаи дигар замин ҷудо гардад, дар якҷоягӣ онҳо метавонанд мушкилоти мавҷударо бартараф намоянд. Ин кор амалӣ гардад, деҳаи нав бунёд ва марҳила ба марҳила дигар камбудиҳо, аз қабили набудани мактабу бунгоҳи тиббӣ, бартараф мешаванд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»