Ярмарка баргузор гардид
ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Бо ибтикори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар гулгашти назди Маркази хизматрасонии «Садбарг»-и пойтахт ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид. Дар ярмарка намояндагони 26 ташкилоту муассиса ва корхонаҳои дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта ҷойҳои холии кориро пешкаши корҷӯён намуданд. Бино ба гуфти масъулин, 1290 ҷойи корӣ, аз ҷумла барои занон 640 ҷой бо музди меҳнати 660 сомонӣ барои як моҳ пешниҳод гардид. Корхонаву муассисаҳо соли равон 13 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузарониданд, ки дар натиҷа 491 нафар корҷӯён бо кор таъмин ва 148 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.
Натиҷаҳо назаррасанд
ВАҲДАТ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») ҶДММ «Наврӯз» — и шаҳр аз соли 2009 инҷониб дар соҳаи парандапарварӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Корхона саршумори парандаҳоро аз панҷ ҳазори соли аввали фаъолияташ имрӯз ба зиёда аз 120 ҳазор расонидааст. Тибқи иттилои мутахассисони корхона, дар як рӯз танҳо аз як мурғхона, ки 15 ҳазор парандаро дорост, бештар аз 13 ҳазор дона тухм ба даст меояд.
Бинои нави «Маслиҳатҳои ҳуқуқӣ»
Ҷ.РАСУЛОВ.(Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Чанде пеш дар маркази ноҳия бинои нави хуштарҳи дуошёнаи «Маслиҳатҳои ҳуқуқӣ» ба истифода дода шуд.Он ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ қомат афрохтааст ва дорои 12 ҳуҷраи корӣ мебошад. Бино ба гуфти адвокати ваколатдори ноҳия Маматшо Имомов, ба ин васила 12 нафар ҳуқуқшиносон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Акнун онҳо ба аҳолӣ маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва таъмини волоияти қонун дар ноҳия хизмат хоҳанд кард.
Соҳиби замини наздиҳавлигӣ шуданд
МАСТЧОҲ. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Беш аз 800 нафар сокинони ноҳия тариқи қуръапартоӣ ба гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин мушарраф шуданд. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳангоми супоридани сертификати замин ба ниёзмандон изҳор дошт, ки бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёда аз 2700 нафар сокинони ноҳияи Мастчоҳ 330 гектар замин ҷудо шудааст. Минбаъд низ сокинони ноҳия тариқи қуръапартоӣ соҳиби замини наздиҳавлигӣ мешаванд. Шаҳракеро, ки акнун бунёд мешавад, Меҳробод номгузорӣ карданд.
Бинои нави Маркази дилшиносӣ
ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Кормандони Маркази дилшиносии вилоят соҳиби боз як бинои нави замонавӣ шуданд. Бинои мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳаҷми як миллион сомонӣ бо сифати баланд таъмиру азнавсозӣ шуд. Дар маросими ифтитоҳи бинои нав раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ширкат варзид. Чуноне иттилоъ доданд, бинои мазкур қаблан ҳамчун табобатгоҳи бемориҳои сироятӣ амал мекард ва чанд вақти охир дар ҳолати ногувор қарор дошт. Ҳамзамон Марказ соҳиби мошинаи ёрии таъҷилии замонавӣ гардид, ки тибқи лоиҳа ба воситаи ташкилоти байналмилалии «Go help» аз Британияи Кабир дастрас шудааст.
Муҳоҷирати меҳнатӣ:мушкилот, омилҳо ва дурнамо
РАШТ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт баргузор гардид, ки дар он котибони Шӯрои ҷамъиятӣ, мудирони бахшҳои муҳоҷират ва ташкилотҳои ҷамъиятии ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун иштирок намуданд. Дар ҷаласа мушкилот, омилҳо ва дурнамои муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷумла зикр гардид, ки мушкилоти асосӣ дар ин ҷода сафари ҷавонони бекасб мебошад. Онҳо бе омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Федератсияи Россия, ки дар натиҷа, аксари онҳо бе ҷойи кор мемонанд ё ба корҳои пасту каммузд машғул мешаванд. Надонистани ҳуқуқҳои хеш ва забони русӣ низ аз мушкилоти дигари ҷавонон ба шумор меравад.
Темурмалик симои тоза мегирад
ТЕМУРМАЛИК. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Ба истиқболи 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия иншооти зиёд, аз қабили бинои Нозироти андоз, бинои таълимӣ барои 120 нафар хонанда дар деҳаи Танобчӣ, корхонаи дӯзандагӣ ва чойхона-фароғатгоҳ дар деҳаи Кангурти деҳоти «Кангурт» мавриди истифода қарор дода мешаванд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки тарбиятгирандагони хонаи бачаҳои Танобчӣ то ҳол дар мактаби ҳамшафати № 3 ба таълим фаро гирифта мешуданду. Бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки соли гузашта ба ин муассиса ташриф оварда буд, бинои мазкур бо маблағгузории Дирексияи иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усулу тарҳи меъмории замонавӣ қомат афрохт.
Чорводорӣ рушд меёбад
Носири ХУСРАВ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар деҳоти «Истиқлол» нуқтаи бордоркунии сунъии чорво мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аз ҷониби аҳолӣ хуш пазируфта шуд. Тавре масъулони деҳоти мазкур иттилоъ доданд, сокинони ин мавзеъ баробари кишоварзӣ ба парваришу нигоҳубини чорво низ машғуланд, зеро дар ин ҷо бо сабаби зиёд будани чарогоҳ имкони хуби парвариши чорво мавҷуд аст.
Қиссаи таърихӣ дар бораи Мавлоно Ҷомӣ
ДУШАНБЕ. (Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Ҳикояи таърихии нависанда Маҷид Салим — «Мавлоно Ҷомӣ» ба шакли китобчаи алоҳида ба нашр расид. Он қиссаест дар бораи яке аз лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ – сафари эшон ба водии Ҳисор ва зиёрату мулоқот бо пири маънавияш Мавлоно Яъқуби Чархӣ. Марқади ин орифи бузург алҳол дар деҳоти «Гулистон»-и ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ аст ва ба қавли таърихнигорон, яке аз чанорҳои бузурги масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ дастниҳоли Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад. Муаррифии китоби «Мавлоно Ҷомӣ» ҳамроҳ бо китобҳои «Тилисми морон» ва «Кабки қафас», ки маҳсули эҷоди Маҷид Салим аст, якуми октябри соли ҷорӣ дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар баргузор мегардад.
Тарзи парвариши картошкаи барвақтиро омӯхтанд
Қӯрғонтеппа. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»). Бо ибтикори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавзӯи «Технологияи парвариши картошкаи барвақтӣ» семинари минтақавӣ доир гардид. Дар он мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва деҳқонони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок доштанд. Олимону мутахассисони институти номбурда оид ба истифодаи самарабахши замин, кишт ва парвариши картошкаи барвақтӣ, зиёд кардани истеҳсоли ин зироати серталабот маърӯза хонда, ба саволҳои кишоварзон ҷавоб доданд. Сипас, дар қитъаи таҷрибавии филиали дар шаҳри Қӯрғонтеппабудаи Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон тарзи кишт ва парвариши картошкаи барвақтӣ ба таври амалӣ нишон дода шуд.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Тел: 238.58.91