30 сентябр - Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

Лутфу карами Мавлонои Балхӣ

№113 (3259) 30.09.2014

Боре Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ дар ҳалқаи ҳамсуҳбатонаш бо зикр машғул буд, масте аз кӯча омада, ба ҳалқаи зикри ӯ дохил мешавад. Аммо чӣ кор мекунӣ, ки маст ҳеҷ не бо зокирин бо як оҳанг садо барорад. Илова бар ин, чун барги хазонрезе, ки бар асари шамол ин сӯву он сӯ меғелад, ҳозиринро нороҳат мекард. Оқибат ба рафторҳои маст таҳаммул накарда, ҳозирин хостанд ӯро ба берун бароранд. Аммо маст намехост, ки аз ҳалқаи зикр дур монад ва ба онҳо муқовимат нишон медод. Чунин ҳолат диққати Мавлоноро ҷалб мекунад ва ӯ пурсон мешавад:

-Барои чӣ мағал мекунед?

-Аълоҳазрат, ин шахс маст аст ва аз ҳалқа берун баромадан намехоҳад.

Мавлоно посухе мегардонад, ки ҳамагонро ба андеша савқ медиҳад:

-Маълум мегардад, ки шаробро ӯ нӯшидаасту мастиро шумо мекунед!

Атрофро сукут қарор мегираду сипас ҳама бо як овоз:

«Шаробро ӯ нӯшидаасту мастиро шумо мекунед!»,- гӯён ба зикр кардан медароянд. Ҳазрат суханро давом медиҳанд:

-Афтидаро ҳар кас як по мезананд, як по шумо ҳам назанед!

********

Дар канори роҳи Қуния ду нафар бо ҳам кашмакаш мекарданд. Сипас, яке аз онҳо чунин гуфт:

-Эҳтиёт кун! Ман чунин шахсе ҳастам, ки маро як гӯйӣ, ҳазор ҷавобат медиҳам!

Дар ин асно Ҳазрати Мавлоно аз он роҳ мегузашт. Бо шунидани сухани он шахс ҳамоно наздик шуда, то зери манаҳаш расида, мегӯяд:

-Ман ҳам чунин шахсе ҳастам, ки маро ҳазор гӯйӣ, як ҷавобат ҳам намедиҳам.

Шахсе, ки омода буд барои як сухан ҳазор ҷавоб гӯяд, ба сухани Ҳазрат чизе ҷавоб гуфта наметавонад.

 ********

Яке аз шогирдони Ҷалолиддини Балхӣ, ки оиладор шуда буд, барои зиёраташ меояд. Аз сарулибоси шогирд маълум буд, ки вазъи молияш хуб нест. Мавлоно мехост ба ӯ кӯмак расонад, аммо ҳамзамон дар назди халқ ӯро хиҷолат кардан ҳам дуруст набуд. Вақте шогирдаш аз ҷой хеста рафтанӣ шуд, Мавлоно ба шогирдаш гуфт:

-Усмон, ту қаблан бисёр ҳам шахси мутавозӣ будӣ. Ҳини рафтан, дастамро мебӯсидӣ, сипас мерафтӣ!

Усмон аз рафтораш шарм дошта, назди устодаш рафта, дасташро бӯса мекунад. Дар ин маврид Ҳазрати Мавлоно тангаҳои тиллоиеро, ки қаблан дар кафи дасташ барои кӯмак ба шогирдаш омода сохта буд, пинҳон аз ҳамагон ба дасти шогирдаш дода, кафи дасташро маҳкам медорад. Ва шогирдашро танбеҳ низ мекунад:

-Усмон, ман даст бӯсонданро дӯст медорам. Тез-тез омада исту дастамро бӯса кун, фаҳмо?

Шогирдаш — Усмон бошад, бо як каф тилло аз як сӯ хурсандона барои хонааш бозорӣ мекард, аз сӯи дигар ба нозукият ва зарофати устодаш қоил шуда, оби дида мерехт.

