1-уми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа иброз намуд, ки дар мамлакат бо назардошти неругоҳҳои барқи обии хурд истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ 21,7 миллиарду 861,3 миллион кВт. соатро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ ба 943,2 ҳазор гигакалория баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба дурномаи солона 285,7 ҳазор Гкал ё 23,2 фоиз ва нисбат ба соли 2022 бошад, 200,2 ҳазор Гкал ё 17,5 фоиз кам мебошад. Ҳамзамон, ҷамъоварии умумии ҳаққи истифодаи неруи барқ аз бозори дохилӣ бо назардошти 504,8 миллион сомонӣ ҳисоббаробаркуниҳои қарзҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва муассисаҳои буҷетӣ 95,7 фоиз ё 4 миллиарду 143 миллион сомониро ташкил дод.
- Дар давраи ҳисоботӣ, аслан корҳо дар доираи 11 лоиҳаи давлатии сармоягузории соҳаи энергетика, аз ҷумла лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Сарбанд», лоиҳаи «Ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ», «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум», «Лоиҳаи минтақавии хатти интиқоли барқи «CASA — 1000», «Марҳилаи якуми таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак», «Барномаи солимгардонии вазъи молиявии ширкати энергетикӣ» ва ғайра идома ёфта, дар доираи онҳо 1 миллиарду 431 миллион доллари ИМА маблағ ҷалб карда шуд, — зикр кард Далер Ҷумъа.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»