Аз нишастҳои матбуотӣ

«Тоҷиксуғурта» соли 2023-ро бо фоида ҷамъбаст кард

№18 (4758) 07.02.2024

КВД «Тоҷиксуғурта» соли 2023 бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ 547 ҳазору 625 шартномаи суғуртавиро ба маблағи 39 миллиону 459,2 ҳазор сомонӣ ба имзо расонд. Маблағи воридгардида нисбат ба нақша 6 миллиону 162,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» Шуҳрат Мақсудзода 5-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Бино ба гуфти ӯ, аз шумораи умумӣ 19 ҳазору 555 шартнома ба маблағи 3 миллиону 444,2 ҳазор сомонӣ ба шакли ҳатмии суғурта ва 528 ҳазору 70 шартнома ба маблағи 36 миллиону 15 ҳазор сомонӣ ба шакли ихтиёрии суғурта рост меояд. Зикр шуд, ки корхона соли 2023 ба шахсони ҳуқуқию воқеии ба молу амвол ва ҳаёту саломатиашон зараррасида 3 миллиону 97 ҳазору 800 сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ пардохт кард.

- Дар ин давра корхона ба буҷет 8 миллиону 157 ҳазору 800 сомонӣ пардохт намуд, ки нисбат ба соли пеш 894 ҳазору 200 сомонӣ зиёд мебошад. Бо андешидани чораҳои судманд дар самти кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа ва бемаврид, фаъолияти корхона дар соли 2023 бо фоида ба маблағи 4,9 миллион сомонӣ ҷамъбаст шуд. Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ тасдиқ гардида, маблағи суғурта аз тариқи суратҳисоби сохторҳои Вазорати молия дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба суратҳисобҳои корхона ва филиалҳои он ғайринақдӣ ирсол мешавад, — зикр кард Шуҳрат Мақсудзода.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

 «Садои мардум»