********

Рӯзе Ҳазрат аз бозори шаҳри Қуния мегузаштанд, ки рӯҳонии насронӣ он касро дида, барои изҳори ҳурмат аз ҷой хеста, таъзим мекунад. Ҳазрати Мавлоно низ дар ҷавоб аз рӯҳонӣ бештар таъзим карда, салом медиҳад. Мусалмоне, ки шоҳиди ин ҳолат буд, чунин эътироз мекунад:

-Оё дар назди як рӯҳонии насронӣ ин қадар ба таъзим рафтан аз иззати исломист?

Мавлонои Румӣ ба эътирози он шахс чунин ҷавоб мегӯяд:

-Дар тавозӯъ низ аз рӯҳониёни насронӣ бояд пеш гузашт. Алҳамдулиллоҳ, ки гузаштем.

********

Марде бо роҳи ғайримашруъ як миқдор маблағе ба даст оварда, бо он чорвое барои қурбонӣ кардан мехарад. Баъдан аз кори кардааш пушаймон шуда: «Ҳеҷ набошад чорворо ба ягон даргоҳ бурда, хайр кунам»,- гӯён сӯи даргоҳи Ҳоҷӣ Бектоши Валӣ меравад. Дар он замона даргоҳҳо ҳамчун ошхона барои фақирон хизмат мекарданд. Ҳар кӣ хайре ба мардуми фақир кардан мехост, молашро ҳамон ҷо месупорид.

Мард ба Ҳоҷӣ Бектош дардашро арз карда, чорворо мехоҳад ба даргоҳи ӯ диҳад. Аммо Ҳоҷӣ Бектош: «Барои мо ҳаром аст»,- гуфта, хайри он мардро қабул намекунад. Мард аз ин даргоҳ ноумед шуда, рост сӯи даргоҳи Ҳазрати Мавлоно мераваду дардашро арз мекунад. Ҳазрат хайри ӯро қабул мекунад. Мард аз рафтанаш ба назди Ҳоҷӣ Бектош, вале хайри ӯро: «Бароямон ҳаром аст»,- гуфта, қабул накарданаш ба Мавлоно нақл кард. Пас аз чӣ сабаб аст, ки Мавлоно хайри ӯро қабул кардааст? Мавлоно дар ҷавоб мегӯяд:

-Мо ба зоғе монанд ҳастем, ки ҳар лошаеро ёфт, аз он мехӯрад. Аммо Ҳоҷӣ чун шоҳине аст, ки аз лошахӯрӣ худдорӣ мекунад. Аз ин ҷост, ки ӯ ҳадяи туро қабул накарду мо қабул кардем.

Мард ҷавобро шунида, ба даргоҳи Ҳоҷӣ Бектош баргашта, ҳодиса ва посухи Мавлоноро ба ӯ нақл мекунад. Ҳоҷӣ дар ҷавоби суханҳои Ҳазрати Мавлоно чунин мегӯяд:

-Дили мо ба сони кӯлмак асту дили Мавлоно чун уқёнус. Бо як чакра оби ифлос дили мо фасод шуда метавонад, аммо дили кушоди ӯ ҳаргиз зараре ҳам намебинад. Аз ин ҷост, ки ӯ ҳадяи туро қабул карду мо қабул карда натавонистем.

********

Яке аз тугмаҳои хилъати Ҳазрати Мавлоно, ба канда афтидан наздик буд. Ҳамсараш Гавҳар Хонум хост хилъатро аз танаи Ҳазрат набароварда, тугмаро дар ҷояш бидӯзад. Аммо гуфтаҳои халқро ба ёд оварда, ҳамсарашро чунин мегӯяд:

-Ҷаноб, ҳини дӯхтан ба даҳон хасе гиред, то ки бадбахтие ба сарамон омада нарасад.

Ҳазрати Мавлоно ба ин сухани беасоси халқ ҷавоби зарифе медиҳад:

-Хонум, ту парво накун. Ман ба ҷои хасу хошок ба даҳонам «Қулҳуваллоҳ»-ро гирифтаам. Сураи Ихлос маро аз хас дида беҳтар ҳифз хоҳад кард.

Фароҳамсози саҳифа —  Тиллои Некқадам ва Х. Абдулваҳҳоб