2542,2 гектар ҷангал бунёду барқарор гардид

№17 (4757) 05.02.2024

DSC_7877Соли 2023 дар 2542,4 гектар ҷангалзор бунёду барқарор карда шуд. Дар ин бора директори Агентии хоҷагии ҷангал Абдуҷаббор Юсуфзода якуми феврал дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Бино ба гуфти ӯ, дар ин давра аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои агентӣ 11 ҳазору 502 килограм тухмии дарахту буттаҳо ҷамъоварӣ шудааст, ки барои ниҳолпарварӣ истифода мешавад.

Доир ба пешгирии қонунвайронкунӣ номбурда зикр кард, ки соли сипаришуда аз тарафи кормандони ҳифзи давлатии ҷангал, бинобар вайрон кардани талаботи қонунгузории соҳа нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон санад тартиб дода шуда, 742,1 ҳазор сомонӣ зарар муайян карда шудааст. Аз ин маблағ 708,2 ҳазор сомонӣ барқарор шудааст. Ҳамчунин, 1034 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 273,7 ҳазор сомонӣ тартиб дода, 241,7 ҳазор сомонии он ситонида шудааст.

Иттилоъ гирифтем, ки бо мақсади ба танзим даровардани шикори ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон, инчунин, пешгирӣ намудани шикори ғайриқонунӣ мавсими шикори тирамоҳӣ-зимистонии ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ аз 1-уми сентябри соли 2023 то 25-уми январи соли 2024 муайян ва додани роҳхат ва пардохти маблағи онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба роҳ монда шудааст. Соли 2023–юм 432 роҳхати шикор ба маблағи умумии 103797 сомонӣ дода шудааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»