Аз нишастҳои матбуотӣ

Нахустин санҷиши мехсутунҳо гузаронда шуд

№18 (4758) 07.02.2024

5-уми феврал дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Раиси кумита Низом Мирзозода зикр кард, ки соли гузашта сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 19 миллиарду 859 миллион сомонӣ истифода шуда, дар ин давра ба масоҳати умумии 1 миллиону 735 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд. Соли 2023 фондҳои асосӣ ба маблағи 5 миллиарду 864 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуда, инчунин, корҳои сохтмонию васлгарӣ 17 миллиарду 958 миллиону 70 ҳазор сомониро ташкил дод. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти кумита таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал мебошад, ки айни замон 65 маркази шаҳру ноҳияи кишвар бо нақшаҳои генералӣ пурра таъмин мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки кумита бо мақсади баҳодиҳии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, рег­ламентҳои техникии сифати технологии корҳои сохтмонӣ, мавод ва маснуоти сохтмонӣ ва дигар санадҳои қонунгузории шаҳрсозӣ дар бино ва иншооти сохташаванда барои таъмини зилзилатобоварии биною иншоот, санҷиши мехсутуну асосҳои бино ва иншоот дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмоишгоҳи махсусгардонидашуда бо таҷҳизоти муосир таъсис дод. 26 декабри соли 2023 нахустин санҷиши мехсутуну асосҳои бинои истиқоматии баландошёна воқеъ дар кӯчаи Нусратулло Махсуми ноҳияи Синои пойтахт гузаронда шуд, ки мақсади асосии санҷиш муайян кардани қобилияти борбардории мехсутунҳо мебошад.

Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,

«Садои мардум»