Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода зимни нишасти матбуотӣ 1-уми феврал иброз намуд, ки дар мавсими ниҳолшинонӣ ва сабзу хуррамгардонии тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар ҷумҳурӣ 1 миллиону 722 ҳазору 190 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу мевадиҳанда ва сояафкану ороишӣ шинонда шуд.
Инчунин, бо мақсади ободу зебо гардондани кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 20 миллиону 53 ҳазору 815 бех гулу буттаҳои рангоранг шинонда шуда, 269 ҳазору 262 метри мураббаъ ба майсазор табдил гардид.
- Ҳоло дар мамлакат 80 партовгоҳи расмӣ мавҷуд аст, ки майдони умумиашон 370 гектарро ташкил медиҳад. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ 1878 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» ва 1435 маротиба аксияи «Тозагии шоҳроҳ» баргузор гардида, партовҳои ҷамъшуда ба партовгоҳҳои расмӣ интиқол дода шуданд,- зикр намуд Баҳодур Шерализода.
Соли гузашта бо ташаббуси кумита дар шаҳри Душанбе маркази минтақавӣ оид ба идоракунии партовҳо таъсис дода шуд. Фаъолияти он ба ҳамоҳангсозии давлатҳои минтақа барои коҳиш додани таъсири манфии партовҳо ба муҳити зист, гузариш ба «иқтисодиёти сабз» ва тақвияти ҳамкориҳо барои ҷалби маблағгузорӣ аз тарафи донорҳо ва шарикони рушд равона шудааст.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»